logo

фарҳанг

"УФУҚҲОИ ДӮСТӢ". НАМОИШИ НАВИ АСАРҲОИ ЗАУР ДАХТЕ

Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои аксбардори шинохтаи Тоҷикистон Заур Дахте таҳти унвони  «Уфуқҳои дӯстӣ» оғоз ёфт.  Намоиши мазкур бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи суратгирони кишвар роҳандозӣ гардидааст. Дар маросими ифтитоҳ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, иттифоқҳои эҷодӣ ва ҳаводорони ҳунар  иштирок доштанд.
- Заур Дахте фарзанди ду халқ мебошад. Номбурда дар Доғистон ба дунё омада, 60 сол аст, ки дар Тоҷикистони офтобии мо зиндагӣ мекунад. Ӯ дар рушди фарҳангу ҳунари тоҷик саҳми назаррас дошта,  имрӯз на танҳо дар дохил, балки хориҷи кишвар низ шуҳратёр аст. Аз ин хотир, баргузории намоиш хеле меҳим мебошад, - иброз дошт мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода.
Қисмати зиёди асарҳои суратгирро дастовардҳои кишварамон дар соҳаҳои муҳими ҳаёт, аз қабили сиёсат, иқтисод ва фарҳанг, ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, аксҳои ба маъраз гузошташуда аз ҷараёни барномаҳои муҳими фарҳангӣ, олами нотакрори кӯдакон ва, лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёту фаъолияти тоҷикон ривоят мекунанд.
- Тамоми аксҳои гирифтаи Заур Дахте саршор аз таровати рангҳову гармианд. Аз баъзеи онҳо ҳатто наметавон чашм канд. Дар сукути ин аксҳо эҳсосу андешаҳои амиқ инъикос гардидаанд. Сукуте дар ҳаракат… Вақте суратро наворбардори кино мегирад, ин ба як амри воқеӣ табдил меёбад, - аз тамошои аксҳо ба ваҷд омада ибрози андеша менамояд Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ.
Мавриди зикр аст, ки Заур Дахте, ҳамзамон, яке аз наворбардорони маъруфи кишвар мебошад. Филмҳои ба навор гирифтаи ӯ дар чандин кинофестивалҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоиза ва диплом гардидаанд. Мавсуф дар таҳияи зиёда аз 600 филм ширкат варзидааст. Аз ҷумла, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Артисти халқии СССР, балеринаи нотакрор Малика Собирова, ду филми ҷолиб офаридааст. Филми «Малика» - аш дар Кинофестивали ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ сазовори ҷоизаи махсус гардида буд. Филмҳои Заур Дахте оид ба сарнавишти шоирони бузургамон Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода,  Боқӣ Раҳимзода ва Лоиқ Шералӣ ба хазинаи тиллоии кинои миллӣ ворид шудаанд.
Фаъолияти эҷодии Дахте гуногунҷабҳа аст. Вале, дар ин миён, худи эҷодкор ба суратгирӣ мақоми хосро қоил аст. Ҳамин аст, ки тайи 20 соли охир ба аксбардорӣ диққати ҷиддӣ дода, бештар дар ҳамин самт эҷод менамояд.
Хизматҳои шоистаи ӯ дар рушди фарҳанги миллии мо бо унвони фахрии Арбоби санъати Тоҷикистон қадр шудааст.  Заур Дахте, ҳамчунин, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи байналмилалии таълими бунёдӣ мебошад.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.07.2019    №: 138    Мутолиа карданд: 823
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед