туризм
ЧИЛДУХТАРОН. РОҲ ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲОСТ
Раванди эҳё ва аз нав ободу зебо гардидани минтақаҳои сайёҳии кишвар маҳз ба даврони соҳибистиқлолии он рост меояд. Боиси хушнудист, ки ин раванд дар ноҳияи Муъминобод низ босуръат идома дорад.
Чуноне ки Абдулхайр Олимбеков, раиси деҳоти Чилдухтарони ноҳия зикр намуд, дар солҳои сивуму чилуми асри гузашта дар ҷамоат 178 деҳа вуҷуд дошт. Солҳои 50 - 60 - ум дар натиҷаи раванди муҳоҷирнамоии аҳолӣ бо мақсади рушди пахтакорӣ, дар ҳудуди ҷамоат ҳамагӣ 9 деҳа боқӣ монду халос. Аз солҳои нахустини истиқлолияти сиёсӣ ба даст овардани кишвар 38 деҳаи собиқи ҷамоат дубора эҳё гашт.
- Имрӯз ҳамаи онҳо бо нуқтаҳои оби ошомиданӣ, тандурустӣ ва таълимгоҳҳо таъминанд. Муассисаҳои таълимии №№ 15, 32, 34, 46, 51 ва 55 соҳиби биноҳои нави замонавӣ гардиданд. Ба деҳаҳои Хиргоҳтарош, Кӯҳбунёд, Дашти Ар – ар, Паҳндара, Дашти Калон, Боғча, Шаҳрак, Хоҷа Абдураҳмон хати оби нушоӣ кашида шуд. Сокинони деҳаҳои Финҷова, Боғи Дилкушо, Юғлинг бо барқ таъмин шуданд, - мегӯяд Абдулхайр Олимбеков.
Танҳо дар давоми ду соли охир роҳҳои вайрону валангори мавзеи кӯҳи Чилдухтарон, деҳаҳои Боғча, Шаҳрак, Кӯҳбунёд, Ҷавзодара, Хиргоҳтарош ба масофаи беш аз 40 километр сангфаршу навсозӣ гардиданд. Вобаста ба ин, метавон иброз дошт, ки дар худи маҳалҳо низ барои ба минтақаи сайёҳӣ табдил ёфтани мавзеъҳояшон тамоми тадбирҳо андешида шуда истодаанд.
Давоми чанд соли охир аз мавзеъҳои Чилдухтарон, Сир, Гузаҷоғ, Хреч, чашмаҳои мусаффою шифобахши Хоразмонию Имоми Аъзам, Таги Шӯх, Хоҷачавгонию Синҷодара, манзараҳои Зелолак, Ғалакдара, Заргарон беш аз 25 ҳазор сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан кардааст. “Бесабаб ҳам нест, ки имрӯзҳо дар ҳудуди ҷамоат соҳибкорон боз 3 бинои осоишгоҳу меҳмонхонаи замонавии панҷошёна сохта истодаанд. Ба бунёди бинои дуошёнаи муассисаи таҳсилотии № 33, бунгоҳи тиббии деҳаи Дегрез, маркази омузишӣ - тренингии Донишгоҳи технологии шаҳри Кӯлоб асос гузошта шуд”, - тавзеҳ медиҳад раиси деҳоти Чилдухтарон.
Дар деҳоти мазкур ба рушди ҳунарҳои мардумӣ низ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Чуноне ба мо маълумот доданд, 100 нафар ҷавонон, ки аксарияташонро духтарон ташкил медиҳанд, дар марказҳои омӯзишӣ соҳиби ихтисосҳои чеварӣ, андоваю кафшергарӣ, занбӯриасалпарварӣ гаштанд. Ба 27 иншооти ҷашние, ки мутобиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, боз 10 иншооти дигар илова гардид. Дар маркази деҳот боғчаи кӯдакон ҳам бунёд гардидааст. Дар назар аст, ки он боз ҳам ободтар гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шавад.
Мардуми меҳнатқарини деҳоти Чилдухтарон ният доранд, ки дар оянда низ корҳои созандагиро идома дода, баҳри ободии Ватан ва зиндагии шоистаю арзандаи худу фарзандонашон азму талоши бештар намоянд.
Нурулло ҲАСАНОВ, журналист
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.08.2019 №: 148 - 149 Мутолиа карданд: 2750