logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ЗАМИНФУРӮШӢ
Раиси ҷамоат бо ин айб ба ҷавобгарӣ кашида шуд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти Бахтиёр Бобобеков, раиси Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ, ба далели ришваситонӣ хабар дод.
Тибқи иттилои маркази матбуоти агентӣ, раиси ҷамоат барои ба рӯйхати эҳтиёҷмандони замин дохил намудани шаҳрванд «А» ва ба ӯ ҷудо намудани 0,16 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ 10000 сомонӣ талаб кардааст. Номбурда моҳи апрели соли ҷорӣ аз ин маблағ 5000 сомониашро гирифта, ҳангоми гирифтани боқимондаи маблағ дар ҷойи ҳодиса дастгир шуд.
Дар ин асос нисбат ба Бахтиёр Бобобеков бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор … ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

ПУЛИ ҚАЛБАКӢ
Милитсия нагузошт, ки 17 500 евро ба муомилот барояд
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ як сокини ноҳияи Рӯдакиро ба гумони тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ дастгир намуданд.
Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода, навиштааст, ки гумонбар марди 28 - сола буда, 17 ҳазору 500 еврои қалбакиро ба мақсади истифода бурдан бо худ доштааст. Дар ҳамин ҳол, Раёсати ташхисӣ - криминалистии ВКД муайян намудааст, ки он аз 35 адад купюраҳои 500 - еврогии қалбакӣ иборат буда, бо истифода аз технологияи компютерӣ ва дастгоҳи чопии ранга тайёр шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳоло ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

ДУЗДӢ
Шахси қаблан судшуда боз даст ба ҷиноят зад
Дар асоси муроҷиати як зан ба ШВКД-1 дар ноҳияи Синои пойтахт, кормандони милитсия марди 47 - солаеро бо гумони дуздӣ боздошт намуданд, ки қаблан низ бо чунин ҷурм ҷазо дода шудааст.
Маркази матбуоти ВКД бо нашри ин хабар иттилоъ медиҳад, ки номбурда дар ошхонае, воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахт ҳамёни зани ба милитсия хабардодаро бо ҷамъи 6000 сомонӣ, 1 адад телефони мобилӣ ва атриёти занона дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.
Бино ба гузориши манбаъ, боздоштшуда ҷойи зисти доимӣ надошта, пеш бо моддаҳои 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 222 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон суд шудааст. Боздошти фаврии вай дар пайи содир намудани ҷинояти навбатӣ бо истифода аз навори камераҳои мушоҳидавӣ, ки дар ҳамин ошхона насб шудаанд, муяссар гардидааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2019    №: 136    Мутолиа карданд: 875
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед