logo

фарҳанг

НОМУ НОМГУЗОРӢ. МАСЪАЛАИ ҶИДДӢ МУНОСИБАТИ ҶИДДИРО МЕХОҲАД!

Масъалаи интихоби ному номгузорӣ ҳаргиз аз масъалаҳои одӣ набуду нест. Воқеан, номи зеборо ними ҳусн ҳисобидаанд, ки дар ин ҳеҷ шаку шубҳа роҳ бурда наметавонад. Дар баробари он, номҳо бояд хушоҳангу равон бошанд. Бо зикру истифодаи номҳои шахсиятҳои  таърихӣ ҳар нафар қаҳрамонӣ, сарсупурдагӣ, фаъолияти пурсамарашонро барои ибрат пеши назар биёрад ва ё аз зеҳнаш бигузаронад, то ҳамзамон дар тарбияи маънавияш дуруст мусоидат бинамояд.

Ҳанӯз аз ёдҳо нарафта, ки наслҳои пешин, хосса зиёиёну рӯшанфикрон, барои табдили номҳои тоҷикии кӯчаҳо, маҳалҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо саъю кӯшишу талошҳои зиёд намудаанд. Агарчи дар он рӯзгор бо талаботи сиёсати давр мақсадҳояшон амалӣ нагардида бошанд ҳам, аммо дар бедории шуури миллӣ ва худшиносӣ таъсири мусбат гузошта тавонистанд. Дар навиштаҳо, ҳамоишҳо ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор медоданд. Бархе аз ин зиёиёну рӯшанфикронро бо айби миллатчигӣ гунаҳгор мекарданд ва ба ин васила ҳушдор медоданд, ки дигарон дар ин хусус наандешанду овоз рӯшан накунанд. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ худ ин масъаларо ба миён гузошт ва олимону мутахассисонро водор сохт, то дар тағйиру табдили дурусти номҳо саҳми чашмрас бигиранду андешаҳояшонро иброз бидоранд. Табдили мавзеъҳои кишвар бо номҳои Ваҳдат, Нуробод, Рӯдакӣ, Бӯстон, Суғд, Спитамен, Деваштич, Ҷайҳун, Темурмалик, Шамсиддини Шоҳин бар ин мисол шуда метавонад.
Ҳамин тавр, дар андак муддат садҳо ном иваз гардид. Инчунин, тибқи нақша бисёр мавзеъҳо бояд тағйири ном кунанд.
Мутаассифона, баъзе аз номҳо бисёр сӯиистифода мегашту мегарданд. Ба ин номҳои маҳалҳои Навобод, Файзобод, Кафтархона, Ваҳдат, Ғофилобод мисол шуда метавонанд.
Номҳои шахсияти илмиву фарҳангӣ ва таърихиро низ бисёр сӯиистифода карданд. Ҳол он ки  гиромидошти ному фаъолияташон бо номгузорӣ набояд маҳдуд гардад. Масалан, номи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Дар пули миллӣ бо расму номаш дучор меоем. Ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ бо номи ӯст. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ номи ин адиби забардастро доранд. Хиёбону боғи пойтахти кишвар ба номи ӯ мебошанд. Ду пайкараи ӯ дар шаҳри Душанбе ва як пайкарааш дар шаҳри Кӯлоб, инчунин, ноҳияи Рӯдакӣ қомат афрохтаанд. Ва ғайра....
Ба номи сардафтари адабиёти навин Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе Донишгоҳи омӯзгорӣ, боғ, хона - музей, Театри давлатии академии опера ва балет, кӯчаро гузоштанд. Ноҳияе дар вилояти Суғд, китобхонае дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон низ номи ӯро доранд. Шаҳрак дар ноҳияи Конибодом ва деҳаҳо дар ноҳияҳои Нуробод, Ҷайҳуну Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Дар пули миллӣ низ ному сураташ мавҷуд аст. Албатта, ин шахсиятҳо бо ҳама гиромидошту қадрдонӣ меарзанд, зеро хидматҳояшон барои ҳифзу нигаҳдошти асолати забони миллӣ, давлати миллӣ беназир мебошанд. Мурод, тавре пештар зикр гардид, сӯиистифода нашудани номҳои онҳост.
Соли гузашта солгарди ду шахсияти барҷастаи илму фарҳанги миллӣ – Сайидои Насафӣ ва Кавкабии Бухороӣ таҷлил гардид. Хуб мешуд, агар кӯча ва  ё муассисаи таълимию илмӣ, фарҳангиеро ба номи онҳо мегузоштанд. Яъне, миллат шахсиятҳои зиёди барҷаста дорад, ки то ба ҳанӯз на ҳамаи шаҳрвандон дар бораи кору рӯзгору хидматҳои мондагорашон маълумоти кофӣ доранд. Дар мавриди интихоби номҳо ба ин ё он мавзеъ, муассисаҳои таълимӣ, илмию фарҳангӣ бояд онҳоро ҳамеша пеши назар дошта бошем. Ба ин васила ин гуна шахсиятҳо бештару беҳтар муаррифӣ мешаванд, сокинон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ тарбия меёбанд. Инчунин, пеши роҳи такрори номҳоро бо ин роҳ метавон гирифт.
Ғайр аз ин, мо номҳо, вожаҳои зиёди зебову хушоҳангу дилнишин дорем, ки метавон дар номгузорӣ аз онҳо васеъ истифода кард. Ин барои боло бурдани завқи эстетикӣ, афзудани захираи луғавӣ имкон фароҳам меоварад.
Алҳол, ки шароит барои тағйиру табдили номҳо вуҷуд дорад ва ҳалли дурусти ин масъала дар маркази диққати Ҳукумати ҷумҳурӣ аст, бояд аз баҳри номҳо, вожаҳои нохушоянду мазмунашон бо даврони нав номувофиқ бигузарем. Барои мисол, бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол пеш Девдара ба Гулдара табдил дода шуд. Бешак, ин пешниҳоди  саривақтӣ ва дурустро аҳли кишвар бисёр хуш пазируфтанд. Сарвари давлат ҳамеша зимни сафари корӣ ва мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат чунин пешниҳодҳои судмандро бисёр намудаанд. Яъне, ин амали нек барои мо як навъ раҳнамоӣ маҳсуб меёбад, ки бояд аз ин иқдом пайравӣ кард.
Бисёре аз номҳо вобаста ба талаботи давр  бо ду хат: кириллӣ ва англисӣ навишта мешаванд. Махсусан, дар мавриди талаффузи онҳо бо забони англисӣ барои хориҷиён бояд аҳамияти махсус бидиҳем, то ғалат хондаву талаффуз нагарданд.
Хулоса, ба ному номгузорӣ, ки масъалаи ҷиддист, бояд муносибат низ ҷиддӣ бошад.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2019    №: 148 - 149    Мутолиа карданд: 1082
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед