logo

фарҳанг

ОЗМУН. АНДЕШАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ!

Озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои клубӣ таҳти унвони «Даргоҳи ҳунар ва маърифат», ки ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуд, ҷамъбаст гардид.
Озмуни мазкур бо мақсади тарғиби фарҳанг ва санъати миллӣ, ташаккули ҳисси худшиносию ватандӯстии шаҳрвандон,  ободонӣ ва ба талаботи замони муосир мувофиқ гардондани мазмуну мундариҷаи кори муассисаҳои клубӣ ва беҳтар намудани сифати чорабиниҳои фарҳангӣ дар шароити нави иҷтимоӣ ташкил гардид.
Раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҳисор, Ваҳдат, Рӯшон, Деваштич, Тоҷикобод, Рашт, Панҷ, Дарвоз, Нуробод ва Рӯдакӣ  дар баргузории даври аввал ва дуюми озмуни мазкур фаъолона ширкат варзиданд. Ба даври ниҳоии озмун пешниҳод гардидани муассисаҳои клубӣ аз шаҳру ноҳияҳои номбаршуда гувоҳи он аст, ки масъулини соҳа барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмун кӯшиши зиёд намудаанд.
Озмун дар ду давр баргузор гардида, ҳайати ҳакамон аз ҳисоби ғолибони даври дуюм барои даври ҷамъбастӣ беҳтаринҳоро интихоб намуданд. Иштирокчиёни беҳтарин аз ҷониби кумитаи тадорукот бо диплом, сипоснома, мукофотҳои пулӣ, инчунин, бо нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шуданд. Дар номинатсияи «Муассисаи клубии беҳтарин» ҷойи аввал  насиби қасри фарҳанги ноҳияи Рӯшон гардид. Ҷойҳои дувуму сеюмро қасрҳои фарҳанги ноҳияҳои Деваштич ва Муъминобод  ишғол намуданд. Миёни хонаҳои фарҳанг кохи Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод  ҷои аввалро гирифт. Хонаҳои фарҳанги Ҷамоати деҳоти ба номи Бозорбой Бурунови шаҳри Ваҳдат ва Ҷамоати деҳоти «Нури Ваҳдат» - и ноҳияи Панҷ  ҷойҳои баъдиро ишғол намуданд. 
Марказҳои фарҳангӣ  - фароғатии шаҳри Ҳисор,  ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Ишкошим низ дар самти худ беҳтарин дониста шуданд. Клуби беҳтарин клуби марказонидашудаи шаҳри Душанбе гардид. Клубҳои деҳаи Хоҷа Аълои Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва Ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт ҷойҳои дигарро соҳиб шуданд.
Дар номинатсияи «Корманди беҳтарин» ҷои аввал ба Арчабек Азизов,  сармутахассиси бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор насиб гашт. Ғайбулло Насруллоев, сармутахассиси бахши фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ва Обода Шодиева, сармутахассиси раёсати фарҳанги вилояти Суғд ҷойҳои баъдиро ишғол карданд. Миёни роҳбарони бадеии қасрҳои фарҳанг Фатҳиддин Юсуфӣ, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов, Сайфиддин Неъматуллоев, роҳбари бадеии хонаи фарҳанги ноҳияи Дарвоз ва Шокир Қодиров, роҳбари клуби деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод, беҳтарин ҳисобида шуданд. Назира Наимова, роҳбари маҳфили ҳунарҳои мардумии хонаи фарҳанги Ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб, Рамазон Қурбонов,  роҳбари маҳфили мусиқии қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ ва Муҳаббат Ҳакимова, роҳбари маҳфили рақсии «Муҳаббат» - и ноҳияи Шаҳритуз низ дар қатори беҳтаринҳо номбар шуданд.  
Гулсара Ватаншоева, мудири клуби Ҷамоати деҳоти Аличури ноҳияи Мурғоб, Давлатбӣ Валиева, мудири клуби деҳаи Арабои Ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Тошбек Тоиров, мудири клуби Ҷамоати деҳоти Муксуи ноҳияи Лахш беҳтарин интихоб гардиданд.
Дар рафти баргузории озмуни мазкур муайян гардид, ки  дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангии кишвар камбудиҳои ислоҳталаб низ ҷой доранд. Масалан, фаъолияти маҳфилҳои ҳаваскорони санъат, ки дар назди қасру хонаҳои фарҳанг ва клубҳо амал мекунанд, ба талаботи замон ҷавобгӯ намебошанд. Дар сурате, ки баъзе аз хонаҳои фарҳанг ва ё клубҳо доира ҳам надоранд, ҳисобот медиҳанд, ки гӯё маҳфили доиранавозон дошта бошанд. Беҳтар мебуд, ки ба ҷойи ин маҳфилҳои ба «ном» амалкунанда, дастаҳои ҳунарҳои мардумӣ, омӯзиши воситаҳои компютерӣ, забонҳои хориҷӣ, шашмақомхонӣ, фалаксароӣ ташкил шаванд. Дар аксари муассисаҳои клубии кишвар воситаҳои тақвияти овоз набуда, кормандон аз асбобҳои мусиқии шахсиашон истифода мебаранд. Либосҳои саҳнавӣ низ куҳнаю фарсудаанд. Дар баъзе муассисаҳо, умуман, либос вуҷуд надорад. Аз буҷети маҳаллӣ барои хариди чунин воситаҳо маблағ ҷудо намешавад. Чорабиниҳои фарҳангӣ  ва барномаҳои консертии бахшҳои фарҳанг ва муассисаҳои клубӣ мундариҷаи муайян надоранд. Кормандони соҳаи фарҳанг бояд таҷрибаи хуби хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлобро, ки  бо ташаббуси бонуи ҳунарманд Назира Наимова таъсис ёфтааст, инкишоф диҳанд. Инчунин, ташаббуси Абдуқодир Шодиевро, ки дар назди хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти «Нури Ваҳдат» - и ноҳияи Панҷ маҳфили кулолиро ташкил кардааст, аз худ намуда, иқдоми неки роҳбарияти қасри  фарҳанги ноҳияи Деваштичро, ки маҳфили рақсиро ҷонибдорӣ мекунад, сармашқи кори худ созанд.  Дар фаъолияти бисёре аз кормандони соҳаи фарҳанг ташаббускорӣ, эҷодкорона муносибат кардан ба вазифаҳои худ намерасад.  
Шодибек УСМОНОВ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2019    №: 143    Мутолиа карданд: 1107
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед