ҳукумат
Маҷлиси васеи Ҳукумат: ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2009 ва вазифаҳо барои соли равон
29 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ намуд. Дар ҷараёни он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2009 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои соли равон муайяну мушаххас мешаванд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумат, роҳбарони сохторҳои давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат, корхонаю муассисаҳо ва ширкатҳои давлатӣ, бонкҳои саҳомӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок доранд.
Дар рафти маҷлис, ки ду рӯз идома хоҳад ёфт, ҳисоботи роҳбарони тамоми мақомоти давлатии мазкур шунида, оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузориши муфассал аз рафти маҷлиси васеи Ҳукумат дар шумораи ояндаи рӯзнома ба табъ мерасад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5524