туризм
ХАТЛОН. БЕШ АЗ 100 ҲАЗОР САЙЁҲ ДАР ШАШ МОҲ
Ба шарофати эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2018) ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) соҳаи сайёҳии манотиқи гуногуни кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон, беш аз пеш ривоҷу равнақ меёбад. Тибқи маълумотҳо, тайи шаш моҳи аввали соли равон ба вилоят 118 ҳазору 301 сайёҳ ташриф овард, ки 6262 нафараш хориҷиён мебошанд.
Бино ба иттилои Шамсулло Салимзода, мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, баъди эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷиҳати таблиғи мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии вилоят ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маводҳои иттилоотӣ, аз қабили харита, наворҳои видеоӣ, диск, ёддошт, буклет, феҳристи мавзеъҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва монументалӣ, роҳнамо барои сайёҳон, таҳия гардида, дастраси мақомоти дахлдори давлатӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ гардонда шуд. Ҳамзамон, шуъбаи рушди сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Зарнисор” курси чормоҳаи “Роҳбаладиро бо ҳам меомӯзем” ва ширкати сайёҳии “Ҷавоҳир” дар маркази вилоят – шаҳри Бохтар курси омӯзишии «Роҳбалади беҳтарин» - ро роҳандозӣ намуданд.
Шуъбаи рушди сайёҳии вилоят дар ҳамдастӣ бо бахши вилоятии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва “Хатлонсинамо” зиёда аз даҳ ролики тарғиботӣ омода намуда, дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намуд.
Айни замон сомонаи сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (www.sayohikhatlon.tj) ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ фаъол буда, дар он маълумоти пурраи шаҳру ноҳияҳо ҷой дода шудааст.
Бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаҳои Корез ва Ғарғараи ноҳияи Данғара ва ноҳияҳои Темурмалику Восеъ меҳмонхонаҳои замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар баробари ин, дар ноҳияҳои Носири Хусрав (мавзеи Чилучорчашма), Балҷувон ва Ховалинг сохтмони меҳмонхонаҳо, марказҳои савдову хизматрасонӣ ва тарабхонаҳо идома доранд.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.07.2019 №: 137 Мутолиа карданд: 2634