logo

сиёсат

ҚАБУЛИ ЭЪТИМОДНОМА АЗ САФИРОНИ НАВТАЪЙИН

31 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини як қатор давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоднома қабул намуданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Таджибаев, Ҷумҳурии Ҳиндустон Вираҷ Сингҳ, Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Ҳайдар, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Меттю Лоусон, Гурҷистон Зураб Абдушелишвили, Ҷумҳурии Корея Кан Ҷе - квон, Босния ва Герсеговина Самир Веладзик, Ҷумҳурии Колумбия Алфонсо Лопес Кабалйеро, Австралия Грейм Михан ва Ҷумҳурии Федеролии Демократии Эфиопия Гирма Тамесген Баркесса ба таманниёти неку шодбошии роҳбарони давлатҳояшон эътимоднома супурданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро барои оғози иҷрои вазифаи сафири давлатҳои худ дар  Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳори умеду бовар намуданд, ки дар фаъолияти самараноки дипломатии худ ба рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманду гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва кишварҳояшон ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
 Таъкид гардид, дар Тоҷикистон, аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, сиёсати фаъоли хориҷии "дарҳои боз" пеш гирифта шуда, барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, бо доираи васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ, кӯшишҳои пайваста ба харҷ дода мешавад.
Изҳори итминон карда шуд, ки сафирони навтаъйин дар иҷрои вазифаи сермасъулияти сафирӣ бо Тоҷикистон, шиносоии бештару наздик пайдо карда, дар таҳкими равобити дӯстонаи байнидавлатӣ саҳми арзанда мегузоранд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2019    №: 146 - 147    Мутолиа карданд: 906
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед