logo

фарҳанг

ВАО ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАРҒИБИ ХЕШТАНШИНОСИИ МИЛЛӢ

Дар ташаккули афкори ҷомеа нақши ВАО хеле муҳим аст ва имрӯз рӯзномаву маҷалла, радиову телевизион ва, ба вижа интернет, ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири чашмрас мерасонанд. Ҳар сухане, ки аз ин расонаҳо пахш мешавад, метавонад иқтидори созандагӣ ва ё сӯзандагӣ дошта бошад. Бинобар ин, вазифаи публитсистон бо сухани хушу созанда аҳли ҷомеаро ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, ба бунёдкорӣ даъват кардан аст.

Ҳамчунин, вазифаи тарбиявӣ, бахусус тарбияи ватанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ доштани матбуот ҳамеша муҳим буда, яке аз самтҳои асосии умури давлатдорӣ боқӣ мемонад. Яъне, адибону журналистон бо навиштаҳои публитсистии худ метавонанд, дар тарбияву ташаккули насли бофарҳангу ватандӯст ва бунёдкор саҳми арзандае дошта бошанд. Вазифаҳои маводу матолиби нашрӣ таъсиррасонӣ ва боваркунонии одамон ба мақсади ташаккули мавқеъ, таҳрик ва иттилоърасонӣ барои ҷалби таваҷҷуҳ ба  масъалаи муҳими ҷомеа, аз ҷумла солимии он, гиромидошти арзишҳои меҳанпарастӣ ва худшиносии миллӣ аст.
Гуфтан бамаврид аст, ки солҳои ахир дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ дар мавзӯи тарбияи хештаншиносии миллӣ мақолаҳову намоишҳои зиёд ба нашр мерасанд ва муаллифон андешаҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дуруст дарк карда, пиндорҳои худро дар мавриди расидан ба ваҳдати саросарии миллӣ пешниҳод мекунанд.
Мавзӯъҳои асосие, ки муаллифони мақолаҳо ба табъ расондаанд, бештар аз тараннуми ваҳдат, худшиносии миллӣ, бyзypгдошти забон ва меpоси фаpҳангӣ, pавнақy pивоҷи шyypи миллӣ, бознигарӣ ба гузаштаи таърихии тоҷикон ва монанди он иборат мебошанд. Мо дар саҳифаҳои матбуот ба чунин сатрҳои ҷолиби баёнгари андешаҳои ҷавонон дар роҳи худшиносии миллӣ вомехӯрем: «Ҷавонон худро ба парчами тоҷдору ҳафтситораи Тоҷикистон мепечанд, дар футболкаҳо ибораи «Ман тоҷикам!», ё “I Love Tajikistan” («Ман Тоҷикистонро дӯст медорам») - ро  муҳр мекунанд.
Ваҳдати миллӣ бидуни инкишофи тафаккури таърихӣ, худшиносии миллӣ, бузургдошти мерос, фарҳанги таърихӣ, равнақу ривоҷи шуури миллӣ тасаввурнопазир аст.
Тарбияи худшиносии миллӣ паҳлуҳои гуногун дошта, ба ташаккули мафкураи мардумон нигаронда шудааст ва барои инъикоси дурусти он бояд ҳама паҳлуҳои худогоҳии одамонро омӯхт. Ҳамон гуна ки каси худогоҳ аз андешаи мо кӣ, аз куҷо омадаем, гузаштаи мо чӣ гуна буд ва бояд бо кадом роҳ асолати миллии худро нигаҳбонӣ кунем, дар баробари омӯзиши таърих, донистану нигаҳдошти расму оинҳо ва ҷашнҳои миллӣ, рамзҳои миллиро дониста, чун нишони нангу номуси миллӣ онҳоро муқаддасу гиромӣ бидорад. Дар ин бора рӯи ду саҳифаи рӯзномаи «Ҷумҳурият», иқтибос аз Паёми табрикии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, 24 ноябри соли 2015, чунин фикрҳои пандомезу раҳнамокунанда оварда шудаанд: «Эҳсоси муҳаббат ба муқаддасоти миллӣ, ҳамчун муҳаббат ба Ватан – Модар бояд дар зеҳни фарзандон аз овони хурдсолӣ тарбия карда шавад».
Матбуоти тоҷик дар замони истиқлолияти давлатӣ ба мавзӯи ҳимоят аз арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик ва хештаншиносӣ таваҷҷуҳи шоиста дода, саҳифаҳои зиёди худро дар тарбияи ватанпарастӣ ва хештаншиносии миллӣ ва тарбияи насли наврас вомегузорад, ки ин инъикоскунандаи тарғиби хештаншиносии миллӣ ва  ватанпарастӣ дар саҳифаҳои расонаҳои хабарӣ мебошад.
Алишери АБДУЛМАҶИД,
ассистенти кафедраи адабиёти
тоҷик ва  журналистика, 
ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, узви ИЖТ,
Абдулвоҳид САФАРОВ,
мутахассиси маркази тестӣ,
ДДК ба номи А. Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.08.2019    №: 146 -147    Мутолиа карданд: 1101
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед