фарҳанг
БАРТОЛД ВА ТАРАННУМИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКӢ
Дар рушди шарқшиносии ҷаҳон академик Василий Владимирович Бартолд мақоми намоён дорад. Самтҳои асосии фаъолияти илмии Бартолдро пажӯҳиши таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ, равобити фарҳангии Шарқу Ғарб ташкил менамояд.
Маҳсули эҷодиёти академик ба омӯзиш ва таҳқиқи шоҳигариҳои Юнон, Бохтар, Кӯшониён ва кишварҳои дигар, аз ҷумла забон ва дастхатҳои суғдӣ, тохарӣ, эфталитӣ, этногенези тоҷикон рабт мегирад. Ҳамчунин, ба қалами академик Бартолд очеркҳо роҷеъ ба таърихи иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҷуғрофӣ, ва бостоншиносии Осиёи Марказӣ тааллуқ доранд. Мавсуф, дар ҳақиқат, тараннумгари таърих ва фарҳанги тоҷикон мебошад. Академик соли 1925 очерки “Тоҷикон” - ро рӯи чоп овард. Дар ин асар қайд намудааст, ки тоҷикон соҳибтамаддун буда, таъсири хешро ба таърих ва фарҳанги дигар қавму миллатҳо, амсоли ӯзбекон, қазоқҳо, қирғизҳо ва туркманҳо гузоштаанд.
Бояд зикр кард, ки В. Бартолд махзани пурғановати илмиро доир ба омӯзишу таҳқиқоти таърих ва фарҳанги мардуми Осиёи Миёна ба вуҷуд овард. Илова бар ин, барои бунёди ниҳоди илмӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ташкил намудани китобхонаи илмӣ, созмон додани маъхазҳои осори хаттӣ ва ҷамъовариву омӯзиши онҳо саҳми пурарзиш гузошт. Худи Бартолд муаллифи зиёда аз 500 асар буда, ба ҳайси сарвари Осорхонаи антропологӣ ва мардумшиносии Санкт-Петербург дар самти ҳифзу нигаҳдории осори хаттии таърихиву мардумшиносӣ саҳми шоиста дорад.
Мавриди зикр аст, ки академик В. Бартолд дар бузургтарин махзанҳои илмии дунё, аз ҷумла дар китобхонаҳои Англия, Олмон, Фаронса, Туркия ва дигар кишварҳои ғарбу Иттиҳоди Шӯравӣ таҳқиқот бурдааст. Мақсади асосии сафарҳои академик В. Бартолд ба хориҷа омӯзиш ва таҳқиқи маҷмӯаи дастхатҳои нодири шарқӣ буд. Тӯли фаъолияти илмиву эҷодии хеш дар чандин донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон доир ба муҳимтарин самтҳои шарқшиносӣ суханронӣ намудааст.
Чанде пеш бахшида ба 150 – солагии ин шарқшиноси машҳури рус бо ташаббуси Институти омӯзиши масоили давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Саҳми академик В. Бартолд дар омӯзиши таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиш сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин - Флоров, инчунин, сафири Олмон дар Тоҷикистон Ҳофер Визинг Найтхарт ширкат ва суханронӣ карданд.
Маърӯзаҳои доктору профессорони номвар ва умуман намояндагони илми ҷаҳонӣ дар мавзӯъҳои вобаста ба ҳаёту эҷодиёти академик Бартолд писанди сомеон гардиданд. Дар маҷмӯъ, 21 маърӯза шунида шуд, ки қариб ба ҳамаи паҳлуҳои зиндагӣ ва тадқиқоти академик Бартолд равшанӣ андохтанд. Ҳамчунин, асарҳо ва аксҳои Бартолд ба маъраз гузошта шуданд, ки ба тамошобинон таассуроти нек гузошт.
Санавбар ВОҲИДОВА,
доктори илмҳои таърих, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.07.2019 №: 145 Мутолиа карданд: 1024