logo

ҳуқуқ

БАДАХШОН. ҶИНОЯТКОРӢ МИЁНИ НОБОЛИҒОН АЗ МАСЪАЛАҲОИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД

Дар шаш моҳи аввали соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3 ҷиноят бо иштироки 7 ноболиғ сабт шудааст. Ҳамчунин, ҷиҳати риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму  тарбияи фарзанд” нисбат ба 885 нафар волидон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва 567 падару модар ба маблағи 32328 сомонӣ ҷарима шуд. Нисбат ба 190 нафар падару модар огоҳӣ татбиқ гардида, 108 парванда мавриди баррасии судҳо қарор дорад.
Ин нуктаро Ғайратшо Муборакшозода, муовини якуми сардори РВКД дар ВМКБ, зимни ҷаласаи комиссия доир ба чорабиниҳои профилактикӣ - фаҳмондадиҳӣ ва таъсиррасонии ин ниҳод дар нимсолаи аввали соли равон баён дошт. Ӯ изҳори ташвиш кард, ки байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ба ном “лидерҳо” пайдо шуда истодаанд, ки ба муноқишаҳои байни синфҳо ва мактабҳо сарварӣ мекунанд. Ин ҳолат ба афзоиши ҷинояткорӣ байни ноболиғон оварда мерасонад. 
Дар ҳамин ҳол, Фирӯз Гулзоров, сармутахассиси бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки вилоят, доир ба натиҷаҳои фаъолияти комиссияи вилоятӣ иттилоъ дод, ки дар ин давра комиссия дар ҳамбастагӣ бо идораву муассисаҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва соҳавӣ корҳои муайянеро анҷом дод. Дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир ба Конвенсияи СММ “Дар бораи ҳуқуқи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти  падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, зарари нашъамандӣ, суиқасд ба ҷони худ ва ғайра вохӯриву суҳбатҳо гузаронда шуданд.
Дар машварат фаъолияти комиссияҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ интиқод шуданд. Ҳамчунин, доир ба ҳодисаҳои ҷалби ноболиғон ба кор, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки комиссияҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки шаҳру ноҳияҳо масъаларо таҳти таваҷҷуҳи махсус қарор диҳанд, то пеши роҳи  қонуншиканиҳо гирифта шавад.  
Раҳмони  ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2019    №: 145    Мутолиа карданд: 935
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед