logo

ҳуқуқ

ҲУҚУҚИ ИНСОН. ТАТБИҚИ БАРНОМАЕ, КИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ АҲОЛИРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

Бояд гуфт, ки ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маданияти баланди ҳуқуқиро талаб менамояд ва аз сатҳи донишу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобастагии зиёд дорад. Масъалаи мазкур мавриди таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт пайваста дастуру супоришҳои дахлдор медиҳанд. Аз ҷумла, зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ 22 декабри соли 2016 таъкид намуданд: «Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Академияи илмҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва тамоми мақомоти давлатиро зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ густариш диҳанд».

Бинобар ин, ҷаҳати амалигардонии принсипҳо, мақсаду вазифаҳои марҳилаи дуюми Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2010 – 2014 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013 – 2020» - ро таҳия ва амалӣ намуда истодааст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №678 тасдиқ шудааст.
Барнома ба тавсеа ва такмили марҳилавии низоми иттилоотӣ, маърифатӣ ва таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, гузаштан ба сатҳи сифатан нави тайёр кардани кадрҳо мутобиқи талаботи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ равона гаштааст.
Мақсади асосии татбиқи барнома ин мусоидат ба баланд бардоштани маданияти ҳуқуқи инсон, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамкории байни мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷорӣ намудани омӯзиши фанни  ҳуқуқи инсон дар низоми маориф, барномаҳои таълимии судяҳо ва низоми хизмати давлатӣ мебошад.
Татбиқи барнома аз се марҳила иборат буда, марҳилаи якум солҳои 2013 – 2014, дуюм солҳои 2015 – 2018 ва сеюм солҳои 2019 – 2020 - ро дар бар мегирад. Пас аз ба итмом расидани марҳилаҳои якуму дуюми барнома моҳи марти соли ҷорӣ нақшаи чорабиниҳо барои марҳилаи сеюм тасдиқ гардида, амалӣ шуда истодааст.
Ҷиҳати татбиқ ва ҳамоҳангсозии умумии фаъолияти иҷрокунандагони  барнома дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳои дахлдор Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ таъсис ёфт.
Бо мақсади таҳия ва тасдиқи барномаҳои мақсаднок, дастурҳои методӣ оид ба иҷрои самтҳои асосии барнома ва барои амалисозии дигар чорабиниҳои пешбинишуда бо қарори шӯро шаш гурӯҳи корӣ дар самтҳои таълими хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, таълими судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ, дар муассисаҳои миёнаи махсус ва олӣ, таълим дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ таъсис дода шудааст.
Дар доираи татбиқи барнома дар ҳамкорӣ бо намояндагии САҲА дар Душанбе «Мактаби ҳуқуқи инсон» таъсис дода шудааст, ки дар заминаи он бо мақсади омода намудани тренерон дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои 15 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор як қатор тренингҳои омӯзишӣ гузаронда шуд.
Баъди ба анҷом расидани марҳилаи дуюми амалисозии барнома нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои марҳилаи сеюм таҳия ва тасдиқ гардид, ки дар он баргузории як қатор тренингҳо, семинарҳои омӯзишӣ, ҷорӣ намудани курси таълимӣ оид ба ҳуқуқи инсон барои омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон”, инчунин, таҳия, тарҷума ва нашри маводи иттилоотӣ дар назар аст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки татбиқи барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва  бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мусоидат хоҳад кард.
С. РАҲИМОВ, корманди мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2019    №: 136    Мутолиа карданд: 886
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед