logo

иқтисод

ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД БУД

Дар арафаи тантанаҳои истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ КВД “Тоҷикаэронавигатсия” шарафёб гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти яке аз иншооти стратегии аэронавигатсияи кишварамон - Манораи муназзимӣ ва инфрасохтори марбути он дар фурудгоҳи Душанбе ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Имрӯз корхона боз ба як комёбии дигар – ташкил ва мавриди истифода қарор додани долони нави транзитӣ  ноил гардид.  Директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Ашӯров дар ин бора андешаҳояшро ба хабарнигори рӯзнома баён намуд:
- КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар шашмоҳаи соли равон тамоми корҳои нақшавии худро бомуваффақият иҷро карда, дар ин фосила ба 21 522 киштии ҳавопаймоӣ хизмат пешкаш намуда,  уҳдадориҳои худро дар самти пардохти андозҳои давлатӣ бинобар зиёд намудани даромади умумии муассиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 9,4 дарсад афзоиш дод.
Баробари анҷоми сохтмони манораи муназзимӣ дар фурудгоҳи Душанбе, ки аз ҳисоби гранти Фаронса бо иштироки ширкати бонуфузи сохтмонии ин давлат “Mark Meunier” эъмор гардид, аз ҳисоби даромадҳои корхонаамон бо таҷҳизоти марбути аэронавигатсионии муосири ширкатҳои «Систем-Интерфейс»-и Британияи Кабир, «RID» - и Олмон   муҷаҳҳаз гардонда шуда, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт.
Дар ин фосила бо дастгириву ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии мустақил бо иштироки роҳбарони корхонаҳои аэронавигатсионии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва истеҳсолкунандагони таҷҳизоти аэронавигатсионии ҷаҳонӣ аз ИМА, Олмон, Фаронса, Испания, Чехия, Австрия, Финландия, Россия, ҳамчунин, намояндагони ташкилотҳои байналмилалии авиатсионии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ - ИКАО, Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ - ИАТА ва Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ - МАК  бомуваффақият гузаронда шуда, аз тарафи иштирокдорон баҳои баланд гирифт.
Бо мақсади вусъат бахшидан ба сифатнокии фаъолият ва ҷалби баҳрабардорони нав 72 адад NOTAM нашр гардида, 565 адад иҷозатномаи истифодаи фазои ҳавоии ҷумҳурӣ, ки аз онҳо 59 адад барои парвозҳои доимии транзитӣ, 264 адад барои парвозҳои ғайридоимии транзитӣ, 122 адад барои парвозҳои доимии нишаст ва 120 адад барои парвозҳои  ғайридоимии  нишаст дода шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони сохторҳои гуногуни корхона ва бархӯрдориву дастгирии сиёсати давлату Ҳукумат курсҳои иловагии забони англисии умумӣ ва хонишҳои идоравии кормандон ба роҳ монда шуданд, ки самараи хуб дода истодаанд.
КВД “Тоҷикаэронавигатсия” танҳо дар соли 2018 тавонист бо истифода аз захираҳои зеҳнии худ 11 долону хатсайри транзитии ҳавоиро ташкил, тасдиқ ва ба истифода супорад.
Пайваст намудани роҳҳои ҳавоӣ аз ҷануб ба самти шимол тавассути фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кушодани долони ҳавоӣ бо номи PINAX (Панҷ), ки қитъаи воқеъ дар фазои ҳавоии Афғонистон асту аз соли 2001 бинобар вуруди Қувваҳои эътилофи байналмилалӣ то соли 2017 барои парвозҳо баста буд, тавассути гуфтушунидҳои бевоситаи доманадори пайваста бо мақомоти авиатсияи граждании Афғонистон, ҳам дар ҳудуди Тоҷикистону ҳам дар ҳудуди Афғонистон, ниҳоят имкон фароҳам овард, ки он моҳи феврали соли 2017 аз нав ифтитоҳ ёбад. Танҳо соли 2018 аз ин долон беш аз 3000 ҳавопаймо баҳра бардошт, ки нишондоди ниҳоят баланд мебошад.
 Бо дастрасӣ аз ин комёбӣ ва баррасии амиқи масъала зарурати кушодани роҳҳои ҳавоӣ аз ҷанубу ғарб ба самти шимолу шарқ тавассути фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кушодани долонҳои ҳавоии байни Афғонистону Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Дар ин нимсола  мо  тавонистем бо мақсади татбиқи барномаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати “дарҳои кушода” ва ба “кишвари транзитӣ” табдил додани Тоҷикистон  қитъаҳои нави хати байналмилалии ҳавоӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон DILRO –NULMO ва FAYZOBOD-OKTAB-IRTAJ бо долони нави IRTAJ байни Тоҷикистону Афғонистон таҳия, ташкил, тасдиқ ва дар NOTAM нашр намоем, ки ниҳоят муҳиму қобили зикри махсус аст.
Масири нав аз нуқтаи FAYZOBOD ибтидо ёфта, тавассути нуқтаи IRTAJ - и сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фазои ҳавоии Афғонистон тавассути нуқтаҳои роҳи ҳавоии KHOLM, BURTA ва  BUDBO ва шабакаи хатҳои ҳавоии мавҷудаи Эрон  пайваст мешавад. Он дар муқоиса бо масирҳои амалкунандаи берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 176 км кӯтоҳтар буда, вақти парвозро танҳо дар як самт 15 - 20 дақиқа ва сарфаи сӯзишвориро тақрибан  800 - 1000 кг кам менамояд.   
Як нуктаро бояд зикр кунам, ки ҳангоми парвоз бо тайёра аз фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - Душанбе, Кӯлоб ва Бохтар ба тарафи Дубай, Шарҷа вақти парвоз то 20 дақиқа коҳиш ёфта, масофа дар ин сурат 237 км кам гардида,  сарфи сӯзишворӣ барои тайёраҳои миёнаҳаҷм то 800 кг кам мегардад. Ҳангоми парвоз аз  фурудгоҳҳои Алмаато ба Дубай бошад, вақти парвоз то 35 дақиқа, масофа 422 км ва сарфи сӯзишворӣ барои чунин тайёраҳо то 2000 кг кам мешавад, ки хеле назаррас буда, метавонад боиси боздиди нархномаву имтиёзҳо барои мусофирон ва захираи вақти онҳо бошад.  
Бо назардошти ба истифода супурдани долони нави IRTAJ - минтақаи нави хати ҳавоии байналмилалии   “B904” фармоиши  муштараки Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии авиатсияи граждании назди   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2019 таҳти №455/143 содир гардида, 26 июни 2019 аз ҷониби Тоҷикистон ва 6 июли 2019 аз ҷониби Афғонистон оид ба истифода додани ин хатҳои ҳавоӣ НОТАМ нашр шуд ва дар “Номгӯи хатҳои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон” интишор ёфт.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2019    №: 144    Мутолиа карданд: 888
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед