logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

МЕССИ ВА ИҚДОМИ НАҶИБИ Ӯ
VIP тарабхонаи ҳамлагари тими миллии Аргентина ва дастаи «Барселона» – Лионел Месси, ки дар шаҳри Росариои Аргентина ҷойгир аст, барои шахсони камбизоат ва нодор хизматрасонии ройгонро ба роҳ монд. Ин иқдомро Месси 5 июл рӯи даст гирифт. Тарабхонаи ӯ тайи 15 рӯз барои шахсони камбизоат ба таври ройгон хизмат мерасонад.
 «Мо барои мизоҷон ғайр аз хӯроки гарм, инчунин, қаҳва ва нӯшокиҳои ғайриспиртӣ пешниҳод мекунем. Дар ин муддат ба тарабхона нафарони зиёде ташриф оварданд, ки ҳамаашон барои ин иқдом аз мо изҳори миннатдорӣ карданд. Чун фаҳмидем, ки ниёзмандон бисёранд, тасмим гирифтем, ки ин иқдомро то 15 рӯз ба роҳ монем. Ҳар шом аз соати 19 то 21 дари тарабхона ба рӯи онҳо боз аст», - мегӯяд Ариэл Алмад, менеҷери тарабхона.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Дарозии роҳи хатсайр чӣ қадар аст?
Сайёҳон қарор доданд, ки хатсайри нишондодашударо дар 3 рӯз тай намоянд. Онҳо дар рӯзи якум бо қатора ними роҳ, дар рӯзи дувум бо автобус низ ними роҳи боқимонда ва рӯзи сеюм пиёда 12 километри онро тай карданд.
Дарозии хатсайрро муайян кунед.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru


КИНАИ ДУ БАРОДАРРО ПУЛ АЗ БАЙН БУРД
Ду бародар замини меросӣ доштанд. Рӯзе байнашон нофаҳмие пайдо  шуд  ва  он оҳиста - оҳиста ба кинаю ғараз ва ҷангу ҷудоӣ оварда расонд. Ниҳоят бародарон заминро ба ду тақсим карданд.
Яке байни замин рӯд меканд, дигаре дар андешаи чӣ гуна хати ҷудоӣ кашидан буд. Ин вақт устое дари бародари калониро кӯфт. Дарро кушод ва бо нидои «шуморо Худо расонд», хоҳиш кард, ки байни замини ӯ ва додараш девор рост кунад, то дидор набинанд.
Корро ба усто фармуду худ ба шаҳр рафт. Усто ба ҷои девор рӯи рӯди додараш пул сохтааст. Ҳамин лаҳза аз он тараф додараш расид ва ба гумони он ки пулро бо фармоиши ӯ сохтаанд, бародарашро оғӯш кард ва узр пурсид.
Бародарон аз усто сипосгузорӣ карда, хоҳиш намуданд, ки дар замини онҳо барои ҳамеша боқӣ монад, то бо кору хона таъмин бошад. Аммо ӯ гуфт: «Бисёр мехоҳам бимонам, вале ҳоло пулҳои бешуморе ҳастанд, ки бояд бисозам».
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Суръати рӯшноӣ нисбат ба овоз хеле баландтар аст, шояд аз ҳамин сабаб баъзе аз «чеҳраҳо» то лаб ба сухан кушодан, дурахшида меистанд.
Стивен Фрай
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзоди ҚУРБОНАЛӢ


ШОҲКОРИҲОИ САНЪАТИ МЕЪМОРӢ
Ҷое, ки Шарқ ба Ғарб мепайвандад
Дар шаҳри Будапешт - пойтахти Венгрия, яке аз биноҳои зебои меъморӣ Синагога мебошад. Он, ҳамзамон, бузургтарин маъбади Аврупо низ ба шумор меравад. 
Лоиҳаи синагогаро меъмори шинохтаи замонаш Людвиг Фёрстер омода намуда буд. Баъдан, ба лоиҳа тағйироти зиёде ворид шуда, аз ҷумла, ба он усулҳои шарқӣ зам гардиданд. Дар натиҷаи заҳмати тӯлонӣ  соли 1859  дар маркази Будапешт бинои дуошёнаи хуштарҳе  бо ду манора ва гунбаз пайдо гардид. Синагога на танҳо ба ҷойи ибодат, балки маркази фарҳангии яҳудиёни Аврупо низ табдил ёфт.
Бояд гуфт, ки тамоми иморатро гаҷкорӣ ва нақшу нигор оро медиҳад. Бинобар ин, ҳамчун кори нодири санъати меъморӣ низ, эътироф шудааст.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Ҷазо пас аз 400 сол
Муҳофизони ҳифзи муҳити зисти бритонӣ талаб намуданд, ки Маликаи Британияи Кабир баҳрнавард Уолтер Рейлиро аз унвони ритсарӣ маъзул намояд. Зеро Уолтер Рейли солҳои 1552 – 1618 умр ба сар бурда, дар вақташ аз Амрико ба Аврупо тамоку оварда, одати бади тамокукаширо оғоз бахшид. Ва маҳз ӯ барои он гунаҳкор аст, ки ҳар ҳафта тақрибан 300 нафар аз саратони шуш ба ҳалокат мерасад. Аз доираи Малика чунин посух омад: «Сер Уолтер ҳамон замон товони гаронбаҳо пардохта буд – сарашро дар кундаи ҷазо бо табар бурида буданд».
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


АЗ ҚАҲВААТОН ЛАЗЗАТ БАРЕД!
Як гурӯҳ шогирдон, ки аллакай, ҳар кадоме соҳибкасб буданд, ба аёдати устоди солхӯрдаашон омада, аз мушкилоти зиндагиву ноомади кор бо ишора шиква карданд.
Пири рӯзгордида сӯи ошхона бадар рафту дар даст зарфи қаҳваҷӯшонӣ, рӯйи лаълӣ пиёлаҳои ҳархела: бенақшу пурнақш, булӯрию шишагӣ ва чинию пластикӣ баргашт ва ҳамаро ба нӯшидани қаҳва даъват кард. Вақте шогирдон ҳар кадоме барои худ пиёлае интихоб намуданд устод як нигоҳи маънидоре давонду гуфт:
«Чизе, ки шумо мехостед, на пиёла, балки қаҳва буд. Аммо аз рӯи одат ҳама кӯшиш кардед, ки пиёлаҳои гаронарзишу зеботареро бигиред, ҳарчанд пиёла аз ду сар қаҳваро тамъ намебахшад. Акнун як лаҳза тасаввур кунед, ки зиндагӣ қаҳва асту кору молу чизҳои дигар – пиёла, яъне василаи ҳаётгузаронӣ. Лекин баъзан дар интихоби пиёла чунон саргарм мешавем, ки тамъи қаҳваро пай намебарем. Кӯшиш кунед, ки аз қаҳва  лаззат баред, на аз пиёла!»
Таҳияи М. ҚОДИРОВА


АЗ ПАСИ ПАНҶАРАҲО МАНЗАРАҲО
Футболбозони дастаи  «Hutnik Krakow» - и  Полша тавассути бозии навбатиашон таваҷҷуҳи ҳаводорони варзишро ба худ ҷалб намуданд. На аз рӯи бозӣ, балки аз ҷамъи мухлисоне, ки  паси  панҷара бозиро тамошо мекарданд.
Полшагиҳо баҳри роҳ надодан ба ҳар гуна моҷарову задухӯрдҳо ва таъмин намудани тартибот, мухлисони ашаддиро паси  панҷара нигоҳ медоранд.
Баъди он, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои мухлисони паси панҷара  паҳн шуданд, сару садоҳо зиёд гардиданд. Артур Трембач, президенти «Hutnik Krakow» ба кумитаи бехатарии Полша мактуб ирсол намудааст: «Ин усули корбарии шуморо метавон ба панҷарабандии боғи ҳайвонот монанд кард.Ҷорӣ кардани тартибот муҳим аст, аммо на ба он ҳадде, ки зидди фарҳанги ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад».
Масъулони ҳифзи тартиботи Полша иброз доштанд, ки ин усул кайҳо боз истифода мешаваду то ба имрӯз аз мухлисони дохили панҷара  шикоят нашудааст. Агар зарурат бошад, онҳо  аз панҷара берун шуданашон мумкин аст. Ба онҳо хӯрданиҳо низ тақдим мешавад.
Таҳияи Анвар ҲАФИЗОВ


ОЁ МЕДОНЕД?
 Тақрибан ними аҳолии рӯи Замин барфро на аз пеш шояд танҳо дар телевизион дида бошанд.
 Манораи Эйфелро баъди ҳар 7 сол аз нав ранг мекунанд.
 Дар Чин муаллимон ба хонандагон иҷозат медиҳанд, ки вақти дарс 20 дақиқа хоб раванд, то маълумотро хубтар қабул намоянд.
 Илман исбот шудааст, ки амалеро 21 рӯз такрор намоӣ, он одат мешавад.
 Чарли Чаплин дар озмуни ҳаммонандони худ ҷойи сеюмро ишғол карда буд.
 Коала ҳайвонест, ки дар як шабонарӯз аз 18 то 22 соат хоб меравад.
Гирдоваранда Наргис АТОЕВА


АРХИМЕДИ «НОДОН»
Архимеди машҳур ду гурба дошт: яке калону дигаре хеле хурд. Ҳар боре ки файласуф ба андеша фурӯ мерафт, ҳар ду гурба гӯё қасдан бошад, дари хонаро бо панҷаҳояшон харошида, ишораи берун рафтан мекарданд ва бо ин амалашон доим ба кори илмии ӯ халал мерасонданд. Ниҳоят, Архимед, барои раҳоӣ аз ташвиш, маҷбур шуд дари хонаро аз ду ҷо сӯрох кунад: як сӯрохи  калону  дигаре хурд, яъне барои ҳар ду гурбаҳояш. Рӯзе, яке аз дӯстони наздикаш, ки меҳмонӣ омада буд, ҳолати дарро дида, мепурсад:
- Сӯрохи дуюмаш чӣ лозим буд? Охир, гурбаи хурд ҳам бемалол аз ҳамин сӯрохи калон гузашта метавонад-ку?!
- Ростӣ, ба инаш ақлам нагирифтааст,- даст зери манаҳ гузошта, мегӯяд файласуф.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ


ДУЧАРХА
ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ
Соли 1817 олими немис Карл фон Дрез аввалин дучархаро сохт. Ӯ ихтироашро «мошин барои давидан» номид, зеро он аз рама ва рул иборат буда, педал надошт.
***     
Солҳои 1839 - 1840 оҳангари шотландӣ Киркпатрик Макмиллан ба дучарха педалро насб кард.
*** 
Томас Стивенс аввалин сайёҳе мебошад, ки солҳои 1884 - 1887 бо дучарха даври ҷаҳонро гаштааст. Он вақт дучархаи ӯ шина (резин) надошт.
***
Дар Фрайбург маҳале ҳаст, ки дар он рондани автомобил манъ аст. Дар ин ҷо ҳама бо дучарха ҳаракат мекунанд.
***
Ширкати «Aurumania» дучархаҳои аз ҳама қиматро истеҳсол мекунад. Маҳз ҳамин ширкат дучархаҳоеро, ки бо 24 карат тилло ва 600 санги сваровӣ пӯшида шудаанд, ба фурӯш баровард. Дучархаи тиллоии "Crystal Edition" нодир буда, соле 10 нусха истеҳсол мешавад ва нархи он ба 100 000 доллар баробар аст.
***
Дар заводи «Мерседес-Бенс»- и Зинделфинген коргарон дар ҳудуди корхона бо дучарха ҳаракат мекунанд. Ҳар шуъба дучархаҳои бо рангҳои хос орододашуда дорад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


АТЛАНТИК - РОУД ХАТАРНОКТАРИН РОҲ ДАР НОРВЕГИЯ
Атлантик – Роуд   манзараи  зебое  дорад. Бинобар ин,  бо вуҷуди роҳи   хавфнок буданаш, аксари ронандаҳо онро интихоб менамоянд. 8  километри роҳ аз нимҷазираҳои  на чандон калон мегузарад. Мавҷҳои  баҳр   доимо  ба он меафтанд.  Роҳро оби шӯр пӯшонда,  ба ҳаракати автомобил монеа  эҷод мекунад.  Аз ҳамин  рӯ, ба  ронандаҳо  лозим меояд,  ки  зуд – зуд  дар муқобили шамолҳои  шадиду  боронҳои сел  истодагарӣ  намоянд.  Роҳ дар масофаи 30 метр  ба  қитъаи яхбастаи  уқёнуси  Атлантика ҳам наздик мешавад. 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА


АФРОДИ КАМБИЗОАТЕ, КИ САРВАТМАНД ШУДААНД
13. Леонардо Дел Веккио, соҳиби бренди Ray-Ban
Дороӣ: 24,1 миллиард доллари ИМА.
Модараш, ки танҳо буд, аз уҳдаи ба воя расондани панҷ кӯдак намебаромад. Ба ин хотир, Дел Веккиоро ба хонаи кӯдакон супурд. Баъдан ӯ дар фабрикаи истеҳсоли қолаб барои таҷҳизоти автомобил ва айнакҳо ба кор даромад. Дар синни 23 - солагӣ Дел Веккио коргоҳи қолабсозии хусусии худро таъсис дода, ширкати «Luxottica» - ро асос гузошт. Ин ширкат калонтарин истеҳсолкунандаи айнакҳои зидди офтоб таҳти бренди  Ray-Ban ва Oakley дар ҷаҳон гардид.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


КӮСАМОҲИИ 512 - СОЛА ДОШТА ШУД
Олимон дар Атлантикаи Шимолӣ кӯсамоҳиеро (акулаеро) доштанд, ки тибқи баъзе арзёбиҳо он мутааллиқ ба соли 1505 мебошад. Ҳамин тавр, моҳии дарёфтшуда оид ба дарозумрӣ дар миёни сутунмуҳрадорон мумкин аст, рекордгузори мутлақ маҳсуб гардад.
Тавре «The Sun» менависад, кӯсамоҳӣ ба намуди греландӣ ё кӯсамоҳии қутбӣ марбут буда, дар як сол ба ҳисоби миёна як сантиметр меафзояд ва аз ҳама дароз-умртарин (бо синни миёнаи 272 сол) дар миёни ҳайвоноти сутунмуҳрадор мебошад.
Дарозии кӯсамоҳии дош-ташуда тақрибан 5,4 метрро ташкил медиҳад ва синнаш аз рӯи озмоиши гавҳараки чашмаш бо усули радиокарбонӣ 512 сол  муқаррар шудааст.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДОИР БА ЗАБОНҲОИ ДУНЁ
Имрӯзҳо шумораи умумии забонҳо ба 6500 мерасад. Миёни ин забонҳо душвортарин, паҳнтарин ва дигар “…тарин”- ҳоро метавон вохӯрд. Таваҷҷуҳ кунед, ба чанд далели ҷолиб оид ба забонҳо.
***
Миқдори умумии забонҳои дунё қариб ба 6500 мерасад. Инчунин, бо зиёда аз 2000 забон, камтар аз ҳазор нафар одам сухан меронанд.
***
СММ дорои 6 забони расмӣ мебошад: англисӣ, фаронсавӣ, арабӣ, хитоӣ, русӣ ва испанӣ.
***
Китобе ки зиёдтар аз ҳама тарҷума шудааст,  Инҷил  мебошад.
***
Мувофиқи «Китоби рекордҳои Гиннес», дарозтарин палиндром (калимае, ки аз ду тараф як хел хонда мешавад) калимаи финии «SAIPPUAKIVIKAUPPIAS» (фурӯшандаи собун) ба ҳисоб меравад.
***
Калимаи “модар” дар аксарият забонҳо бо ҳарфи “м” оғоз мешавад.
***
Қадимтарин ҳарфи алифбо – ҳарфи  “О” ба шумор меравад.
Таҳияи Лутфия ҚОДИРОВА


МАЙДОНИ КАРДАДА
Ҳар касе, ки ба Швейтсария барои тамошо меравад, ҳатман аз қаторкӯҳҳои наздикии шаҳраки Локарно дидан менамояд. Дар яке аз баландиҳои қаторкӯҳи он майдони тамошобоби даврашакле ҷойгир аст, ки Кардада ном дорад. Чунин ба назар мерасад, ки он овезон аст. Аз он кӯли машҳури Лаго – Маҷоре бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш намоён аст. Майдони Кардада дар ҷануби ин кишвар машҳур буда, дар маркази таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ қарор гирифтааст. Майдон пули мустаҳкам ва бонафосате дорад. Панҷара ва зинаҳои он бо тарзи замонавӣ ва рамзу аломатҳои ба санъати Швейтсария хос оро ёфтаанд. 
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


БУЗУРГТАРИН ШАБАКАҲОИ МЕҲМОНХОНАҲОИ ҶАҲОН

ҲИЛТОН
Ба шабакаи Ҳилтон 5 ҳазор меҳмонхона дохил гардида, гардиши солонаи он зиёда аз 7 миллиард доллари ИМА - ро ташкил медиҳад.
Таърихи он аз иёлати Техаси ИМА оғоз меёбад. Соли 1919 ҷавони боғайрат Корнад Ҳилтон нахустин меҳмонхонаи худро мекушояд. Баъди муваффақиятҳои аввалин Корнад ба харидани меҳмонхонаҳои иёлат шурӯъ карда, онҳоро дар як шабака муттаҳид мекунад. Номбурда меҳмонхонаҳои “Русевелт” ва “Плаза” – и шаҳри Ню – Йоркро ҳам мехарад. Ӯ дар ҳудуди Амрико ва минтақаи уқёнусҳои Орому Атлантика меҳмонхонаҳои худро таъсис медиҳад. Соли 1954 бошад, Ҳилтон бо маблағи 111 миллион доллар меҳмонхонаи “Старлер ҳотел” – ро харида, ба шабакаи меҳмонхонаҳои худ мепайвандад. Айни замон зери бренди “Ҳилтон” дар тамоми ҷаҳон меҳмонхонаҳои зиёде фаъолият доранд, аз ҷумла дар пойтахти кишвари мо низ.
Таҳияи Комрон САФАР


ОГЮСТ РЕНУАР:
«ДАРД ЛАҲЗАЕ БЕШ НЕСТ, ЗЕБОӢ БОШАД, ҶОВИДОНИСТ»
Соли 1880 дасти рости рассом Ренуар мешиканад. Ӯ ба ҷои муроҷиат ба табибон мӯқаламро ба дасти чап гирифта ба расмкашӣ идома медиҳад. Бо гузашти вақт таърих дар мисоли ӯ собит сохт, ки бо дасти чап шоҳасар ҳам офаридан метавон.
Воқеан ҳам, тааҷҷубовар аст, ки ӯ давоми 60 соли фаъолияти эҷодӣ зиёда аз 6000 асар офаридааст. Ҳатто дар пиронсолӣ, ки бемории артрит азияташ медод, аз кор даст накашид. Вақте панҷаҳояш аз доштани мӯқалам хаста мешуданд, онро ба бозувонаш баста кор мекард.
Боре дӯсти наздикаш Матисс ин ҳоли ӯро дида гуфт: «Огюсти азиз, барои чӣ аз ин касбатон даст намекашед. Охир, бубинед, чӣ қадар азият кашида истодаед». Ренуар дар ҷавоб «Дард лаҳзае беш нест, зебоӣ бошад, ҷовидонист» - ро гуфт, ки баъдан дар олами ҳунар хеле машҳур гашт.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШОҲ


АЗ ОЛАМИ АҶИБИ ҲАЙВОНОТ
Қариб ҳамаи ҳаҷми косахонаи чашми бумро мардумаки чашм ташкил медиҳад. Ин имкон намедиҳад, ки бум чашмонашро ба ҳар тараф тоб диҳад. Бинобар ин, фақат манзара ва ашёи пеши рӯяш қарордоштаро мебинад. Сарашро то ба 360 дараҷа тоб дода метавонад.
***
Панда ҷои муайяни хоб надорад. Чун хаста шуд ҳар куҷое, ки рост омад, ҳамон ҷо мехобад.
***
Уқоби баҳрӣ (албатрос) дар ҳолати парвоз ҳам хоб карда метавонад. Ҳангоми хоб нисфи майнааш истироҳат карда, нисфи дигараш мушоҳида мекунад то дар осмон истад ва ба ягон хатар дучор наояд.
***
Каланҳо (сагҳои обӣ) ҳангоми хоб панҷаҳои якдигарро медоранд то онҳоро мавҷи об ба ду самти муқобил набарад.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2019    №: 137    Мутолиа карданд: 1179
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед