logo

иқтисод

ҚУБОДИЁН ДАР МАСИРИ РУШД

Қубодиён, ҳарчанд дар замони шӯравӣ яке аз ноҳияҳои аз бисёр ҷиҳат пешрафтаи вилояти Хатлон маҳсуб меёфт, баробари вазидани насими ободкории айёми Истиқлолияти давлатӣ тараққиёти бештари иҷтимоию иқтисодиро касб кард, барои кору зиндагӣ ва фароғати сокинон боз ҳам мусоид шуд.

Ҷолибияти сайёҳӣ
Қубодиёни имрӯза 7 апрели соли 1978 ташкил шуда бошад ҳам, мадракҳои таърихӣ ҳокӣ аз онанд, ки Қубодиён ҳамчун мулки тоҷикнишин аз аҳди қадим бисёр махсусиятҳои як шаҳри обод, соҳибтиҷорат ва фарҳангмеҳварро доро буд. Ба ақидаи бостоншинос Юсуфшоҳ Ёқубов, решаи аввали номи кунунии ноҳия ба исми асосгузори сулолаи Каёниён – Кайқубод марбут аст. Агар замони ҳукмронии ин шоҳро ба давраи бунёди Қубодиён як донем, пас, Қубодиён дастикам дорои таърихи 3500 - сола мебошад.
– Мавзеъҳои таърихии “Тахти сангин”, “Қалъаи мир”, “Теппаи шоҳ”, “Тахти Қубод”, “Сафедмазор”, “Хуштармулло” ва “Куҳандиз”, - мегӯяд Зафар Файзуллозода, раиси ноҳияи Қубодиён, - метавонанд ҳамасола садҳо сайёҳро ба кишвари мо ҷалб кунанд. Дар маҷмӯъ, дар ноҳия 18 ёдгории бостонӣ мавҷуд аст. Бо назардошти имкониятҳои сайёҳии Қубодиён Ҳукумати мамлакат баҳри сохтмони роҳи мумфарши автомобилгарде, ки маркази ноҳияро бо “Тахти сангин” мепайвандад, 195 ҳазор сомонӣ ихтисос дод. Дар ин замина навсозии роҳи мазкур, ки 35 километрро ташкил медиҳад, оғоз гардида, бомаром идома дорад. Ҳамзамон, дар доираи имкониятҳои мавҷуда айни ҳол ҷиҳати бунёди иншоот ва инфрасохтори дахлдор дар шафати роҳҳои аҳамияти сайёҳидошта аз ҷониби соҳибкорон сохтмони биноҳои аҳамияти гуногундошта идома дошта, баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мавзеъҳои тамошобоб ва таърихиву фарҳангии ноҳия дар робита ба субъектҳои хоҷагидории соҳаи туризм тадбирҳои ҳадафманд роҳандозӣ мегарданд.

Бунёдкорӣ дар авҷ
Ба иттилои Муъминхӯҷа Давлатзода, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия, бо мақсади таҷлили шоиста аз Ҷашни гаронмояи миллат – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия эъмори 149 иншоот ва бунёдкориҳои дигар ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, ду муассисаи томактабӣ, шаш муассисаи таълимӣ, ду китобхона, як боғи фарҳангӣ - фароғатӣ, як гулгашт, даҳ бунгоҳи тиббӣ, як маркази тиббӣ, се нуқтаи хатна, ҳашт дорухона, се толори варзиш, ҳафт майдончаи варзиш, як майдончаи бозии кӯдакон, як меҳмонхона, ҳаждаҳ сартарошхона, се кошонаи ҳусн, чор ҳаммом, дувоздаҳ маркази савдо, се маркази хизматрасонӣ, ҳашт коргоҳи дӯзандагӣ, ду дукони ҳунарҳои мардумӣ, як коргоҳи дӯхти либосҳои мактабӣ, як коргоҳи омӯзиши адрасбофӣ, таъмири 5 километр роҳ, сохтмон ва таъмири нуҳ пул, кашидани хати интиқоли барқ ба як деҳа, чароғонкунии ёздаҳ кӯча, насби ду трансформатор, гузарондани як километр оби нӯшокӣ ва ҳоказо.
То ин муддат дар 46 иншоот корҳои бунёдкорӣ ба анҷом расидаанд. Дар асоси Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016 - 2020 дар ҳамкорӣ бо вазорату ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ 29 лоиҳа амалӣ гардида, 28 лоиҳаи дигар дар марҳилаи татбиқ қарор  дорад. Маблағи пешбинишуда 56,7 миллион сомонӣ буда, 36,6 миллион сомонӣ аз худ шуд.
Чуноне Абдумалик Пошоқулов, мудири бахши иқтисод ва савдои ноҳия, иттилоъ дод, айни ҳол дар ноҳия ҳашт лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, назири беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ, таъмини аҳолӣ бо шуғл барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ, дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот,  таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим, тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ, сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ғайра дар доираи 5,1 миллион доллари амрикоӣ амалӣ гардида истодаанд. Татбиқи ин лоиҳаҳо, бешубҳа, қадами устуворе хоҳад буд дар ҷодаи таъмини зиндагии шоиста барои сокинон.

Татбиқи ҳадафи чоруми Ҳукумати мамлакат
– Бо назардошти  амри раиси вилояти Хатлон аз 30 апрели соли 2019, «Дар бораи  татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар дар вилояти Хатлон» қарори раиси ноҳия аз 16 майи соли 2019, ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва нақшаи ба истифодадиҳии корхонаҳои саноатӣ барои соли 2019 тасдиқ гардид, - мегӯяд Абдумалик Пошоқулов. - Тибқи он таъсиси ҳашт корхонаю коргоҳи нави саноатӣ бо ташкили 39 ҷойи нави кор дар назар буд. Аз ҷумла, коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва маҳсулоти қаннодӣ, корхонаи истеҳсоли хишти бетонӣ аз ҷониби соҳибкорон дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия пешбинӣ гардида, то ин муддат чортояш ба фаъолият оғоз намуд.
Ҳамин тариқ, дар шаш моҳи соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 49,3 миллион сомонӣ, ё ин ки бо нархҳои муқоисавӣ 103,7 дарсад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта иҷро  гардид.

Музаффариятҳои деҳқонони қавиирода      
Деҳқонони қубодиёнӣ дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат нақши муассир доранд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, - иттилоъ дод Зулфиқор Мусулмонов, - 258,1 миллион сомониро ташкил дод (109 дарсад). Ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 21,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ба миқдори 18 ҳазору 200 тонна зироатҳои ғалладонагӣ, 7 ҳазору 942 тонна картошка, 37649,4 тонна сабзавот, 12 ҳазору 452 тонна полизӣ, 3 ҳазору 137 тонна мева, 649 тонна ангур ва 7 ҳазору 331 воҳиди хӯрока зироати хӯроки чорво истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 100,9 то 124,4 дарсадро ташкил менамоянд. Ба миқдори 4 ҳазору 812 тонна ё ин ки 101,3 дарсад маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 4 ҳазору 472 тонна пиёз тариқи роҳи оҳани вилояти Суғд, 300 тонна олу ва 40 тонна зардолу ба воситаи гузаргоҳи гумрукии шаҳри Турсунзода ба хориҷи кишвар содирот гашт.
Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ 1 ҳазору 899 тонна гӯшт,  6 ҳазору 552 тонна шир, 1 миллиону 92 ҳазору 300  дона тухм, 144 тонна пашм, 48,9 тонна пилла ва 12 тонна асал истеҳсол гардиданд,  ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 100 то 199,6 дарсадро дар бар мегиранд.
Таъмин бо ҷойи кор
Бо ҷойи кори доимию мавсимӣ таъмин кардани аҳолии корҷӯ дар сиёсати Ҳукумати мамлакат аз авлавияти вижа бархӯрдор аст. Дар ноҳияи Қубодиён, ба гуфтаи Ойдиной Авезова, сардори шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия, имсол ҳафт ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд, ки дар ҷараёни ин чорабиниҳо 96 нафар бо кори доимӣ таъмин гардид, 18 нафар ба корҳои фардӣ, 45 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 166 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ сафарбар шуданд. 
Дар ноҳия 1 ҳазору 346 ҷойи кории нав таъсис ёфт, ки 432 - тояш доимӣ, 748 - мавсимӣ ва 166 - тояш муваққатӣ мебошад.

Омодагӣ ба зимистон 
Мақоли халқие ҳаст, ки “фикри зимистонро дар тобистон кунанд”. Бо ин мақсад тибқи қарори раиси ноҳия ситоди ноҳиявӣ таъсис ёфта, масъулон ҷиҳати бурдани корҳои оммафаҳмонӣ  бо мақсади захираи маводи сӯхт, ангишт, брикетҳои сӯзишворӣ, ҳезум ва хӯрокворӣ барои бомуваффақият гузарондани зимистон муваззаф шуданд. Кормандони шабакаҳои барқ ҳама навъи хатҳои барқро аз назорат гузаронда, таъмири изоляторҳо ва зеристгоҳҳоро анҷом доданд.
Ба хотири аз хисороти боришот эмин мондан дар доираи чораҳои тирамоҳию зимистонӣ аз ҷониби идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 46 километр шабакаҳои обёрӣ, 29,5 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуда, 12 иншооти гидротехникӣ, 15 иншооти обченкунӣ ва 37 дастгоҳи обкашӣ таъмир гардиданд.
Ба қавли Абдумалик Пошоқулов, масъули тадбирҳои зимистонгузаронӣ дар ноҳия, маҷмӯи корҳои дигар низ дар ҳама арсаҳои хоҷагии халқ дар марҳилаи иҷро қарор доранд.
 
Ояндаи дурахшон дар пеш
Ҳарчанд дар ноҳияи Қубодиён ба мисли дигар минтақаҳои кишвар масоили ҳалталаб ҳанӯз ҳам ҷой доранд, натиҷаҳои шаш моҳи фаъолияти меҳнаткашон шаҳодат аз он медиҳанд, ки ин гӯшаи диёр дар солҳои наздик ба яке аз мавзеъҳои дӯстдоштаи сайёҳон, истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии фаровон табдил меёбад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2019    №: 142    Мутолиа карданд: 852
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед