фарҳанг
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ШИНОХТИ МАҚОМИ ИНСОН ДАР АФКОРИ МАВЛОНО
Яке аз рукнҳои муҳими сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арҷгузории шахсиятҳои бузурги адабиву таърихӣ, фарҳангӣ ва миллӣ пайванд мегирад. Хушбахтона, то кунун дар Тоҷикистон ҷашнҳои бузургдошти ҳазораи “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ, 675 - солагии Камоли Хуҷандӣ, 700 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600 - солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 900 - солагии Умари Хайём, 1000 - солагии Носири Хусрав, 800 - солагии Мавлонои Балхӣ, 1100 - солагии Давлати Сомониён, 2700 - солагии китоби "Авасто", 2500 - солагии шаҳри Истаравшан, 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб, 1150 - солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1310 - солагии Имом Абуҳанифа, 150 - солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва дигарон бошукӯҳ таҷлил гардид ва дар назар аст, ки 5500 - солагии Саразми бостонӣ низ дар соли 2020 ҷашн гирифта шавад.
Пешвои миллат дар ҳошияи баргузории ин ҷашнҳо ба унвони ҳодии аҳли таҳқиқ роҷеъ ба донишварону мутафаккирон, суханварону адибон мақолаву асарҳои шоёне ба қалам меоваранд, ки яке аз онҳо китоби “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” ба шумор меравад.
Пешвои миллат дар пешгуфтори китоб, ки унвони рамзии “Бишнав аз най...” - ро гирифтааст, хеле мӯшикофона ба ҷараёни муносибати густардаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба афкор ва андешаҳои оламгири Мавлоно руҷӯъ намуда, бар пояи он сабаб ва омилҳои аслӣ, зарурати таълифи чунин як асари арзишмандро ба таври амиқ ва равшану барҷаста чунин тавзеҳ додаанд: “Бо рушди босуръат ва печидаи ҷомеаи башарӣ, таҳаввулоти навин ва амиқи иҷтимоӣ, афзоиши мушкилот ва зиддиятҳои гуногун, бахусус зарурати таъхирнопазири робита ва ҳамкориҳои созандаи халқҳо, минтақаҳо ва тамаддунҳо, башарият бештару бештар ба Мавлонои мо рӯ хоҳад овард.
Бо назардошти ин нукоти бунёдӣ тасмими нигориши ин китоб гирифта шуд. Ҳадафи аслии мо баррасии усул ва аркони муҳимтарини ганҷинаи андеша, афкор ва ормонҳои Мавлавии бузург дар пайванди ногусастанӣ бо масъалаи муҳимтарини муосир - инсонсозии ҷомеаи башарӣ аз тариқи истифодаи ин мероси абадзинда мебошад. Ин ҳадаф сохтор ва мазмуни китобро муайян намудааст. Ҷусторҳои алоҳидаи китоб дар асл занҷираи ягонаи маънавӣ мебошанд, ки корномаи таърихии Мавлавиро дар партави сарнавишти пурфарозу нишеби башарӣ, қабл аз ҳама сират ва маънавияти инсонӣ, бозгӯ менамояд ва собит месозад, ки Мавлоно ҳамқадаму ҳамнафас ва ҳамрози мост. Ӯ дар асл муршиди бузурги тамоми инсоният аст ва ин рисолати худро солиёни дароз идома хоҳад дод”.
Рисола дар баробари муқаддимаи мухтасару дар ҳаҷми ғунҷоиши ба таъбири худи Мавлоно “баҳр дар кӯза” аз шаш фасл иборат аст, ки ҳар яке самтҳои муайяни пажӯҳиши афкор, андеша ва асрори нубуғи маънавии Мавлоноро фаро мегиранд, ки бо биниш ва дидгоҳе аз зовияи ҷаҳони муосир ва маърифати созгории ин тафаккури олишон ба ниёзҳои ҷомеаи башарӣ нигориш ёфтаанд.
Масъалаи мақом ва ҷойгоҳи инсон, ҷавҳари инсонӣ ва пайванди он ба тамаддун матолиби меҳварии фасли нахустини ин рисоларо ба вуҷуд овардааст, ки тарҳи таҳқиқи ин мавзӯи мубрами фалсафӣ бо такя бар андешаҳои Мавлоно сурат гирифтааст. Мусаллам аст, ки масъалаи мақоми инсон дар густурдаи тамаддуни башарӣ ва авлавияти мавқеи вай дар ҷаҳони омадшуд берун аз ҳама қайду қолабҳо ба унвони яке аз мавзӯоти меҳвари мақолаву нигоштаҳои Пешвои миллат аз оғози фаъолияти эшон ба унвони Сарвари давлат муқаррар шудааст. Ҳанӯз соли 2005 мақолаи Пешвои миллат таҳти унвони “Инсон ва андешаи ҷаҳонсози ӯ” дар матбуоти кишвар ба нашр расида буд, ки меҳвар ва маҳаки онро ҳамин шинохти фалсафаи инсон ва нақшу мақоми ӯ дар қаламрави таърих, андешаҳои ҷаҳонсози инсон ва нақши пуртаъсири он дар ривоҷу пешрафти ҷомеаи кунунӣ ба вуҷуд оварда буд. Дар бахши нахустини китоби “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” низ ҳамин баҳс бисёр муҳим ва муфид идома ёфта, маҷмӯи баррасиҳои илмӣ бар асоси дидгоҳҳои хосаи Мавлонои Балхӣ нисбат ба ҷавҳари инсонӣ ва нақши тамаддунсози ӯ шарҳу тафсир ёфтааст. Аз ин ҷост, ки дар бахши муқаддимотии ин фасл нахуст Пешвои миллат ҳамин андешаро барои мо манзур месозанд: “Инсон меҳвари осори ҷовидонаи Мавлавӣ ва корномаҳои беназири маънавӣ ва ахлоқии ӯст: ҳеҷ мутафаккире дар таърихи башар назарияи сират ва маънавияти инсонро бо чунин ҷаззобият, рангорангӣ, печидагӣ, “фарогирии меъёрҳои кайҳонӣ” ва ҳамзамон, бо чунин умқ ва басирати нотакрор накушода ва роҳи аслии онро боз нанамудааст. Ва ин амр боиси маҳбубияти бесобиқаи осори Мавлоно аст, ки бо гузашти рӯзгор ва афзоиши мушкилоти инсон афзунтар ва амиқтар хоҳад гардид.”
Як нуктаи хеле муҳим ва арзишманде, ки дар робита ба ин масъала дар китоби мавриди назар шарҳу тафсир ёфтааст, масъалаи бозтоби афкори ирфонии Мавлоно дар осори ӯ ва, ҳамзамон, дар ҷараёни таъйини ҷаҳоншиносии ин мутафаккир ва орифи бузург мушаххас намудани ҷанбаҳои аслии таълимоти ирфонии вай боз ҳам дар робита ба шинохти аслу моҳияти инсон ба шумор меравад. Пешвои миллат масъалаи таваҷҷуҳи Мавлоноро ба кашфу шинохти ҳақиқат дар меҳвари баррасиҳо қарор дода, таъкид бар ин матлаб менамоянд: “Вақте ки Мавлоно дар бораи дарёфти ҳақиқат сухан мегӯяд, инсонро ба таҳқиқи олами ботинӣ, сирати маънавии худ водор месозад, зеро ба ақидаи муаллифи ин китоби пурарзиш олами маънӣ ва зуҳуроти маънавӣ дар назди Мавлоно барин намояндагони аҳли ирфон маҳз тавассути таҳқиқи олами ботинии инсон ё ба истилоҳи имрӯза баррасиҳои равоншиносӣ фаҳмида мешавад. Ба ибораи дигар, дарёфти маънавиёт аз диди Мавлоно ва шинохти инсон ё худ худшиносист, ки ҳаргиз нақши ақлро дар маърифат истисно намекунад. Ба ҳамин сабаб, таълимоти ирфонии Мавлоно вижагиҳои хосаи худро дошта, дар қолибҳои маъмули таъриф ва тафсири тасаввуф чандон ҷой намегирад”.
Баҳси муҳим ва қобили таваҷҷуҳ дар ин асар пайванди афкори Мавлоно ва нақши муассири он ба сарнавишти башарият аз замони зиндагонии ӯ то кунун ба шумор меравад. Ба асоси пажӯҳишҳои амиқи дар китоб анҷомёфта муаллиф омилҳо ва асрори маҳбубияти Мавлоноро дар миёни табақаҳои мухталифи аҳолии намояндагони миллату мазҳаб, ирқу нажоди гуногун ба фалсафаи инсонгароӣ, шинохти камоли маънавӣ ҳамчун мақсуди аслии зиндагонии инсоният муқаррар намудаанд. Аз ин ҷост, ки ба ифодаи Пешвои миллат, осори ҷовидонаи Мавлоно, беш аз ҳама шоҳасари ӯ - “Маснавии маънавӣ”, имрӯз беҳтарин ва муассиртарин таблиғгари ваҳдати инсоният, манзалати волои маънавӣ ва ахлоқии инсонӣ аст. Беҳуда нест, ки ин осор ва, қабл аз ҳама, “Маснавӣ” аз осори хонданитарин ва сернашртарин дар Ғарбу Шарқ, бахусус дар Амрико ва Аврупост”.
Шарҳу таҳлил ва тафсири амиқи андешаҳои Мавлоно дар китоби ҷовидонаи Пешвои миллат дар пайванд ба масъалаи меҳварии муқаррар намудани ҳастии инсон воқеан аз ҷойгоҳ ва аҳамияти муҳиме бархӯрдор аст. Хоса, дар шароити кунунӣ, ки баҳсу баррасӣ, бархӯрдҳои мухталифи мазҳабиву фарҳангӣ ва ақидатӣ ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, аҳамияти чунин асар дар таҳқиқи андешаҳои ҷаҳонсози Мавлоно на танҳо барои мардуми тоҷик, балки баҳри ҷаҳониён бештар мегардад. Зеро ҳамоно маърифати ин афкори ғаноманди дархӯри ниёзҳои ҷомеаи башарӣ на ба ҳамаи аҳли мутолиа, хоса онҳое, ки ба забони асли ин таълифот ошноӣ надоранд, имконпазир аст. Танҳо таълифи чунин асарҳои гаронмоя ва тарҷумаву нашри онҳо ба забонҳои дигар метавонад барҳақ Мавлоноро бори дигар ба ҷомеаи башарӣ ва башариятро ба андешаҳои ҷаҳонгиру ҷаҳонсози Мавлоно қариб созад ва бори дигар ин таъкиди арзишманди Пешвои миллатро собит намояд: “Мо, имрӯз дар оғози қарни ХХI низоми воқеан инсонгароёнаи ақоидӣ - фикрӣ, фарҳангӣ - маънавӣ, иҷтимоӣ ва рисолати инсонии Мавлонои кабирро нушдоруи наҷоти ҳақиқии башарӣ дармеёбем. Ва ба андешаи мо чунин рисолати ӯ рисолаи ҷовидонӣ хоҳад буд”.
Нуралӣ НУРЗОД, номзади илмҳои филология,
дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.07.2019 №: 136 Мутолиа карданд: 1206