logo

иқтисод

СУҒД. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 5,6 МИЛЛИАРД СОМОНӢ РАСИД

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 натиҷагирӣ шуд.

Муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ зимни гузориш оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ зикр кард, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят ба 7,8 миллиард сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш 7,8 дарсадро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5,6 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 8,3 дарсад расид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар имсол дар вилоят баистифодадиҳии 100 корхона бо фарогирии 1030 ҷойи корӣ ба нақша гирифта, дар нимсола 59 корхона бо 642 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Таваҷҷуҳи асосии масъулони соҳа ба тавлиди маҳсулоти воридотивазкунанда равона гашта, дар ин радиф ҳаҷми истеҳсоли семент ва ангишт 1,2 баробар афзоиш ёфт.
Анвар Яъқубӣ нақши соҳаи кишоварзиро дар рушди иқтисодии минтақа махсус таъкид намуда, иброз дошт, ки дар шаш моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 1 миллиарду 850,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 17,1 дарсад зиёд аст.
Гардиши савдои хориҷӣ дар вилоят нисбат ба моҳҳои январ - июни соли гузашта 0,7 дарсад ё 7 миллион доллар афзуда, 1011,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Аз вилоят ба хориҷи кишвар ба маблағи 224,5 миллион доллар маҳсулот содирот гардид.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни таҳлили натиҷаҳои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ба масъулон баҳри тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои босифати нақшаи андозҳо, дастгирии соҳибкорон, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани истеҳсоли либосҳои мактабӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, таъмини рушди моҳипарварӣ, ҷалби гардишгарон, тарғиби имкониятҳои сайёҳии вилоят тавассути сомонаҳои интернетӣ ва ташкили харитаҳои сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас дод.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода ва раиси шаҳри Панҷакент Ислом Шафеиён оид ба дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда гузориш доданд.
Роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳо бобати иҷрои сифатноки бандҳои нақшаи чорабиниҳо дастурҳо дода, таъкид намуд, ки ҳадафи асосии бунёдкориҳо ободии мамлакат, рушди иқтисодиёт ва, албатта, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят сохтмони 6500 иншооти гуногун ба нақша гирифта, аз соли 2018 то ҳол 2781 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар анҷом изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони заҳматпешаи вилоят ҷашнҳои таърихӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500 - солагии Саразми бостониро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Ҷовиди АШТӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2019    №: 141    Мутолиа карданд: 903
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед