logo

туризм

НУРОБОД. ТАШКИЛИ ИНФРАСОХТОРИ САЙЁҲӢ ЗАРУР АСТ

Доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» бо қарори раиси ноҳияи Нуробод аз 3 марти соли 2018, № 69 «Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Нуробод барои солҳои 2018 - 2020» ва шӯрои ноҳиявӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ таҳияву тасдиқ шудааст. Тибқи таҳлилҳо соли 2018 ба ноҳия 731 сайёҳи хориҷӣ ташриф овардааст. Бо мақсади фароҳамсозии  шароити мусоид дар шафати шоҳроҳи байналмилалӣ  катҳои дамгирӣ дар назди чашмаҳо, 3 нуқтаи савдо, 3 ошхона ва дигар иншооти зарурӣ  ба истифода дода шуданд. Инчунин, дар маркази ноҳия  як меҳмонхона омодаи хизмат асту сохтмони дутои дигар дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар даромадгоҳи шаҳраки Дарбанд харитаи сарироҳии маълумотдиҳанда бо забонҳои русию англисӣ бо нишон додани самти роҳҳо ва кӯҳҳои ноҳия насб гардида, барои сайёҳон маълумоти зарурӣ пешниҳод гардидааст.
Яке аз ёдгориҳои қадимаи ноҳияи Нуробод, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ мекашад,  шаҳраки Дарбанд мебошад. Муаррихон таърихи мавҷудияти шаҳракро беш аз 3000 сол муайян намуданд, ки дар гузашта ҳамчун маркази тиҷоратӣ, касбию ҳунармандӣ ва илму фарҳанг маҳсуб меёфт. Дарбанд дарвоза миёни ду водӣ: Рашт ва Дарвоз аст. Шоҳроҳи абрешим аз ин шаҳр мегузашт ва сокинонаш бо дигар минтақаҳо равобити тиҷоратӣ ва иқтисодӣ доштаанд. Олимон дар ин ҷо бозёфтҳои нодир, осори санъату маданияти замонҳои гуногунро пайдо намуда, ба онҳо баҳои илмӣ додаанд. Дар наздикии шаҳраки Дарбанд қалъаест, ки бо номҳои Имлоқ ва Ҷумҳур машҳур буда, нишонаҳояшон исботи қадима будани Дарбанд мебошанд. Ёдгориҳои таърихӣ, яъне қалъаву қаср ва ҳашамати беҳамтояш зери чангу ғубори таърих мондаанд.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳар куҷо шаҳре буда, он аз фарзандони фарзонаи суханвар ва мутафаккирон орӣ набудааст. Дар ҳудуди Дарбанд низ қаламкашон дар асрҳои гуногун зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Аз  ҷумла, Султон Ҳусайн, Ҳакими Чапкар, Домулло Худойдод, Хоҷа Шамсиддин (Имомӣ), Эшони Шоҳӣ ва Шайх Абдулҳайи Муҷихарфӣ,  ки шамъи маърифатро дар ин мазраа фурӯзон нигоҳ доштаанд.
Дар давоми соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин шаҳри таърихӣ аҳамияти махсус зоҳир гардид. Ин шаҳри дар гузашта номдор ба як шаҳраки замонавӣ ва маркази ноҳияи Нуробод табдил ёфт. Дар ин ҷо иншооти хурду бузурги замонавӣ қомат афрохта, рӯз аз рӯз ободу зебо мешавад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар самти ташаккули инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ иқдом гирифта, тибқи нақша дар сомонаи расмии мақомот саҳифаи тарғибии мавзеъҳои сайёҳӣ ташкил гардид. Инчунин, таъсиси равзанаи ягона ва бақайдгирии сайёҳон, таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ, беҳбуди шароити муосири сарироҳии маишию техникӣ, беҳдошти санитарию хизматрасонӣ, ташкили пойгоҳҳои сайёҳӣ (лагерҳои тобистона), рушди инфрасохтори сайёҳии кӯҳӣ ва экологӣ (аз ҷумла, моҳигирӣ, шикор ва заврақронӣ) дар назар дошта шудааст, ки бояд амалӣ гардад. Бовар аст, ки баробари татбиқи ин ва дигар иқдомҳои созанда Нуробод ба мавзеи воқеан тамошобоб табдил меёбад.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2019    №: 135    Мутолиа карданд: 2036
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед