logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Эшонқул Нуъмонов дар оилаи хизматчӣ дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1937, пас аз хатми факултети коргарии техникуми индустриалӣ, ба факултети химияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуда, барои илм омӯхтан ҷидду ҷаҳд ба харҷ дод. Аммо, соли 1941, вақте Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт, Эшонқул Нуъмонов таҳсилро монанди дигарон қатъ карда, ба фронт рафт. Ба сифати лейтенанти ротаи миномиётчиён то соли 1945 адои хизмат кард. Ӯ ҳамяроқонашро даъват менамуд, ки ба муқобили фашистон мубориза баранд, сарзамини хешро аз юғи истилогарон озод намоянд. Ғалабаро лейтенанти калон дар майдони ҷанг истиқбол гирифт ва то охири умраш аз он нақл мекарду ёдовар мешуд, ки агар ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва муттаҳидӣ байни миллатҳо намешуд, ғалаба ба даст намеомад.

Устод баъди ҷанг ба Тоҷикистон баргашта, фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси лаборанти калони филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС оғоз бахшид. Кормандони филиали тоҷикистонии академия бо мақсади дар самтҳои мухталиф амалӣ гардондани таҳқиқи химиявии боигариҳои табии минтақа фаъолият мебурданд. Бо гузашти солҳо, дар ҳамин замина, Институти химия таъсис ёфт ва ба яке аз муассисаҳои бонуфуз табдил ёфт. Пасон, бо тавсияи директори институт В.И. Никитин ба аспирантураи назди Институти химияи органикии ба номи Н.Д. Зелинскийи Академияи илмҳои ИҶШС дохил шуда, рисолаи номзадиашро таҳти роҳбарии академик Л.Ф. Верешагин бомуваффақият дифоъ кард. Соҳиби унвони номзади илм шуда, фаъолияташро ба ҳайси ходими калони илмӣ ба таҳқиқи таркибу хосиятҳои нафти вазнини депрессии Тоҷикистон ва фурӯхамии Афғонистону Тоҷикистон вусъат дод. Ин таҳқиқот, ки дарёфти усулҳои ҷудокунӣ, омӯзиши сохтор ва хосиятҳои физикию химиявии компонентҳои ҳетероатомӣ, алалхусус пайвастҳои сулфурорганикӣ, синтези мақсадноки намунаҳои сулфурдори онҳоро дар бар мегирифт, самти асосии таҳқиқоти Эшонқул Нуъмонов гашт.
Вай натиҷаи таҳқиқоти чандинсолаи хешро дар шакли рисолаи докторӣ ҷамъбаст карда, соли 1971 дар шӯрои якҷояи илмии химия ва технологияи химиявии Академияи илмҳои Ӯзбекистон дифоъ намуд. Ҳамон сол Эшонқул Усмонович директори Институти химияи Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон таъйин ва то соли 1989 дар ин вазифаи пурмасъулият кор кард. Дар раванди роҳбарии академик Эшонқул Нуъмонов дар Институти химия якчанд озмоишгоҳҳои илмӣ таъсис дода шуда, имрӯз ҳам фаъолияти пурсамар доранд.
Академик Э. Нуъмонов фаъолияти гуногунҷабҳа дошта, давоми фаъолияташ беш аз 250 мақолаи илмӣ навишта, дар маҷаллаҳои илмиву рӯзномаҳо чоп намудааст. Боиси зикр аст, ки Нуъмонов, ҳамчунин, барои корҳои эҷодӣ ба гирифтани 50 шаҳодатномаи муаллифӣ (патент) мушарраф шудааст.
М. МУҲАММАДҶОНОВ,
дотсенти кафедраи химияи органикӣ
ва амалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2019    №: 142    Мутолиа карданд: 1076
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед