фарҳанг
МУАЛЛИМА
Нафарони зиёде дар деҳоти Фархор Шоҳзодамо Исматоваро муаллима ном мебаранд, ки ин бесабаб нест. Ӯ аз ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб аввалин духтаре буд, ки соли 1968 ба мактаби олӣ дохил шудаву бомуваффақият онро хатм намудааст. Дар мактаби миёнаи № 24 - и деҳаи Бобо - Сафоли ноҳияи Фархор ҳамчун аввалин муаллима, инсони меҳнатдӯсту бомаърифат дар як муддати кӯтоҳ ҳурмату эҳтироми ҷомеаро ноил гашт. Фаъолияти пурсамарашро комитети ҳизбии ноҳия ба инобат гирифта, аввалҳои соли 1980 муаллимаро раиси Ҷамоати деҳоти Деҳқон - Ариқ интихоб карданд. Бо ӯ аз ҳамон давра дар як хоҷагӣ фаъолият доштем. Он овон ман раиси колхози «Коммунизм» будам.
То давраи роҳбарии Шоҳзодамо Исматова дар вазифаи раиси ҷамоат, масъалаҳои маъмурию иҷтимоӣ, хоҷагӣ, ҳатто оилавӣ дар сатҳи мақомоти давлатии ҷамъиятии ноҳияву вилоят ҳаллу фасл мешуд. Акнун, туфайли ақлу заковат, донишу кордонии раиси ҷамоат масъалаҳои мазкур ҳалли худро дар ҳудуди хоҷагӣ, деҳа ё ҷамоат меёфтаанд. Гуфтору рафтори муаллима ҳидояте буданд, ки аз қалби пур аз меҳру муҳаббати инсонӣ фаввора мезад. Ҳамчун оби ҳаётбахш кибру ғурур ва хашми алангазанандаи ҷонибҳоро хомӯш ва ба роҳи рост ҳидоят менамуданд...
Вақти раисии Шоҳзодамо ягон ҷанҷоли оилавӣ то дари суд намерафт ва дар ин давра ягон оила барҳам нахӯрдааст. Зеро роҳбарону фаъолони хоҷагиҳо садди роҳи вайроншавии оилаҳо мешуданд. Омадани Шоҳзодамо ба Ҷамоати деҳоти Деҳқон - Ариқ ба сифати омӯзгор, раис, баъдан ба ҳайси директори мактаб, гулдастаеро мемонд, ки аз гулҳои рангоранги ҳаёту зиндагӣ таркиб ёфта, накҳату бӯи муаттараш на танҳо сурату сирати одамон, балки симои худи деҳотро куллан дигаргун сохт. Шаклу мазмуни зиндагии деҳотиён ба маънои томаш тағйир ёфт.
Туфайли роҳбарии Шоҳзодамо Исматова дар симати роҳбари ҷамоат нақшаҳои истеҳсолии хоҷагиҳо сари вақт иҷро мешуданд. Аз ҷумла, хоҷагии «Коммунизм» қариб ҳар сол ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ мегардид. Аз ҳисоби хоҷагиҳо ва буҷети маҳаллӣ се мактаби миёна, дар ҳамаи деҳаҳо бунгоҳҳои тиббӣ, барои деҳқонону зиёиён хонаҳои истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирифтанд. Роҳи байни деҳаҳо аввал сангфарш, баъд асфалтпӯш карда шуданд. Байни деҳоти ҷамоат ва ноҳия автобуси мусофирбар ба мардум хизмат мерасонд.
Январи соли 1997 Шоҳзодамо Исматоваро директори МТМУ № 24, ҳамон дабистоне, ки даҳ сол пеш чун муаллима фаъолият дошт, таъйин карданд. Вале набзи ҷомеа, сохти он ба куллӣ дигар шуда буд. Аз камбуди маошу мушкилоти рӯзгор аксари муаллимон тарки мактабу пешаи омӯзгорӣ карда, ба корҳои фоидаовар ва муҳоҷирати меҳнатӣ шуғл меварзиданд. Муаллимони ба нафақа баромадаро ба кори таълиму тарбия ҷалб ва дигар деҳаҳо омӯзгорони хубро даъват намуда, дари муассисаро ба рӯи хонандагон боз нигоҳ дошт.
Духтарҳои деҳот, бо ташвиқу тарғиби муаллима, баъди хатми мактабҳои миёна яке пайи дигаре ба донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дохил мешуданд. Акнун волидон майлу хоҳиши духтаронро ба инобат мегирифтанд. Моҳира Кишварова, Барқия Назримадова бо дастуру ҳидояти муаллима ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Санифамо ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Гулчеҳра Сатторова ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Муҳаббат Сатторова ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва даҳҳо духтарони дигар муҳассил гаштанд.
Имрӯз муаллима дар сояи давлати фарзандони хеш, ки омӯзгор, табиб ва иқтисодчианд, фароғат дорад. Вале аз шогирдон дил канда наметавонад. Ҳар рӯз бо чеҳраи бозу хандон ба истиқболи онҳо шитофта, онҳоро ба ҳаёту зиндагии шоиста роҳнамун месозад.
Чиллахон ИСОЕВ, нафақахӯри аҳамияти ҷумҳуриявӣ,
Умари ШЕРХОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.08.2019 №: 150 Мутолиа карданд: 1165