logo

иқтисод

ШАҲРИСТОН. РУШДИ КИШОВАРЗӢ РУШДИ ЗИНДАГИСТ

Қариб навад дарсади қисми даромади буҷети ноҳияи Шаҳристон аз соҳаи кишоварзӣ ба даст меояд. Табиист, ки 70 - 80 дарсади неруи кории ноҳия низ дар  соҳаи мазкур фаъолият дорад.
Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳия, муътақид аст, ки рушди кишоварзӣ, аз ҷумла, картошкапарварӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ, дар бехбудии иқтисодиёти ноҳия нақши муассир дорад.
- Дар сурати мутобиқ ба талаботи замони муосир - дар заминаи илмӣ ба роҳ мондани парвариши зироаткорию боғдорӣ, таъминоти пурра бо нуриҳои минералӣ ва техникаи замонавӣ солҳои наздик бахши кишоварзии ноҳия ба сатҳи баланди рушд мерасад. Ҳоло таваҷҷуҳи асосии мутахассисон ба он нигаронда шудааст, ки самаранокии истифодаи замин ва ҳосилнокии баланди ғалладона, сабзавот ва меваро таъмин намоянд. Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи масъулони соҳа тақозо доранд, ки саноатикунонии соҳа, яъне коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ тезонда, содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар, аз ҷумла дар шакли шарбат, афшураву консервҳо муътадил ба роҳ монда шавад. Ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар оянда шароит фароҳам хоҳад овард, ки ин ҳадафи муҳими иқтисодӣ амалӣ, зиндагии мардум беҳтар ва ноҳия боз ҳам ободу шукуфон гардад. Дар ин замина  ҳоло аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ чанд лоиҳа тарҳрезӣ ва пешниҳод шудааст, - гуфт раиси ноҳия.
Шаҳристон дар мамлакат чун ноҳияи картошкапарварӣ ва боғдорӣ овозадор аст. Ҳамасола картошкапарварони ноҳия ҳосили баланд ба даст меоранд. Мутобиқи дурнамо, соҳаи мазкур бояд рушд ёфта, истеҳсоли умумии ин маҳсулоти зарурии мардум то 50 - 60 ҳазор тонна расонда шавад. Соли гузашта картошкапарварон аз  майдони 1447 гектар қариб 28 ҳазор тонна картошка истеҳсол карда, дар мавсими имсола ният доранд, ки ҷамъи ҳосилро ба 32 ҳазор тонна расонанд.
- Мо ҳанӯз аз ҳосилнокии картошка аз ҳар гектар қонеъ нестем. Дар сурати ҳаллу фасли чанд мушкили асосӣ – таъминот бо тухмии босифат, оби полезӣ ва нуриҳои минералӣ имконият ҳаст, ки ҳосилнокӣ ва ҳаҷми истеҳсоли картошкаро афзоиш дода, содироти онро ба минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ва шаҳру навоҳии кишварҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон роҳандозӣ кунем. Роҳҳои ҳалли ин мушкилиҳо дар «Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2016 - 2020» мушаххас нишон дода шудааст ва итминон дорем, ки Шаҳристон дар вилояти Суғд ба бузургтарин макони истеҳсоли картошка мубаддал мегардад, - иброз дошт Шавкат Бектӯраев, сардори идораи кишоварзии ноҳия.
Овозаи сифати себи ширину обдори Шаҳристон дар тамоми кишварҳои минтақа паҳн шудааст ва ҷиҳати боз ҳам васеъ кардани майдони боғу истеҳсоли мева дар ҳудуди ноҳия соҳибкорон якҷо бо олимони соҳаи боғдорӣ тадбирҳои заруриро амалӣ месозанд. Дар боғҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 7 намуди себи хушлаззати сурх парвариш карда мешавад. Соли 2018, воқеан, барои боғдорони ноҳия пурфайзу баракат буд. Анборҳои пур аз меваи  деҳқонон имкон дод, ки то охири баҳори соли 2019 растаҳои бозори шаҳру навоҳии вилояти Суғду пойтахти кишвар аз себҳои хуштамъу шаҳдбори Шаҳристон рангин гарданд. Ҳоло дар заминаи корхонаи машҳури истаравшании «Элита» корхонаи истеҳсоли шарбату афшураи мева бунёд меёбад. Дар ояндаи наздик то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия теъдоди чунин коргоҳҳои коркарди ниҳоии мева зиёд мешавад ва шуҳрати боғҳои Шаҳристон боз боло хоҳад рафт. Ба хотири  босифат нигоҳ доштани мева мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия нақша дорад, ки сардхонаи муосиру муҷаҳҳаз бунёд намояд.
Табиати нотакрор, боғот,  ҳазорҳо номгӯй гулу гиёҳҳои Шаҳристон имкон медиҳанд, ки дар ин ҷо соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ рушд кунад. Соли гузашта аз 1324 оилаи занбӯри асал  зиёда аз 28 тонна маҳсулоти хушсифати давоӣ истеҳсол гардид.
Шаҳристон аз лиҳози ҷуғрофӣ дар мавзеи басо хушманзараи кӯҳистон ҷойгир аст. Аз ин ҷиҳат дар ин макон барои рушд додани соҳаи сайёҳӣ низ имкониятҳо беназиранд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2019    №: 146 - 147    Мутолиа карданд: 1038
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед