logo

иқтисод

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ БА 12 МИЛЛИАРД СОМОНӢ РАСИД

Саноатчиёни мамлакат рушди устувори минбаъдаи кишварро дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ, ки ҳадафи асосии фаъолияти Ҳукумат арзёбӣ гардидааст, дар сархати вазифаҳои аввалиндараҷаи худ қарор додаанд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ наздики 12 миллиард сомониро ташкил дода, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда ба 12,5 дарсад расид.
Афзоиши ҳаҷми истеҳсолу истихроҷи маҳсулот дар бахшҳои ангишт 18,6, маъданҳои кӯҳӣ 7,5, масолеҳи сохтмон 15,6, саноати сабук 19,8, мошинсозӣ 15, табъу нашр 77,4, хӯрокворӣ 10, нафту газ 8,1 ва энергетика 27,9 дарсадро ташкил дод.
Соҳаи саноати истихроҷи маъдан аз ҳисоби 9,7 дарсад афзоиш ёфтани истихроҷи маводи ғайриэнергетикӣ ва 7,7 дарсад зиёд гардидани истихроҷи маводи энергетикӣ рушд намуд.
Суръати рушд аз 12 зерсоҳаи соҳаи саноати коркард дар 10 зерсоҳа, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти резинӣ, пластмассӣ ва ғайрифилизии маъданӣ, нафтӣ, хӯрокворӣ, кимиёӣ, металлургӣ, маснуоти тайёри филизӣ, маҳсулот аз чӯб ва коғаз, фаъолияти табъу нашр, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, нӯшокиҳо, тамоку, воситаҳои нақлиёт, мошинолот ва таҷҳизот, таъмири мошин ва таҷҳизот, таъмин гардид. Дар зерсоҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чармӣ, пойафзол ва маҳсулоти фармасевтӣ суръати рушд боло нарафтааст.
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби зиёдшавии саноати коркард, истеҳсол ва тақсими неруи барқ, газ ва гармӣ муяссар шуд. Аз ҳаҷми 12 миллиард сомонӣ маҳсулоти истеҳсолшуда ба маблағи 11,38 миллиард сомонӣ (ё 95,5 дарсад) маҳсулот ба фурӯш рафт.
Ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба 5,38 миллиард сомонӣ баробар шуд. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротшуда 4,4 миллиард сомонӣ ба соҳаи саноат рост меояд.
Айни ҳол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо истифода аз технологияҳои муосир зиёд шуда, талаботи бозор бо маҳсулоти саноатии  ватанӣ таъмин гардида истодааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти муҳимтарини саноатии ҷумҳурӣ, ба монанди металли №1 - 51,5, №2 - 32,6, хокаи сурма 30,5, маҳсулоти заргарӣ 39,3, хокаи сурб 8, ангишт 18,3, пахтаи кӯрпабоб 46,4, маҳсулоти кашбофӣ 11,1, риштаи пахтагин 25,9, газворҳои пахтагин 32,2 дарсад афзоиш ёфт.
Давоми ним сол барои истеҳсоли маҳсулоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат аз ҳисоби маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ 219,8 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар моҳҳои январ - июни соли равон 125 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 1563 ҷойи кории нав сохта ба истифода дода шудаанд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2019    №: 146 -147    Мутолиа карданд: 1045
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед