қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, №5, қ. 1, мод. 271) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 3 моддаи 1 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- тартиби қабул, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва қатъ намудани амали санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ);».
2. Дар қисми 2 моддаи 5 калимаҳои «аз ҷумла» ба калимаи «инчунин» иваз карда шаванд.
3. Дар қисми 1 моддаи 7, сархати даҳуми қисми 2 моддаи 9, ном ва матни моддаи 24, қисми 2 моддаи 31, қисми 1 моддаи 34, сархатҳои чорум ва шашуми қисми 4 моддаи 57, қисми 5 моддаи 62, қисмҳои 1 ва 4 моддаи 66, қисми 3 моддаи 69, сархати ҳаштуми қисми 4 моддаи 82, қисми 3 моддаи 84, қисми 2 моддаи 87, ном, қисмҳои 1, 3 ва 4 моддаи 89, ном ва матни моддаи 91 пас аз калимаҳои «, Бонки миллии Тоҷикистон» калимаҳои «, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова гардида, калимаҳои «ва Бонки миллии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 1 моддаи 12 калимаҳои «тобеи худ» ба калимаҳои «давлатии дахлдор» иваз карда шаванд.
5. Дар қисми 1 моддаи 16 калимаи «Қонуни» ба калимаи «қонуни» иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 43:
- ба қисми 1 пас аз калимаи «банд» калимаи «, зербанд» илова карда шавад;
- дар қисми 9 калимаҳои «бандҳо» ва «як сархат» мувофиқан ба калимаҳои «бандҳо, зербандҳо» ва «як банд, як зербанд ё як сархат» иваз гардида, калимаҳои «ва наметавонад ба банд тақсим шавад» хориҷ карда шаванд;
- қисми 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«10. Банди қисми моддаи санади қонунгузорӣ ҷузъи таркибии он буда, баъд аз муқаддимаи қисм ва аломати баён «:» бо фосила оғоз меёбад ва бо рақами арабӣ ишора гардида, пас аз он аломати қавси пӯшида «)» гузошта мешавад. Бандҳо метавонанд ба зербандҳо ё сархатҳо тақсим шаванд. Банд бо ҳарфи хурд оғоз гардида, дар охири он нуқтавергул «;» гузошта мешавад, ба истиснои банди охирон, ки дар охири он нуқта гузошта мешавад.»;
- қисми 11 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«11. Зербанди банди қисми моддаи санади қонунгузорӣ ҷузъи таркибии он буда, баъд аз муқаддимаи қисм ё банд ва аломати баён «:» бо фосила оғоз меёбад ва бо ҳарфҳои хурди алифбои тоҷикӣ ишора гардида, пас аз он аломати қавси пӯшида «)» гузошта мешавад. Зербандҳо метавонанд ба сархатҳо тақсим шаванд. Зербанд бо ҳарфи хурд оғоз гардида, дар охири он нуқтавергул «;» гузошта мешавад, ба истиснои зербанди охирони қисми модда, ки дар охири он нуқта гузошта мешавад.»;
- дар қисми 11 калимаҳои «қисм ё банд буда, пас аз» ва «сархати охирон» мувофиқан ба калимаҳои «қисм, банд ё зербанд буда, пас аз муқаддимаи қисм, банд ё зербанд ва» ва «сархати охирони қисми модда» иваз карда шаванд;
- дар қисми 13 пас аз калимаи «қисмҳо» калимаҳои «ва бандҳо» илова карда шаванд;
- қисмҳои 11-15 мувофиқан қисмҳои 12-16 ҳисобида шаванд.
7. Дар моддаи 44:
- аз қисми 5 калимаҳои «ва наметавонад ба зербанд тақсим шавад» хориҷ карда шаванд;
- қисми 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«6. Зербанди банди санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ ҷузъи таркибии он буда, баъд аз муқаддимаи банд ва аломати баён «:» бо фосила оғоз меёбад ва бо рақами арабӣ ишора гардида, пас аз он аломати қавси пӯшида «)» гузошта мешавад. Зербандҳо метавонанд ба сархатҳо тақсим шаванд. Зербанд бо ҳарфи хурд оғоз гардида, дар охири он нуқтавергул «;» гузошта мешавад, ба истиснои зербанди охирон, ки дар охири он нуқта гузошта мешавад.»;
- дар қисми 7 пас аз калимаҳои «пас аз» калимаҳои «муқаддимаи банд ё зербанд ва» илова гардида, калимаи «охирон» ба калимаҳои «охирони банд ва ё зербанди охирон» иваз карда шавад.
8. Дар қисми 2 моддаи 47 калимаҳои «сархати» ва «аниқ» мувофиқан ба калимаҳои «сатри» ва «дақиқ» иваз карда шаванд.
9. Ба сархати панҷуми моддаи 51 пас аз аломати «)» калимаҳои «, ба истиснои ҳолатҳои зарурӣ ва бо нишон додани шакли пурраи онҳо» илова карда шаванд.
10. Аз ном ва матни моддаи 53 калимаҳои «чораҳои» ва «корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо,» хориҷ карда шаванд.
11. Дар моддаи 56:
- ба қисми 2 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Дар сурати ҷой доштани зарурати чандин маротиба илова, иваз ва хориҷ намудани ҳамон як калима, ибора ва рақам дар матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қоидаи мазкур метавонад истифода нашавад.»;
- ба қисми 3 пас аз калимаҳои «қисми» ва «қисмҳои» калимаи «таркибии» илова карда шавад;
- дар қисми 6 калимаи «намудааст» ба калима ва аломати «намудааст,» иваз карда шавад.
12. Ба қисми 1 моддаи 58 ҷумлаҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, дигар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар мувофиқа бо мақомоти давлатии манфиатдор лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар метавонанд таклифҳои худро оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда пешниҳод намоянд.».
13. Дар қисми 2 моддаи 94 калимаҳои «мураттабсозӣ ва» хориҷ карда, пас аз калимаи «он» калимаҳои «мумкин аст» илова ва калимаи «меёбад» ба калимаи «ёбад» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 июли соли 2019, № 1632
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 24 июни соли 2019, № 1400
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 июли соли 2019, № 693
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.07.2019 №: 139 - 140 Мутолиа карданд: 1179