logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ
барои дуздии 146 085 сомонӣ пули барқ
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия алайҳи Сайҷамол Мираков, муовини ҶСК «Шабакаҳои барқии ноҳияи Рӯдакӣ» оид ба фурӯши барқ, бар асоси моддаи 245 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.
Маркази матбуоти агентӣ хабар медиҳад, ки номбурда 15 октябри соли 2018 дар ду ҳолат аз шахсони масъули ҶДММ «Мавлонои Румӣ» 152000 сомонӣ пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқро қабул намуда, тавассути мошинаи хотираи фискалӣ ба намояндагони ширкати мазкур расидҳои пардохт медиҳад. Аз ин маблағ, ки ба таври нақд гирифтааст, 5915 сомонӣ ба бонк пардохта, 146 085 сомониро ба ҷайби худ задааст.
Моддаи 245 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз  ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулкро пешбинӣ мекунад.

ТАҲДИДИ КУШТАН
Гумонбар ба даст афтод
Мақомоти корҳои дохилӣ ба тафтиши амали марди 36 - солае пардохтанд, ки дар шаҳри Душанбе як сокини ноҳияи Ванҷро таҳдид ба куштан кардааст.
Дар ин бораи сомонаи ВКД хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, ҳодиса 21 июл дар тарабхонаи «Абрикол» - и пойтахт ба амал омадааст. Марди гумонбар ба таҳдиди куштор, ки аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудааст, соати 22:40 дақиқаи ҳамон рӯз дар ҳолати мастӣ бо истифодаи корди хоҷагӣ ба сокини ноҳияи Ванҷ дарафтода, ӯро захмӣ намудааст.
Боздоштшуда сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда, ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот давом дорад.

Сокини шаҳри Ҳисор хонаеро дар Қубодиён ғорат кард
Як сокини шаҳри Ҳисор, ки маркази матбуоти ВКД аз ӯ ҷавони  20 - сола ном мебарад, дар деҳаи Навободи ноҳияи Қубодиён даст ба дуздӣ задааст.
Дар ин бора зани 61 – солаи ноҳияи Қубодиён ба ШВКД дар ноҳия арз карда, изҳор доштааст, ки нимаи аввали рӯзи 23 июли соли ҷорӣ шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқ 50 000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар пайи аризаи ин зан мақомоти милитсия чорабиниҳои фаврӣ – ҷустуҷӯӣ гузаронда, шахси гумонбар ба дуздиро боздошт намуданд, ки ҳоло тафтишоти ҳодисаи мазкур идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2019    №: 142    Мутолиа карданд: 1140
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед