logo

сиёсат

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ШИНОСОИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои сохтмонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ дар чанд ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон шинос шуд.
Дар ҷараёни сафар Қоҳир Расулзода сараввал ҳамроҳ бо раиси вилоят ва дигар шахсони мутасаддӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии бахши агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон коргоҳи дӯзандагӣ, бинои дуошёнаи боғчаи бачагон барои 200 нафар кӯдак, бинои тарабхона ва толори варзиш дидан намуданд.
Сарвазири мамлакат дар деҳаи Сари Мазори деҳоти ба номи Сафар Амиршоев бо рафти корҳои сохтмонии бозори марказии ноҳия, дар деҳаи Калтачинори деҳоти Тоҷикистон бо фаъолияти корхонаи коркарди сангҳои маҳаллии ҶДММ «Элегант» ва  корҳои сохтмонии хати оби нӯшокӣ  шинос шуд, инчунин, аз сохтмони майдончаи варзиш,  маркази савдо,  корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш дар деҳаи Шаҳидони Ҷамоати деҳоти Сари Хосор, меҳмонхона дар деҳаи Пештова, парваришгоҳи зироатҳои кишоварзӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 дар деҳаи Мулоконӣ, неругоҳи хурди барқи обӣ дар деҳаи Шибдара, меҳмонхона (коттеҷҳо) дар мавзеи Аспоғула, меҳмонхона дар мавзеи Пушти Боғ дидан  карда, бо соҳибкорону коргарон суҳбатҳо анҷом дод. Ба масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд ба анҷом расондани корҳои сохтмонӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.
Қоҳир Расулзода дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг низ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.
Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  сараввал бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои МТМУ №4 барои 340 хонанда дар як баст ва сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ дар деҳаи Лоҳутӣ шинос гардид. Дар деҳаи Лоҳутӣ, инчунин, сохтмони бинои беморхонаи рақамӣ босуръат идома дорад. Зимни боздид аз сохтмони муассисаи тандурустӣ Сарвазири мамлакат ба паймонкорони иншоот баҳри бо сифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастурҳо дод.
Ҳайати гурӯҳи корӣ, ҳамчунин, бо вазъи парвариши зироатҳои кишоварзӣ, боғдорӣ, истифодаи оқилонаи замин, захираи хӯроки дурушти чорво дар хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуд. Дар ноҳия дар партави сиёсати хирадмандонаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмонии маҷмааи Нишон, Парчами давлатӣ ва боғи фарҳангӣ - фароғатӣ хуб ҷараён доранд.
Ҳамчунин, гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои сохтмонии бинои беморхонаи марказии ноҳия дидан намуд. Дар ноҳия ба ифтихори ҷашни таърихӣ сохтмони биноҳои хизматрасонию маишӣ ва фарҳангию варзишӣ идома меёбанд.
Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Муъминобод аз рафти корҳои сохтмонии бинои истиқоматии 5 - ошёна дар шаҳраки Муъминобод дидан намуд. Дар шаҳрак, инчунин, бунёди осоишгоҳи бемориҳои қалб бо суръат идома дорад. Сохтмони ин иншооти муҳим имкон фароҳам меоварад, ки 107 нафар дар як вақт ба табобату истироҳат фаро гирифта шавад.
Ҳамзамон, Сарвазири мамлакат ва ҳамроҳонаш аз ҷараёни корҳои сохтмонии корхонаи саноатии коркарди меваю сабзавот, варзишгоҳ, меҳмонхона ва дигар иншооти ҷашнӣ дидан намуданд.
Сарвазир дар рӯзи дуюми сафари корӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти хоҷагидорон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб шинос шуд. Инчунин, ҳайати ҳукуматӣ  ҷараёни корҳои сохтмонии варзишгоҳи шаҳр, боғи марказӣ, маркази ҷавонони шаҳр, ҷараёни бунёди  биноҳои баландошёна,  корҳои сохтмонӣ дар бинои коллеҷи санъат, маркази ҷарроҳии дил ва маҷмааи фарҳангию варзишии модару кӯдакро санҷид.
Дар хотимаи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи сайёри Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо иштироки фаъолони вилояти Хатлон доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур Сарвазири мамлакат бо натиҷагирӣ аз сафари серӯза дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба масъулин ҷиҳати хуб ба роҳ мондани корҳои бунёдкорӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъати корҳои созандагӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АМИТ «Ховар»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2019    №: 144    Мутолиа карданд: 1013
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед