logo

номаҳо

МУҲАББАТ БА ВАТАН - НИШОНАИ ИМОНДОРӢ

Ҳадафи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” пеш аз ҳама пурзӯр намудани масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд, ба воя расондани насли ҷавон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад. Муҳаммад Ғаззолӣ боҳикматона овардааст: “Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва қалби поки он нафис асту нақшпазир. Ҳар нақше гузошта шавад, чун мушк ба худ мегирад, ба қалби ӯ, ки чун замин пок аст, ҳар тухме бикорӣ, мерӯяд. Гар тухми хайру наку бошад, деҳқонашро ба саодати дину дунё мерасонад ва дар аҷру подошаш мураббӣ шарик бошад. Фарзандро ба ҳолаш гузориву ба қалбаш тухми бадӣ бипошӣ, ҳаргиз умеди некӣ накунӣ”.

Ҳар як тарбиятдиҳандаро зарур аст, ки тарбиятгирандагони худро дар рӯҳияи ифтихор аз Ватан ба камол расонад. Роҳи фардои дурахшони пешрафт ва шукуфоии марзу бумро муайян намуда, ҳамеша дар ҳифзи суботи ин сарзамин саъю талош варзад.
Вақте ки Пайғамбари Худо (с.) аз Макка ба сӯи Мадина ҳиҷрат намуданд, болои кӯҳе баромада, ба сӯи зодгоҳашон назар мекарданду ашк мерехтанд. Худованди бузург ҳазрати Ҷабраил алайҳи саломро фиристонд, то ки сабаби ҷорӣ шудани обҳои дидаро бипурсад. Пайғамбари акрам дар посух гуфтанд, ки ман дар ин ҷо таваллуд ёфтам, ба воя расидам, соҳиби дараҷаи волои ахлоқи ҳамида гаштам. Ман Ватанамро дӯст медорам.
Пайғамбари Худо дар Мадина низ Маккаро ёд мекарданд. Ба ин сабаб Худованд Маккаро қибла   қарор дод ва амр дод ки, рӯятонро ба сӯи Масҷидулҳаром баргардонед. Дар ояти дигар мефармояд: “Ба дурустӣ Он ки таблиғи Қуръонро фарз кард, албатта Шуморо ба сӯи ҷои бозгашт бозгардонанда аст”. Мо - умматони он ҳазрат бояд аз ӯ пайравӣ намоем, Тоҷикистони азизро дӯст дорем, марзу буми онро чун гавҳараки чашм нигаҳбон бошем ва насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбияи намоем. Қуръони Карим мефармояд, ки сулҳ беҳтарин неъмат аст. Ҳамеша сулҳҷӯ бошем ва барои ободии Ватан заҳмат кашем.
Муҳаббат ба Модар – Ватан ва ҳифзи марзу буми он аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бедордилу худогоҳ ба ҳисоб меравад. Танҳо меҳру муҳаббати самимӣ ба Ватан асоси ҳамаи қаҳрамониву фидокориҳо буда метавонад. Имом Муҳаммади Ғаззолӣ фармудаанд: “Падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёни об мусаффотар хоҳад шуд”.
Муҳимтарин хосияти ватандӯстӣ ин аст, ки инсони солимандеша нисбат ба пешрафту мушкилоти Меҳанаш бепарво ва бетараф набояд бошад. Инчунин, масъулияташро дар ин маврид дарк намояд. Танҳо дар ҳамин ҳолат ба доми фиреби хоинони Ватан намеафтад ва барои Меҳани худ ҳамеша фарзанди содиқу вафодор мемонад. Набояд фаромӯш кард, ки тарғиби ватандӯстӣ низ муҳаббат ба Ватану сарзамини хеш аст.
Набихони ЯРҚУЛЗОДА, имомхатиби масҷиди ҷомеи Ҷамоати
деҳоти Шаҳрак, шаҳри Исфара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2019    №: 135    Мутолиа карданд: 4017
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед