logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ ВАҲДАТ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти шаҳри Ваҳдат ва сокинон самимона истиқбол гирифтанд.

Маросими баистифодадиҳии майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Вахдат 2 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.
Иншооти мазкур дар майдони 0,20 гектар бунёд ёфта, дар як муҳлати кӯтоҳ сохтмони он бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд. Баландии Нишони давлатӣ 24 метр буда, дар маҷмӯъ, бо сутунпояаш 28 метрро ташкил медиҳад.
Нишон аз рӯи лоиҳаи ҶСК «Меҳрофар» бунёд гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «Эҳё - иншоот» ба анҷом расондааст.
Майдони Нишони давлатиро гулу буттаҳои ороишиву мавсимӣ зебою назаррабо гардондаанд, ки ин ҷо ба як мавзеи дилрабои шаҳри Ваҳдат табдил ёфтааст. Майдон пурра чароғон карда шуда, шабонгоҳ саҳн ва атрофи иншооти мазкур басо зебою диданӣ мешаванд. Аз ду ҷониби майдон гӯшаҳои алоҳида барои шинондани гулу буттаҳои ороишӣ бунёд ёфтаанд.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва барои нигоҳубини дурусти иншоот ва сабзу хуррам кардани атрофи он масъулон вазифадор гардиданд.
Дар майдони Нишони давлатӣ ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонда шуда, ҳудуди он майсазор гардидааст. Майдон ва атрофи он, бахусус шомгоҳон зебову нотакрор буда, бо шабакаи муосири равшанидиҳӣ таъмин шудааст.
Дар шафати Нишони давлатӣ майдони сайру саёҳат низ барои сокинон мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёди шудааст.

Боздид аз намоишгоҳи дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ
Дар саҳни майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоишгоҳи дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд.
Дар ин намоишгоҳ намунаҳои ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ, попурдӯзӣ, зардӯзӣ, ҷомаву тоқидӯзӣ, заргарӣ, сабадбофӣ, гаҳворасозӣ, маҳсулоти чӯбӣ: табақ, қошуқ, чахчӯ, даҳҳо номгӯи нонҳои миллӣ, санбӯса, фатир, кулча, фатирхамир, гирда, қалама, чапотӣ, орзуқ, чагалдак ва таомҳои миллӣ: умоч, ширкаду, шакароб, қурутоб, шӯла, ширбиринҷ ба маъраз гузошта шуданд.
Намоишгоҳро дастовардҳои ҳунармандон ҷаззобу диққатҷалбкунанда гардонда, маҳсулоти пешниҳоднамуда бо як маҳорати нотакрор ва ҳунари воло таҳия шуда буданд. Ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Ваҳдат ба як шуғли сердаромади сокинон табдил ёфта, тайи солҳои охир ба таври густурда рушд кардаанд.
Пешвои миллат зимни шиносоӣ ба маҳсули эҷоду офаридаҳои ҳунармандон ва маҳорати баланди кадбонугии занону духтарон дар тайёр кардани таомҳои миллию нонпазӣ баҳои баланд доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Ваҳдат барои дастгирии ҳунармандон шароиту имконоти васеъ фароҳам оварда шуда, дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даҳҳо марказҳои касбомӯзӣ ба фаъолият оғоз намуданд.
Дар як гӯшаи намоишгоҳ асбобҳои зарбӣ ва созҳои миллӣ пешниҳоди ҳозирон гардонда шуда, аз ҷониби ҳунармандон суруду таронаҳои дилнишин иҷро гардиданд. Дар баробари ин, маҳсули дасти ҳунаромӯзони мактаби рассомии бачагонаи шаҳр ба намоиш гузошта шуд, ки басо диққатҷалбкунанда буд. Офаридаҳои дастпарварони  мактаби рассомӣ таҷассумгари табиати зебои диёр ва тарғибгари мавзеъҳои таърихию фарҳангии кишварамон мебошанд, ки аз ҳунари волои наврасони эҷодкор башорат медоданд.

Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасонро, ки бо тарҳи муосир бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон дар маркази шаҳри Ваҳдат бо саҳми соҳибкори ватанӣ Акмал Раҳимов бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо нуқтаҳои савдо ба соҳибкори маҳаллӣ ҷиҳати бунёди чунин маркази замонавӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳсану офарин хонданд.
Соҳибкор Акмал Раҳимов ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба дастгрии ҳамаҷонибаи соҳибкорони маҳаллӣ ва додани имтиёзҳои фарох барои рушди соҳибкории хурду миёна изҳори сипос намуд.
Масоҳати умумии бино 1800 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон аз таҳхона ва 3 ошёна иборат мебошад. Иншооти мазкур дар доираи вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шуд. Корҳои сохтмонӣ моҳи июни соли 2018 оғоз гардида, аз ҷониби кормандон ва мутахассисони Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Ворисони Аваз - 500» бо сифати баланд анҷом ёфтанд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 45 нафар сокин ва меъморони маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб ва бо маоши хуб таъмин шуданд. Дар маҷмӯъ, бинои мазкур бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ бунёд гардид.
Мувофиқи лоиҳа дар таҳхонаи бино мағозаи фурӯши пойафзол ва либос ба роҳ монда мешавад.  Дар ошёнаи якум мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрока ва «Кошонаи ҳусн» мавҷуд аст, ки дар як вақт ба 12 нафар мизоҷ хизмат расонда мешавад. Дар мағозаи фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ сандуқҳои бо нақшу нигори миллӣ сохтаи ҳунармандон ба фурӯш гузошта шудаанд.
 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, бунёди чунин иншооти бисёрсоҳаро дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар арафаи Ҷашни 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинон туҳфаи арзанда унвон карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат таъкид доштанд, ки имрӯз саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар бунёди иншооти гуногун ва раванди корҳои ободонӣ назаррас мебошад.
Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ ба соҳибкорон сабукиву имтиёзҳои фарохро фароҳам сохтааст. Натиҷаи дастгирии давлат буд, ки имрӯз соҳибкорони ватанӣ фаъолияти назаррас доранд.
Дар ошёнаи дуюм коргоҳи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши маҳсулоти дӯхташуда, аз ҷумла либосҳои мактабӣ, миллӣ, ба монанди чакан ба роҳ монда шудааст.
Коргоҳи дӯзандагӣ бо таҷҳизоти нав таъмин буда, дар ин ҷо қариб 30 нафар занону духтарон ба омӯзиши касби дӯзандагӣ фаро гирифта шудаанд.
Ҷойи хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон дар ошёнаи сеюм ҷойгир буда, он бо таҷҳизоти пешрафта, аз қабили мошинчаҳои бо қувваи барқ ҳаракаткунанда ва дигар асбобҳое, ки барои бозии кӯдакон пешбинӣ гардидаанд, муҷаҳҳаз гардонда шудааст.
Дар рӯзи ба фаъолият оғоз кардани маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон аз ҷониби соҳибкор Акмал Раҳимов хатнаи зиёда аз 40 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд ва ятимон гузаронда шуд.
Сохта ба истифода додани маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон имкон фароҳам овард, ки фарзандони сокинони шаҳри Ваҳдат дар шароити муосир ва беҳтар ба фароғат фаро гирифта шаванд. Сокинон таъкид медоранд, ки дар шаҳри Ваҳдат чунин маркази хизматрасонии бисёрсоҳа мавҷуд набуд.
Дар маҷмӯъ, дар маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон зиёда аз 500 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Қомат афрохтани бинои марказ имкон фароҳам сохт, ки сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шаванд, ба хизматрасониҳои босифат дастрасӣ пайдо намоянд, инчунин, ба ҳусни шаҳри Ваҳдат зебоӣ зам гардид.

Бинои истиқоматии 13 - ошёна ва марказҳои хизматрасонӣ дар шаҳри Ваҳдат
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат дар хиёбони Рӯдакӣ бинои баландошёнаи истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои муосири истиқоматӣ аз 13 ошёна иборат буда, аз рӯи тарҳ дар қабати якум ва таҳхонаи он тарабхонаи барҳаво бо 150 ҷойи нишаст, нуқтаҳои муосири фурӯши сарулибоси мактабӣ, мардона ва кӯдакона, мебел, маводи конселярӣ ва рӯзғор, ошхона, мағозаҳои қаннодӣ ва хӯрока, дар маҷмӯъ, 20 маркази хизматрасонию тиҷоратӣ ва як коргоҳи хурди дӯзандагӣ бо таъсиси 40 ҷойи корӣ сохта шудааст, ки ҳамаи онҳо дорои шароити арзандаи корӣ ва хизматрасонӣ мебошанд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани нуқтаҳои зиёди хизматрасонӣ дар ошёнаи якум, бозори барҳаво дар таҳхона, анҷоми корҳои сохтмонии дигар биноҳои истиқоматию марказҳои хизматрасонӣ наздики 1 ҳазору 500 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад шуд.
Дар таҳхонаи бинои истиқоматӣ ҷиҳати ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи хӯрока бозори васеъ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ сохта шудааст, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда соҳибкорон ва сокинони шаҳри Ваҳдат имкон доранд, ки маҳсулоти кишоварзии тару тоза ва дигар маводи рӯзғорро ба аҳолии шаҳр ва меҳмонон бо нархҳои арзону дастрас пешниҳод намоянд.
Ин бинои хуштарҳу замонавӣ бо назардошти нуқтаҳои зиёди хизматрасонӣ дар партави дастгирӣ ва ҳидоятҳои роҳнамунсози Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо ҳамин васила боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати ҳама намуди хизматрасониҳо ба аҳолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуҳалим Қодирзода бунёд шудааст.
Барои таъмини занону духтарон бо ҷойҳои нави корӣ, ҷалби онҳо ба омӯзиши касби дӯзандагӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва қонеъ кардани талаботи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат бо сарулибоси мактабӣ дар ошёнаи якуми бинои нави истиқоматӣ дар баробари дигар марказҳои хизматрасонӣ, ҳамзамон, коргоҳи дӯзандагӣ ва нуқтаи фурӯши либоси мактабӣ сохта шудааст.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити мавҷудаи марказҳои хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ шинос шуда, бо занону духтарон суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Маврид ба таъкид аст, ки бунёду барқарорсозии корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани истеҳсолоти ватанӣ ва бо ин восита беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Маҳз бо ҳамин мақсад соли 2014 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар шафати бинои нави истиқоматӣ корхонаи дӯзандагӣ ба кор андохта шуд, ки айни ҳол дар он 120 нафар занону духтарони хонашин фаъолият доранд ва аз рӯи дархост ба дӯхти сарулибоси ҳарбӣ машғуланд.
 Хотиррасон менамоем, ки санги асоси ин бинои истиқоматӣ дар хиёбони Рӯдакӣ соли 2014 зимни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат гузошта шуда буд.
Дар ин муддат барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 80 нафар мутахассис ва коргарони маҳаллӣ масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла семент аз корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёқут - 2000» - ум истифода гардид.
Дар тарабхонаи навбунёди бино бо мақсади татбиқи сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат ҷиҳати дастгирӣ ва ёрӣ расондан ба қишри ниёзманди ҷомеа хатнасури 100 нафар кӯдакони ятим ва оилаҳои ниёзманд баргузор гардид. Ба кӯдакони хуштолеъ аз номи Пешвои миллат туҳфаҳову шириниҳо тақдим карда шуданд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Кӯдакон ояндаи миллатанд. Маҳз ба ҳамин хотир давлат ва Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва нигоҳубини ҳамаҷонибаи онҳо иқдомҳои шоистаро амалӣ менамоянд, то онҳо ҳамчун насли босаводу худшинос ба камол расанд ва оянда дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузоранд».
Бинои муосири истиқоматӣ дар масоҳати умумии 25 ҳазору 571 метри мураббаъ қомат афрохта, аз 297 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат мебошад.
Дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат шахсони ниёзманди ҷомеа, кӯдакони ятиму бепарастор ҳамеша дастгирӣ ёфта, барои беҳтар шудани шароити зисту зиндагонӣ ва болидарӯҳии онҳо тадбирҳои шоистаи иҷтимоӣ амалӣ карда мешаванд.
Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои муосири истиқоматӣ ва марказҳои хизматрасониро ба сокинон табрику таҳният гуфта, дар ҳамин ҷо ба 10 оилаи ниёзманд калиди хонаҳои истиқоматиро супурданд. Ҳамаи манзилҳои истиқоматие, ки имрӯз дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба оилаҳои ниёзманд туҳфа карда шуданд, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ва лавозимоти рӯзгор таъмин мебошанд.
Қобили тазаккур аст, ки дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони бонангу номуси Ватан барои бо дастоварҳои беназир истиқбол намудани 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои ободониро дар Ватан вусъат медиҳанд.
Айни ҳол бо саҳми соҳибкор дар соҳили рӯди Кофарниҳон корҳои сохтмонӣ дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо назардошти таваққуфгоҳ, ҷой барои бозии кӯдакону наврасон, марказҳои хизматрасонӣ, гулгаштҳо ва дигар иншооти зарурӣ бо суръат ва сифати баланд идома доранд.
Оянда бо бунёду навсозии биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, боғу гулгашт ва марказҳои муосири хизматрасонӣ ин ҷо ба як макони истироҳату фароғат табдил хоҳад ёфт.

Ифтитоҳи бинои маркази адлия
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои маркази адлияро, ки дар масоҳати 1785,58 метри мураббаъ бо тарҳи зебою замонавӣ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур бо назардошти санъати меъмории миллӣ ва сатҳу сифати баланд бунёд шудааст. Ба таъкиди масъулон давоми ҷараёни корҳои сохтмонӣ зиёда аз 70 нафар корманду сохтмончии маҳаллӣ дар ин иншоот бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуд.  
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якуми бинои мазкур 14 нафар корманди бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дар ошёнаи дуюм кормандони идораи нотариалии шаҳр ва машвартчии ҳуқуқии ройгон фаъолият хоҳанд кард. Барои фаъолияти пурсамари кормандони ин идораҳои давлатӣ дар ошёнаи якуми бинои зебои маркази адлия 9 ҳуҷраи корӣ ва толори ақди никоҳ, дар ошёнаи дуюм бошад, ҳуҷраи корӣ ва толори маҷлис барои 120 ҷойи нишаст бунёд шудаанд. Илова бар ин, дар таҳхонаи бинои мазкур толори варзиш ва ду ҳуҷраи васеъ барои бойгонии бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораи нотариалии шаҳр сохта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба масъулон барои хизматрасонии хубу саривақтӣ дар самти бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Ваҳдат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мавриди зикр аст, ки гирду атрофи бинои маркази адлия дар шаҳри Ваҳдат гулкорӣ ва чароғон карда шуда, барои баргузории маросимҳои ақди никоҳи сокинони шаҳр беҳтарин макон дониста мешавад.

Боздид аз хоҷагии деҳқонии «Саховат» ва намоиши маҳсулоти кишоварзон
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо нашъунамои зироати такрорию ҷамъоварии пиёз дар хоҷагии деҳқонии «Саховат» шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи ҷангалпарварони шаҳр дидан намуданд.
Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Саховат» иттилоъ дода шуд, ки дар кишти такрорӣ аҳли заҳмати ин хоҷагӣ дар майдони 4 гектар мош, 1 гектар карам ва 2 гектар ҷуворимакка барои дон кишт кардаанд. Хоҷагӣ соли 2002 таъсис ёфта, дорои 57 гектар замин мебошад.
Аснои шиносоии Сарвари давлат аз рафти нашъунамои зироати такрорӣ дар ин хоҷагӣ иттилоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзон дар майдони 22 гектар гандум ва 6 гектар пиёз кишту парвариш карда буданд, ки 52 - сентнерӣ ғалла ва 480 - сентнерӣ пиёз ба даст овардаанд.
Заҳматкашони хоҷагии деҳқонии «Саховат» дар кишту парвариши зироатҳои техникӣ таҷрибаи ғанӣ дошта, соли равон майдони пахтазор дар ин хоҷагӣ 25 гектарро дар бар мегирад, ки феълан нашъунамои хуб дорад.
Аҳли заҳмати хоҷагӣ ҳамасола бо истифода аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурсамари замин кишту парвариши зироати гуногунро бо истифода аз тухмиҳои баландсифат ва маслиҳати мутахассисони соҳа ба роҳ мемонанд, аз ин рӯ, ҳосили фаровон ба даст меоранд.
Зикр гардид, ки дар хоҷагӣ 27 нафар бо кори доимӣ таъмин буда, ин нишондод дар рафти кишту парвариши зироати мавсимӣ то ба 45 нафар расонда мешавад.
Кишоварзони хоҷагӣ соли 2018 дар майдони 30 гектар пахта, 5 гектар пиёз, 2 гектар картошка, 20 гектар гандум ва 4 гектар юнучқа кишт намуда, ҳосили хуб гирифтанд.
Роҳбари давлат зимни боздид аз  хоҷагӣ ба масъулон ҷиҳати боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодаи пурсамари ҳар як ваҷаб замин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Дар намоишгоҳи кишоварзӣ натиҷаи меҳнати сокинон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷангалпарварони шаҳри Ваҳдат ба таври шоиста муаррифӣ карда шуд.
Ҳангоми боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳ таъкид гардид, ки таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза аз ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон буда, дар ин самт кишоварзони шаҳри Ваҳдат низ саҳми назаррас мегузоранд.
Дар намоишгоҳ кишоварзон намунаҳо аз маҳсулоти истеҳсолӣ, аз ҷумла гандум, ҷав, шолӣ, нахӯд, лӯбиё, мош, маъсар, офтобпараст, картошка, карам, бодиринг, помидор, лаблабуи ошӣ, сабзӣ, бехпиёз, сирпиёз, қаламфури булғорӣ, тухмии сабзавот, себ, нок, олу ва шафтолуро ба маъраз гузоштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони шаҳри Ваҳдат дар майдони 5067 гектар ғалладонаю лӯбиёиҳо, 777 гектар ҷуворимакка барои дон, 1003 гектар картошка, 3061 гектар сабзавот, 1950 гектар зироати хӯроки чорво ва дигар полизиҳоро кишт намуданд ва ба ҳолати 1 июл дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 188 миллиону 848 ҳазор сомонӣ маҳсулоти умумии кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 12 миллиону 171 ҳазор сомонӣ зиёд буда, афзоиши он 6,9 фоизро ташкил медиҳад.
Шаҳри Ваҳдат бо меваҳои шаҳдбораш имрӯз на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар хориҷ ҳам машҳур мебошад. Феълан майдони боғу токзор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 6 ҳазору 304 гектарро дар бар мегирад ва аҳли заҳмат бо мақсади саҳм гузоштан дар татбиқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» тадбирҳо меандешанд.
Кишоварзони шаҳр таъкид медоранд, ки соли равон бо мусоид омадани обу ҳаво ҳосили сабзавоту меваҷот нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд буда, тавонистаанд, ки дар таъмини бозори дохилӣ саҳми назаррас дошта бошанд.
Ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ дар шаҳри Ваҳдат таваҷҷуҳи хосса дода мешавад ва гулу гиёҳҳои шифобахш ва майдони васеи ҷангалзор барои пешрафти ин соҳа мусоидати фаъол кардааст.
Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастранҷи занбӯриасалпарварон зикр гардид, ки шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 15 ҳазору 171 адад мерасад. Занбӯриасалпарварон соли гузашта 248 тонна асали хушсифат ба даст оварданд ва соли равон умед доранд, ки аз ин ҳам бештар ҳосил мегиранд.
Дар гӯшаи намоиши дастоварди ҷангалпарварони шаҳри Ваҳдат ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари хушкмеваю меваҳои тару тоза ва дигар рустаниҳои дар ҷангалзори ин минтақа парваришёфта, ҳамзамон, адабиёти гуногун, ки дар онҳо сирру асрори гиёҳҳои шифобахши ватанӣ гирдоварӣ гардидаанд, пешниҳод шуданд.
Иттилоъ доданд, ки дар ҷангалзори ҳудуди шаҳри Ваҳдат зиёда аз 40 навъи гиёҳҳои шифобахш мерӯянд ва ҷангалпарварон танҳо соли гузашта 40 тонна маҳсулот ба даст оварданд.
Занбӯри асал дар шаҳри Ваҳдат, асосан, дар минтақаи кӯҳистони дараи Ромит парвариш карда мешавад ва асали ин минтақа бо таъму мазаи хосаш аз асалҳои дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар тафовут дорад. Ҳамин аст, ки талабгорони асали Ромит ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ хеле зиёд мебошанд.
Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ зиёда аз 20 намуди ниҳол, ки дар КВД «Ниҳолпарвар» - и назди Агентии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат парвариш меёбанд, ба маъраз гузошта шуд.
Зикр шуд, ки дар КВД «Ниҳолпарвар» феълан 450 ҳазор ниҳол парвариш меёбад ва масъулон дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду сол аст, ки парвариши баъзе намуди ниҳолони воридотиро ба роҳ мондаанд, ки барои сабзу хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат нигаронда шудаанд.
Дар шаҳри Ваҳдат 11 хоҷагии инфиродии ниҳолпарвар фаъолият дорад, ки ҳамасола дар мавсими ниҳолшинонӣ дар таъмини сокинон бо ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда саҳми назаррас мегузорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз гӯшаи ниҳолпарварони шаҳр барои дар оянда низ истифода намудан аз таҷрибаи пешқадами кишварҳои дигар дар ин самт, таъмини сокинон бо ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин намоишгоҳ бо ҳунари волои занону духтарон, ки ба пухтани нонҳои лазиз машғул буданд, шинос шуда, ба ҳунари онҳо баҳои арзанда доданд.
Сарвари давлат кадбонуҳоро барои омӯзиши нозукиҳои ҳунари нонпазӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷавондухтарон барои аз худ кардани нозукиҳои омода намудани ҳамагуна таомҳои миллӣ ҳидоят намуданд.
Пешвои миллат аз пешрафти бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ва талошҳои рӯзафзуни аҳли заҳмат изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти пурсамари меҳнаткашони шаҳр имрӯз Ваҳдат ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи кишоварзии мамлакат табдил ёфта, саҳми хоҷагидорони он дар рушди иқтисоди миллӣ ва фаровонии дастархони мардум, аз ҷумла сокинони пойтахт, сол ба сол бештар мегардад.
Ҷараёни мумфаршкунии роҳи деҳаи Меҳробод
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои мумфаршкунӣ дар роҳи нақлиёти автомобилии деҳаи Меҳрободи деҳоти ба номи Бозорбой Бурунов, ки дар марҳилаи анҷомёбист шинос шуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, дарозии роҳи мазкур ду километр буда, паҳноии он аз 6 то 8 метрро ташкил медиҳад.
Корҳои таъмирӣ дар ин масир бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Шамсулло Саъдуллоев ба сомон расонда шудаанд. Анҷоми корҳои сохтмониро бошад, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи тоҷик» бар уҳда дошта, талаботи стандарти роҳсозӣ пурра ба инобат гирифта шудааст.
Сафарбарнамоии техникаву механизми ҳозиразамони мумфаршкунӣ, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба, истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва риояи пурраи талаботи роҳсозӣ дар сари вақт ва сифатнок ба сомон расидани корҳо замина гузоштааст. Тавре иттилоъ дода шуд, аз оғози корҳои таъмирӣ то ба имрӯз дар ин иншоот барои тахту ҳамворкунӣ, хобондани сангу шағал, мустаҳкамкунии қабати роҳ ва асфалтпӯшкунӣ беш аз 20 техникаву механизми роҳсозиро сафарбар намуданд. Ҳаҷми умумии асфалти истифодашуда дар роҳи мазкур ба 1900 тонна баробар гардидааст.
Роҳи навтаъмиршуда маркази шаҳри Ваҳдатро тавассути маҳаллаҳои аҳолинишин бо деҳаи Меҳробод мепайвандад. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, ин роҳ қаблан хароб ва солҳои зиёд таъмир нагардида буд. Аз ин рӯ, аҳолӣ, хосса ронандаҳо дар вақти рафтуомад тавассути нақлиёт ба мушкил мувоҷеҳ мегардиданд. Ҳамакнун бо таъмири пурра гардидани роҳи мазкур мушкили чандинсолаи аҳолии деҳаҳои ҳамшафат ва дигар мусофирону ронандагон аз байн рафт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои таъмирӣ баҳои баланд дода, барои анҷоми чунин кори савоб ва саҳм гузоштан дар ободии як гӯшаи диёр ба соҳибкори ватандӯст Шамсулло Саъдуллоев изҳори миннатдорӣ баён доштанд. Ҳамчунин, Сарвари давлат ҷиҳати минбаъд низ иҷро намудани чунин корҳои ободонию созандагӣ тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.
Роҳи автомобилгарди деҳаи Меҳробод аз ду самт бо хати ҳаракат таъмин буда, пурра аломатгузорӣ шудааст. Таъмири ин роҳи автомобилгард идомаи тадбирҳои созандагӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ба шумор рафта, он дар дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои гуногун ва боз ҳам хубтару беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинон заминаи устувор хоҳад гузошт.

Ба истифода додани бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30
2 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30 - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои миллат бо шароити муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд. Мактаб аз ду ошёна иборат буда, барои 1300 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, синфхонаҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоту аёнияти дарсӣ таъминанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30 дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, аз ҷониби бародарон Саъдуллоевҳо, ки таҳсилкардаи ин даргоҳанд ва дигар соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст. Муассиса дорои 27 синфхона буда, аз кабинетҳои химия, математика, физика, биология ва дигар ҳуҷраҳои дарсӣ иборат мебошад. Ҷиҳати гузарондани дарсҳои таълими меҳнат ва омӯзондани касбҳои гуногун дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳази фаннӣ ташкил карда шудаанд, ки дар ин ҷо машғулиятҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва омодасозии ҳар гуна таомҳо гузаронда мешаванд. Ҳамзамон, як синфхонаи алоҳида барои дарсҳои компютерӣ пешбинӣ шуда, барои роҳбарияту омӯзгорони таълимгоҳ ҳуҷраҳои алоҳидаи корӣ фароҳам омадаанд. Дар баробари синфхонаҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, муассисаи нав дорои маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст ва ошхона бо 150 ҷой мебошад.
Тавре аснои шиносоӣ маълум гардид, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30 барои гузарондани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ толори барҳаво бунёд ёфтааст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. Тамоми синфхонаҳо, роҳравҳо, толорҳо ва ошхонаи таълимгоҳ бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъмин буда, он ба шабакаи алоҳидаи мутамарказондашудаи гармидиҳӣ, ки тавассути ангишт фаъолият мекунад, пайваст гардидааст. Барои иншооти мазкур хати алоҳидаи оби нӯшокӣ ва хати барқ кашида шуда, трансформатори алоҳидаи пуриқтидор барои таъмини бемамонияти неруи барқ дар ҳудуди иншоот насб шудааст.
Дар назди муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорон  майдончаи варзиш барои гузарондани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бунёд ёфтааст. Атрофи таълимгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ оро ёфта, пурра майсазор карда шудааст. Ҳамзамон, роҳи маҳаллие, ки то назди муассисаи таълимӣ мерасад, ба масофаи 2,5 километр аз ҷониби бародарон Саъдуллоевҳо пурра таъмиру таҷдид гардида, шароити мусоид барои рафтуои хонандагону шаҳрвандон ва нақлиёт дар ин масир фароҳам оварда шуд.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои чунин иқдоми хайрхоҳона ба соҳибкорони ватанӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
 Пас аз шиносоӣ бо шароити таълимии муассисаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорон, хонандагон ва аҳли маорифи шаҳри Ваҳдат сухан ронда ифтитоҳи муассисаи нави таълимиро ба онҳо таҳният гуфтанд.
Зимни суханронӣ, Пешвои миллат аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид ҷиҳати омӯхтани илм, азхудкунии забонҳо ва технологияи нав кӯшиш намуда, ҳамчун насли созандаи Ватан ба камол расанд.

Маҷмаи сайёҳии «Арху» дар дараи Ромит
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуюми августи соли равон дар дараи Ромит Маҷмаи сайёҳии «Арху» -и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро, ки дорои меҳмонхонаи замонавӣ мебошад, мавриди истифода қарор доданд.
Меҳмонхонаи навбунёд аз 5 ошёна иборат буда, дар мавзеи хушманзара ва канори дарёи пуртуғёни Арху қомат афрохтааст. Дар ошёнаи якуми бино нишастгоҳ, ҷойи қабули меҳмонон ва ошхона барои 50 нафар мавҷуд мебошад, ки бо тамоми шароити замони муосир муҳайё гардидааст. 4 ошёнаи дигар барои истироҳати меҳмонон пешбинӣ шуда, ҳамаи ҳуҷраҳо бо рахти хоб, телевизор ва дигар шароити зарурӣ муҷаҳҳазанд.
Меҳмонхона имкон дорад, ки дар як вақт ба 70 нафар хизмат расонад. Дар дохили ҳуҷраҳои он ҳаммом бо буғи хушк ва тар, сауна ва таҷҳизоти варзишӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд.
Лоиҳаи меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби КВД «Лоиҳакашӣ, истеҳсолӣ, меъморӣ ва банақшагирӣ» - и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат  таҳия шуда, дорои 32 ҳуҷраи дараҷаи олӣ (делюкс) мебошад. Ҳуҷраҳои истироҳатии меҳмонхонаи тозабунёд, ки дар доираи иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат ва Ҷашни умумимиллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шудааст, кушоду барҳаво буда, яке аз дигаре бо шарту шароит ва тарҳи хосса фарқ мекунад.
Аснои шиносоӣ бо шароити ин меҳмонхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои дар деҳоти дурдаст муҳайё намудани чунин шароити истироҳату фароғат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, тасмими онҳоро намунаи ибрат хонданд.
Тибқи маълумот, рафти сохтмони меҳмонхона таҳти назорати ҷиддии мутахассисони баландихтисос қарор дошт ва дар бунёди он маҳсулоти ватании баландсифат истифода шудааст, ки барои солиёни зиёд ба сокинону меҳмонони кишвар хизмат намудан мусоидат менамоянд.
Бинои дуошёнаи қадима, ки дар шафати рости дарё бо расму русум ва анъаноти ниёгони миллати тоҷик дар масоҳати 168 метри мураббаъ бунёд шудааст, аз хусусияти дигари маҷмаи мазкур маҳсуб меёбад. Деворҳои дохили бино бо сарулибос, ҳунарҳои дастӣ, аз қабили асбобҳои рӯзгор, чакану кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои қадимаи миллати тамаддунофари тоҷик ба таври зебо оро ёфтаанд. Акнун бо истифода аз ин хонаи ба таври тоҷикона оро ёфта, меҳмонони дохиливу хориҷӣ метавонанд бо урфу одат ва шароити зисту зиндагонии мардуми тоҷик дар замонҳои гузашта ошноии бештар пайдо намоянд.
Корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Маҷмаи сайёҳии «Арху» моҳи апрели соли 2018 дар доираи аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардида буд ва дар давоми беш аз 1 сол аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо ҷалби зиёда аз 300 нафар кормандону мутахассисони ватанӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бо сатҳу сифати баланд ба итмом расид.
Шароити васеи хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ ва ду толори сақобозӣ, ду ҳавзи шиноварӣ, майдончаи теннис имкон фароҳам месозад, ки вақти мизоҷон хушу хотирмон гузарад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки маҷмаи сайёҳии мазкур дар масофаи 70 километр дуртар дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Ваҳдат қарор дорад ва масоҳати умумияш 23 гектарро дар бар гирифта, иншооти дар ҳудуди он сохташуда 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Ҳангоми сохтмони маҷмаи сайёҳӣ 12 айвонча барои суҳбати истироҳаткунандагон ба инобат гирифта шудааст, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби устоҳои бомаҳорати тоҷик бо нақшу нигори миллӣ ва кандакорӣ дар чӯб моҳирона сохта шудаанду ба кас ҳаловати дигар мебахшанд. Дар ин ҷо ба масофаи 300 метр ҷӯй ва пайраҳаҳо бо сангҳои табиии кӯҳҳои минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат оро ёфтаанд, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозанд.
Ба хотири зебову назаррабо гардидани атрофи маҷмаи наву замонавӣ масоҳати 10 гектар замин сабзазор гардида, зиёда аз як миллион гулҳои ҳархелаи доимиву мавсимӣ бо тарҳи гуногун шинонда шудаанд. Масоҳати сафолакпӯшшудаи ҳудуди маҷмаа 1000 метри мураббаъро дар бар мегирад. Дарахтони мевадиҳандаву ороишии ҳудуди Маҷмаи сайёҳии «Арху», ки иборат аз арча, мажавелник, сарв, себу нок, олучаву зардолу ва ғайра мебошад, аз ҳазор зиёд аст.
Ифтитоҳи ин маҷмаи замонавӣ дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Тоҷикистон, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи туризм ва фароҳамгардонии имконоти васеи истироҳату фароғат барои сайёҳони ватаниву хориҷии ин минтақаи зебоманзари кишвар ба ҳисоб меравад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шарту шароити маҷмаи навбунёд, ба корҳои ободонӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки идомаи чунин тадбирҳои созанда дар ҷалби ҳарчи бештари ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2019    №: 148 - 149    Мутолиа карданд: 4415
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед