logo

барқияҳо

Барқияҳои шодбош ба унвони Президенти мамлакат

Барқияҳои шодбош ба унвони Президенти мамлакат

Сарони давлатҳо, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, ходимони ҷамъиятию давлатии  мамлакатҳои хориҷӣ ва шахсони алоҳида  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 17 - солагии  истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Аз ҷумла, дар барқияи Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев гуфта мешавад:
«Эмомалӣ Шарифовичи мӯҳтарам, лутфан табрики самимонаи маро ба шарафи  иди миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон - Рӯзи истиқлолият бипазиред.
Муносибатҳои мамлакатҳоямон дар давоми солҳои охир  хусусияти шарокати ҳақиқии  стратегиро касб намудаанд. Ин муносибатҳо муттасил густариш ёфта, бо самтҳои нави ҳамкорӣ ва барномаҳои ҷадид ғанитар мегарданд. Натиҷаҳои  бузурги бадаст овардаамон, пеш аз ҳама  дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва ҳарбию сиёсӣ, дурустии роҳи интихобнамудаи  моро нишон медиҳанд.
Аминам, ки  мулоқоти чанд рӯз пеш дар Душанбе баргузоргардидаи мо ба  ҷараёни рушди ҳамкории дуҷониба   нерӯи тоза бахшида, ба  манфиати халқҳо ва мамлакатҳоямон хизмат хоҳад кард. Ҳамкории самарабахши Русия ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла бо назардошти натиҷаҳои мулоқоти сарони давлатҳои аъзои СҲШ, барои таҳкими амният ва суботи вазъияти Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон нақши муҳим хоҳад бозид.
Ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи мӯҳтарам сиҳатии комил, барори кор ва ба халқи Тоҷикистон сулҳу осоиш  ва  рӯзгори фараҳмандона орзу менамоям».
Дар барқияи Президенти ИМА Ҷорҷ Буш чунин омадааст:
«Мӯҳтарам, ҷаноби Президент, аз номи халқи Амрико Шуморо ба муносибати иди миллии мамлакататон - Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали эълони истиқлолияташ баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар давоми 17  соли гузашта душвориҳои вазнинро паси сар карда, роҳи  пешрафти иқтисодӣ ва  шукуфоиро пеш гирифт.
Иёлоти Муттаҳида мустақилият ва  истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани орзую омоли халқи тоҷик дар роҳи пешрафти иқтисодиёт ва демократия кӯмаки худро дареғ нахоҳад дошт.
Иёлоти Муттаҳида ба  ҳамкории ҳамаҷонибаи мамлакатҳоямон дар масъалаи барқарор сохтани сулҳу иқтисодиёти Афғонистон ва мусоидат ба амнияту ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ  баҳои баланд медиҳад».
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао дар барқияи худ менависад:
«Шумо ва дар симои Шумо мардуми ба мо дӯсти  Тоҷикистонро ба муносибати 17- солагии  Рӯзи эълони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумат ва халқи Чин  ва шахсан аз номи худ самимона табрик намуда, нисбати Шумо орзуҳои беҳтарини худро иброз медорам.
Таҳти роҳбарии Шумо дар Тоҷикистон сулҳу созгорӣ  дар амал татбиқ гашта, муносибати байни миллатҳо торафт беҳтар мегардад, суботи вазъияти ҷомеа густариш ёфта, иқтисодиёти мамлакат тараққӣ карда ва шароити  зиндагии мардум  беҳтар мешавад. Мо ҳамчун мамлакати ҳамсоя, дӯст ва  вафодор аз дастовардҳои халқи тоҷик дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз таҳти дил шод мегардем.
Муносибатҳои  Тоҷикистону Чин  дар давоми 16  соли  муносибатҳои  дипломатии мамлакатҳоямон  сол ба сол  вусъати тоза пайдо мекунанд.  Мову Шумо равобити доимӣ дорем, дар натиҷа боварию эътимодӣ сиёсии  мо ба ҳамдигар торафт мустаҳкамтар мегардад. Тоҷикистону Чин ҳамдигарро дар масъалаҳои муҳим ва ҳассос ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҳамкории  самарабахшро дар соҳаҳои савдо, иқтисодиёт, нақлиёт ва алоқа  густариш дода, онҳоро ба манфиатҳои ҳар ду мамлакат ва халқҳои онҳо ҳамоҳанг месозанд.
Чанд рӯз пеш сафари нахустини давлатии ман ба мамлакати Шумо анҷом ёфт. Мову Шумо дар ҷараёни мулоқоти дӯстонаю самимона дар бобати густариш додани муносибатҳои дуҷониба ва ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалии мавриди  назарамон тавофуқи комил ба даст овардем.
Ман тайёрам, ки ҳамроҳи Шумо барои амалӣ сохтани натиҷаҳои  ин сафар мувофиқи  мазмуну мундариҷаи  Аҳдномаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои равнақу ривоҷи ҳамкории мутақобилан муфид  чи дар доираи  Созмони  ҳамкории Шанхай ва чи  созмонҳои дигари байналмилалӣ бо мақсади бемайлон  густариш  додани  муносибатҳои дуҷонибаамон кӯшиш ба харҷ диҳам .
Ба Шумо, ҷаноби Президент, саломатӣ, барори кор ва ба  халқи  ба мо дӯсти тоҷик сулҳу осоиш ва шукуфоӣ орзу менамоям.
Дар барқияи Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Пратибха Фатил гуфта мешавад:
«Бо камоли фараҳмандӣ ҷаноби аълоҳазрат ва халқи Тоҷикистонро аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҳиндустон ва шахсан аз номи худ ба муносибати иди миллии мамлакататон самимона табрик менамоям. Заминаи муносибатҳои  самимонаю дӯстонаи моро  мероси умумии  таърихӣ ва фарҳангии  ниёгонамон ташкил медиҳанд. Мо қарор додаем, ки муносибатҳои дуҷонибаамонро бо роҳи равнақу ривоҷи ҳамкорӣ ба манфиати халқҳои мамлакатҳоямон вусъат бахшем. Аз ин фурсати мусоид истифода бурда ба ҷаноби аълоҳазрат саломатию хушбахтӣ ва ба халқи бо мо дӯсти Тоҷикистон рӯзгори фараҳмандона орзу менамоям. Ҷаноби аълоҳазрат эҳтироми олии  самимонаи маро қабул намоед».
Ба унвони  Президенти  ҷумҳурӣ  Эмомалӣ  Раҳмон инчунин аз номи Президенти Ҷумҳурии Федероли Олмон, Хорст Келлер, Президенти Ҷумҳурии Куриё Ли Мунг Пак, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Австрия  Хайнс Фишер, Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон  Лех Качински, Президенти Ҷумҳурии Хорватия  Стипе Месича, Президенти Ҷумҳурии Индонезия доктор Сусило Бамбанг Юдхойоно, Президенти Ҷумҳурии Булғористон Георгий Пирванов, Имоми  исмоилиёни ҷаҳон Оғохони  чорум, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов, Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Шоҳи Белгия  Алберти  сеюм, Шоҳи Ҷопон Акихито, Президенти Украина Виктор Юшенко, Муншии умумии СММ  Пан Ги Мун,  иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммадамини Сумро ва дигарон барқияҳои шодбош расиданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 10535
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед