logo

иқтисод

МЕТАЛЛУРГИЯ. ИМКОНИЯТҲОИ СОДИРОТӢ ФАРОХАНД

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 январи соли 2018, ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи июл дар ҷумҳурӣ Рӯзи металлургон ҷашн гирифта мешавад. Корхонаҳои соҳа бо истеҳсоли металлҳои навъи якум ва дуюм, ҳамчунин, ранга, нодир ва сиёҳ ниёзи бозори дохилиро таъмин ва ҳаҷми содиротро сол ба сол зиёд менамоянд.
Солҳои охир соҳаи металлургияи кишвар бо суръати баланд рушд меёбад. Дар нимсолаи якуми соли равон корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо ба маблағи зиёда аз 3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 211,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ ба фурӯш рафт. Зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ аз ҳисоби содирот ба даст омад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳо ба таври яклухт дар асоси шартномаҳои ҳамкории дарозмуҳлат ва бо нархи биржаҳои фурӯши металлҳои рангаи Лондон фурӯхта мешавад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ 25,6 дарсади ҳаҷми умумии маҳсулоти корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Корхонаҳои «Зарафшон», «Анзоб», «Шимшо», «Покрӯд» ва «Гули Мурод» дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли тилло 51, нуқра 32,5, хокаи руҳ 7 ва хокаи сурмаро 30,5 дарсад зиёд карданд.
Тиллои истеҳсолшударо пурра Бонки миллӣ, Вазорати молия ва корхонаҳои заргарии ҷумҳурӣ хариданд. Барои рушди ин соҳа ба маблағи 266,6 миллион сомонӣ  сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст.
Айни ҳол шумораи кормандони соҳаи металлургияи кишвар ба 8820 нафар ва музди миёнаи кори онҳо ба 3598 сомонӣ расидааст, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳам шумораи кормандон (590 нафар) ва ҳам музди меҳнат (343 сомонӣ) зиёд шудааст.
Ҷиҳати равнақи соҳа ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, назири «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» барои истеҳсоли тилло дар заминаи кони «Кумарғи Боло» - и ноҳияи Айнии вилояти Суғд, «Равшан» - истеҳсоли  маҳсулоти заргарӣ ва ҷавоҳиротӣ дар шаҳри Душанбе ва «ТАЛКО Голд» - истеҳсоли тилло ва хокаи сурма идома дорад.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2019    №: 137    Мутолиа карданд: 935
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед