logo

фарҳанг

"ДУРАХШАНДАГОН" ВА НАҚШИ ОН ДАР КАМОЛОТИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОС

Барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи муосир ҷавобгӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати маориф ва илм Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» таъсис ёфтааст. Тавассути бурсияҳои ҳукуматӣ, ҳамасола ҷавонони зиёд барои таҳсил ба беҳтарин муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ сафарбар мегарданд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти марказ ин татбиқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” мебошад. Он ҷиҳати тайёр намудани  мутахассисони баландихтисос дар кишварҳои хориҷӣ таъсис дода шудааст. Стипендияи мазкур аз ҷониби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад. Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи маблағҳои фонди зикргардида ҳамасола теъдоди муайяни хонандагони лаёқатманди кишварамон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ фиристода мешаванд.
Баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҷавонон тибқи банди сеюми Низомномаи Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008, № 502 таъсис дода шудааст ва моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” аз 22 июли соли 2013 ва талаботи қарордоди баимзорасида, уҳдадор мегарданд, ки пас аз хатм ба ҷумҳурӣ баргашта, аз рӯи ихтисос дар муассисаҳои давлатӣ на кам аз 5 сол фаъолият намоянд.
Ҳамзамон, тибқи талаботи низомномаи мазкур номгӯи ихтисосҳое, ки тавассути стипендия маблағгузорӣ мешаванд, дар асоси дархост ва талаботи муассисаҳои дахлдори давлатӣ тартиб дода мешаванд. Бинобар ин, Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм, Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор ҳар як хатмкунандаро бо ҷойи кор таъмин менамояд. Дар ин росто, як нуктаи дигарро бояд зикр кард, ки мувофиқи банди 4 ва сархати 13 - и    Низомномаи тартиби гузарондани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016 таҳти  № 647 тасдиқ шудааст, мутахассисони ҷавоне, ки тибқи квотаҳои давлатӣ ва ё роҳхати мақомоти давлатӣ мактабҳои олиро хатм кардаанд, ҳангоми маротибаи аввал таъйин ба мансабҳои категорияи ҳафтум бе озмун  сурат мегирад.
Дар солҳои таҳсили 2014 - 2018 аз ҳисоби Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» 103 нафар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷиро аз рӯи ихтисосҳои табиӣ - техникӣ (69 нафар), гуманитарӣ ва тиббӣ (34 нафар) хатм намуд. Миёни онҳо тахассуси соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, ҳолатҳои фавқулода, сайёҳӣ, сохтмони пулу роҳ ва нақбҳо, стандартизатсия, ҳавонавардӣ, бонкдорӣ, ки барои рушди иқтисодиёти миллӣ зарур ҳастанд, ҷо доранд.
Бештари хатмкардагон дар вазорату кумита ва идораҳои давлатӣ барои рушди иқтисодиёти кишвар саҳми худро гузошта истодаанд.
Ҳамзамон, баҳри рушди соҳаи фарҳанг бо дастуру супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4 апрели соли 2016 аз рӯи ихтисоси вокал Шорух Юнусов дар Консерваторияи Милан ба номи Ҷузепе Вердеи Ҷумҳурии Италия аз ҳисоби Стипендияи “Дурахшандагон” ба таҳсил фаро гирифта шуд. Боиси ифтихор аст, ки Ш. Юнусов якумин донишҷӯи ин муассисаи бонуфуз аз минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Инчунин, аз ҳисоби стипендияи мазкур Субҳон Одинаев, Имом Мираҳмади Шарофиддин ва Ризо Баҳромзод зинаи магистратураро дар соҳаи физикаи ядроӣ хатм намуда, дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодаанд.
Ф. ПИРАКОВ, муовини директори маркази барномаҳои байналмилалӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2019    №: 145    Мутолиа карданд: 933
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед