logo

номаҳо

"ҶУМҲУРИЯТ" ҲАҚРО БА ҲАҚДОР РАСОНД

Бори дигар ба унвони рӯзномаи «Ҷумҳурият» нома менависам. Вале ин бор аз чизе шикоят намекунам, ба ҷуз арзи сипос, ки баъд аз нашри матлабам дар ин нашрияи бонуфузи миллӣ саргардониҳоям поён ёфт ва мушкилам ҳал шуд.  Гап дар сари иҷрои ҳалномаи судие мерафт, ки солҳо боз идома дошт.
Ман дар бораи он навишта будам, ки соли 2013 модарам Нортаджи Худойбердиева дар асоси шартномаи харидуфурӯш манзили истиқоматиро дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) аз собиқ соҳибмулк ҶДММ «Нур» - и шаҳри Қӯрғонтеппа харида, дар идораи нотариалии вилояти Хатлон сабт карда буд. Бо сабаби кашол ёфтани корҳои сохтмонӣ хостем баъди таъмири пурра онро қабул намоем. Аз ин фурсат Дилором Тӯйдиева ном шаҳрванд истифода бурда, бо аҳли оилааш ба хона даромада, ғайриқонунӣ то соли 2015 зиндагӣ кардаанд. Дар ин хусус ба суди вилояти Хатлон муроҷиат кардем. Суд баррасии масъаларо ба суди шаҳри Сарбанд (ҳозира Левакант) равон кард. Дар асоси ҳалномаи суд аз 24 августи соли 2017 даъвои Нортаджи Худойбердиева нисбат ба Дилором Тӯйдиева дар бораи талаб кардани молу мулки бадастовардаи ғайриқонунӣ ва кӯчондан аз манзили истиқоматӣ, қонеъ карда шуд. Бар асоси ҳалномаи суд номбурда бояд бо аҳли оилааш аз манзили истиқоматӣ кӯчонда, хона ба Нортаджи Худойбердиева баргардонда мешуд. Барои иҷроиши ҳалнома варақаи иҷро тартиб ва барои иҷроиш ба иҷрочиёни суди шаҳри Бохтар ирсол гардид. Аммо, бо сабабҳои ба мо номаълум, иҷрои ҳалнома оид ба кӯчондани Дилором Тӯйдиева бо оилааш ва баргардондани хона ба мо тӯл кашид.
Пас аз вафоти модарам ва шавҳарам ман ҳамчун вориси ҳуқуқӣ якчанд маротиба талаб кардам, ки иҷроиши ҳалнома таъйин карда шавад. Вобаста ба ин масъала дари чанд мақомоти марбутаи давлатиро кӯфтам, ки бе натиҷа буд. Баъд аз саргардониҳои зиёд бо истифода аз ҳуқуқҳои шаҳрвандиам ба «Ҷумҳурият» нома навиштам. Албатта, ба умеде, ки ин минбари баланд дар ҳалли мушкилотам таъсире гузорад, ки чунин ҳам шуд.
Баъд аз нашри матлаб дар саҳифаи ин рӯзнома таҳти унвони «Бохтар. Чаро ҳалномаи суд иҷро намешавад?» (09.04.2019  №67), кор ранги дигар гирифт. Дар пайи нашри матлаб Суди Олӣ, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратура ба масъала дахолат карданд ва билохир бо мусоидати иҷрочиёни суди шаҳри Бохтар манзили истиқоматӣ холӣ ва ба ман баргардонда шуд, ки боиси сипосгузорӣ аст.
Мунира ХУДОЙБЕРДИЕВА, сокини шаҳри Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2019    №: 137    Мутолиа карданд: 4768
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед