logo

иқтисод

ВАРЗОБ ҶОЙИ ИФТИХОР АСТ!

- Мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, баҳри рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии  мардум, тадбирҳои заруриро амалӣ карда  истодааст. Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ иҷрои нақшаи нимсолаи даромади буҷети ноҳия 104,7 дарсадро ташкил намуда, ба хазина 15 миллиону 878 ҳазору 044  сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 719 ҳазору 690 сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷрои нақшаи даромад аз рӯи 9 намуди сарчашмаи дохилӣ 102 фоизро ташкил кард, ба буҷети маҳаллӣ  12 миллиону 560 ҳазору 850  сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 204 ҳазору 850   сомонӣ зиёд аст.
Бояд зикр кард, ки қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар нимсолаи якум ба андозаи 91 дарсад иҷро гардида, 17 миллиону 967 ҳазору 187 сомонӣ аз худ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 206 ҳазору 609 сомонӣ зиёд мебошад, - иброз дошт Муҳаммадулло Шерализода, раиси ноҳияи Варзоб.

АНДОЗ
Иҷрои нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ  105 дарсад иҷро гардида, ба ҷои 12 миллиону 599 ҳазору 952 сомонии пешбинигардида, ба буҷет  13 миллиону 276 ҳазору 900 сомонӣ ворид гашт, ки нисбат ба нақша 677 ҳазору 141 сомонӣ зиёд ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2018 ҷамъшуда, ба андозаи 2 миллиону 257 ҳазору 111 сомонӣ зиёд мебошад. Дар асоси амри прокурори ноҳия 779 ҳазору 162 сомонӣ маблағи қарзи корхонаҳо ба буҷет ворид шуд.

САНОАТ
Дар нимсолаи якум истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22 миллиону 527 ҳазор  сомониро ташкил дод, ки бо истифодаи индекси нарх  суръати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 67,6 фоиз зиёд гаштааст, дар гурӯҳи истихроҷи  маъдан 9 миллиону 732 ҳазор сомонӣ ё худ 2 миллиону  937 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 
Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард 7 миллиону 348 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 маблағи 3 миллиону 587 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки дар натиҷа аз ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти умумии саноатӣ 32,6 дарсадашро саноати коркард ташкил медиҳад.
Ҳамаи 14 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда ҳаҷми истеҳсолотро баланд бардошт. Хизматрасонӣ ба маблағи 19 миллиону 241 ҳазору 400 сомонӣ расонда шуд. 

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ НИГОҲДОРИИ РОҲҲОИ  АВТОМОБИЛГАРД
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард таъмиру нигоҳдории 160 километр роҳҳои автомобилгарди  истифодаи умумии ҳудуди  ноҳияро ба уҳда  дорад, аз ин  роҳҳои аҳамияти  ҷумҳуриявидошта 69,5 километр ва роҳҳои маҳаллӣ 90,5 километр мебошанд.
Барои фаъолияти  муассиса ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард  аз  буҷети  ҷумҳуриявӣ  644 ҳазору 485 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар ним сол 326 ҳазору 560 сомонӣ ба суратҳисоби муассиса ворид ва мақсаднок хароҷот карда шуд.
Бинобар сабаби боришоти зиёди барфу борон дар баъзе  қисматҳои роҳҳои автомобилгард корҳои таъмиру барқарорсозӣ  гузаронда шуда ба  миқдори 9 ҳазору 120 литр сӯзишвории дизелӣ ба  маблағи 70 ҳазору 450 сомонӣ ва гази моеъ 6 ҳазору 300 литр ба маблағи 70 ҳазору 450 сомонӣ   сарф  шудааст.
Дар тавозуни муассиса 11 механизму техникаи роҳсозӣ мавҷуд буда, аз он 3 нақлиёт ва 8 - то механизми роҳсозӣ мебошанд.

МАОРИФ
Маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ба ҳисоб рафта, ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
Дар ноҳия 64 муассисаи таълимӣ, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 интернати наздимактабӣ барои хонандагони ятим ва нимятим амал менамояд.                           
Соли таҳсили 2018-2019 дар таълимгоҳҳои ноҳия 17 ҳазору 128 нафар хонанда, аз ҷумла 8377 нафар духтар ба таълим фаро гирифта шуд, ки нисбат ба соли хониши гузашта 666 нафар зиёд мебошад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби хониш,  сохтмони бинои  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 бо маблағгузории 3 миллион сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст оғоз гардида, баистифодадиҳии иншоот дар соли 2019 пешбинӣ шудааст.
Бо мақсади ба роҳ мондани мониторинги доимии баргузории чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифии имкониятҳои сайёҳии ноҳия 15 маротиба сабти намоишҳо тавассути шабакаҳои телевизионӣ ба роҳ монда шуда, дар баробари ин 65 мулоқоту вохӯрӣ ва чорабинии фарҳангиву фароғатӣ вобаста ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  гузаронда шуд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли ҷорӣ 76 ҳазору 320 сайёҳи дохилӣ ва 1014 сайёҳи хориҷӣ ба минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳия ташриф оварданд.
Аз ҳисоби хизматрасонӣ  дар  самти сайёҳӣ ба буҷети маҳаллӣ  1 миллиону 224 ҳазор сомонӣ  ворид гардид.
Бо мақсади тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, пешбарии фаъолзанону ҷавондухтарон ба корҳои давлатдорӣ ва мансабҳои роҳбарӣ, инчунин, татбиқи «Стратегияи фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, мавриди амал қарор мегиранд. Дар соҳаи хизмати давлатӣ аз 107 нафар 18 нафарро зан ташкил медиҳад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2019    №: 148 - 149    Мутолиа карданд: 1134
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед