logo

иқтисод

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУШКИЛЕ НЕСТ, КИ ОСОН НАШАВАД!

Бо сабаби набудани ҷӯйборҳои обпарто дар назди биноҳои 20/2, 20/5, 20/6, 20/7 – и хиёбони Саъдии Шерозӣ беш аз  15 сол боз  рӯзҳои боронӣ оби ифлос  ҷамъ мешавад ва сокинон  дар чунин айём бо мушкилӣ  гаштугузор менамоянд. Кӯдакон то бартарафшавии ҳавзҳои оби назди даромадгоҳи бино аз бозию сайру гашти беруна маҳрум шуда, кунҷи хона қарор мегиранд. Кор то ба дараҷае расидааст, ки ҳангоми боронҳои шадид оби ғуншудаи назди бинои 20/2 ба нуқтаи тақсимоти хати барқ наздик мешавад. Мабодо рӯзе борон бисёртар борад, намедонам тақдири бошандагони ин маҳалла аз расиши хати барқ ба ҳавзи оби даромадгоҳи бино  чӣ мешуда бошад? Чанде пеш ба чунин мазмун  Назрулло Раҳимов, сокини хиёбони Саъдии Шерозӣ, бинои 20/2, ба идораи рӯзнома муроҷиат намуд. 

Ӯ,  ҳамзамон,  дар нома  ба унвони  рӯзнома нигоштааст, ки   ин аввалин шикояти  ӯ ва ҳамсоягонаш нест. Вобаста ба бартарафсозии мушкилӣ сокинон борҳо  ба унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва  сохторҳои дигари марбута  номаи шикоятӣ  навиштаанд, аммо мушкил ҳанӯз ҳам боқист.
Ростӣ,  пеш аз он,  ки бо ҳолати кор шинос шавем, мо низ мушкилиро хеле вазнину печида  пиндоштему фикр кардем, ки ҳалли масъала харҷу заҳмати бисёрро талаб менамояд. Чунки беш аз 15 сол ҳалли худро наёфтани мушкилӣ  дар назар масъалаи мураккаберо ҷилва медиҳад. Аммо  якҷо бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шоҳид гардидем, ки ҷӯйборҳои обпартои ин маҳалла аз хоку шағал пур шудаанд ва фақат тоза кардани онҳо  зарур аст.  Вале шигифтангез аст, ки ҳамин як кори якрӯзаю дурӯза солҳо аз назари роҳбарияти ноҳия дар канор мондааст.
 - Бо вуҷуди солҳои дароз муроҷиат намудан ба  роҳбарияти ноҳия  масъала  ҳал нашуд. Масъулони ноҳия ҳатто наомаданд, то арзи моро  дуруст бисанҷанд. Роҳбарияти ноҳия фақат дар ҷавобҳои  хаттӣ ноогоҳона  менависад, ки барои кандани ҷӯйборҳои обпарто маблағ лозим асту дар ҳолати пайдо гардидани чунин имконият масъала ҳалли пурраи худро меёбад. Ҳар боре, ки масъаларо ба баррасии масъулон мегузорем, онҳо баҳона пеш меоранд, ки имконияти молиявию техникӣ надорем. Лекин вазъият ба ин ҳад мураккаб нест. Барои ҳалли масъала ҳамагӣ 3 – 4 ҳазор сомонӣ басанда хоҳад буд. Чунки дар назди биноҳои истиқоматӣ ҷӯйборҳои обпарто мавҷуданд. Онҳо чанд сол пеш дар натиҷаи гузарондани хатҳои оби гарм аз сангу шағал ва дигар ифлосиҳо пур шудаанд. Танҳо тоза кардани ин ҷӯйборҳо зарур аст, то қубурҳо  кушода шаванду оби борон ифлосиҳоро шуста,  дар назди хонаҳои истиқоматии мо ҷамъ нашавад.  Ба ҷуз ин,  мо аз масъулони ноҳия кори дигареро хоҳиш  надорем. То кай мо ва фарзандонамон рӯзҳои боронӣ дар роҳрав рӯ - рӯи хиштҳо гаштугузор намоем?  - гилаю норизоӣ намуданд  Назрулло Раҳимов, Борон Гурбатов ва  Гулсара  Маҳмадбекова, сокинони бино. 
Аз омӯзиши ҷавобҳои  хаттии муовинони раиси ноҳия ба муроҷиатҳои имсолаи сокинон  маълум гардид, ки масъулон ҳатто  чӣ гуна ҷойгир будани ҷӯйборҳои обпартои ин маҳалро дақиқ намедонанд. Ш. Хушзода, муовини якуми раиси ноҳия,  дар мактуби ҷавобии худ ба номи Назрулло Раҳимов  ҷой доштани мушкили чандсоларо тасдиқ намуда, гуфтааст, ки кандани  150 – 200 метр хандақ лозим аст.  Шояд дар атрофи биноҳои дигар кандани хандақҳои нав зарур бошад, вале  дар назди бинои номбурда ҷӯйбори обпарто мавҷуд буда,   ба кандани хандақи нав ҳоҷат нест.  Яъне, бо вуҷуди солҳои тӯлонӣ арзу дод намудани сокинони ин маҳалла  масъулони ноҳия ҳолати корро дуруст наомӯхтаанд.
Амонулло Гулҷонов, сардори нозироти идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзили ноҳия, низ зимни суҳбат сабаби то ҳанӯз бартараф нагардидани мушкилиро аз набудани имкониятҳои техникӣ донист. Аммо баъд аз он ки бо дахолати рӯзнома кормандону масъулони  бахши фонди манзили ноҳия ба назди бинои 20/2 омада, вазъи мавҷударо аз наздик диданд, кор ранги дигар гирифт. Кормандони НИХФМ – и ноҳия мавҷуд будани ҷӯйборҳои пештараро, ки аз хоку ифлосиҳо пур шудаанд, бо чашм дида, ба тоза намудани онҳо тасмим гирифтанд. Мутаассифона, ҳамин корро ҳам масъулони ноҳия ба охир нарасонда, дигар бедарак шудаанд. Онҳо ҳамагӣ 10 – 15 метри ҷӯйбори обпарторо аз хоку шағал тоза намуданду халос. Қисмати боқимондаи ҷӯйбори обпарто ҳанӯз  тоза карда нашудааст. Аз нописандӣ ё камҳавсалагии онҳо  боз мушкилӣ боқӣ монд.
Солҳои тӯлонӣ аз назари роҳбарият ва масъулони ноҳия дар канор мондани як мушкили хурд гувоҳи бепарвоӣ ба мушкили сокинон аст. Шояд бошандагони ин маҳал мисли шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои дигар метавонанд тариқи ҳашар бақияи корҳоро худ аҷом диҳанд. Мо ҳамарӯза шоҳид мегардем, ки дар бисёри гӯшаю канори дигари мамлакат сокинон аз як гиребон сар бароварда, на танҳо 50 – 100 метр қубур, балки чанд километр роҳ, иншоот ва хатҳои оби нӯшоӣ бунёд менамоянд. Аз он ки  масъулони ноҳия дар иҷрои вазифа саҳлангорӣ менамоянд, беҳтар аст, ки бошандагони маҳалла аз худ эҳсоси ватандӯстӣ нишон диҳанд ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута техникаҳои заруриро дастрас намуда, камбудиро бартараф созанд. Магар айб нест, ки дар як  маҳаллаи обод  ҳангоми боронгариҳо сокинон - зану мард шим то зону кашида, рӯ – рӯи хиштҳо гашту гузор намоянд?
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2019    №: 141    Мутолиа карданд: 1184
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед