logo

сиёсат

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ

10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии як қатор вазорату идораҳо ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.
Дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ ва низомӣ таъйин гардиданд, таъкид шуд, ки ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ба таҷрибаи андӯхта, маҳорати кордонӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, хизмати содиқонаву бенуқсон дар вазифаҳои қаблӣ ва дигар сифатҳои шахсии кадрҳои ҷавон бартарият дода мешавад.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш Самадзода Зикрихудо аз вазифаи раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод ва Мирзозода Мусо Одинамуҳамад ба вазифаи раиси ноҳияи Ишкошим таъйин гардид.
Ҳамчунин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло муовини якуми фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъйин,  ба вазифаи сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ, вилояти Суғд ва сардори раёсати ақибгоҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кадрҳои ботаҷриба, хатмкардагони ду ва ё зиёда муассисаи олии таълимоти низомии дохил ва хориҷи кишвар таъйин шуданд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродзода Шоиста муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Тибқи қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайбуллозода Толиб муовини якум ва Соҳибзода Маҳмадкарим- муовини директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” таъйин гаштанд.
Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Шараф – муовини котиби Шӯрои амният, Зуҳурзода Бахтиёр ва Раҳмонзода Ҷамшед – машваратчиёни Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.
Зимни суҳбати самимӣ, Пешвои миллат аз фаъолияти ҳар як хизматчии давлатӣ натиҷагирӣ намуда, онҳоро ба хизмати содиқона, поквиҷдонона ва ба нафъи давлату миллат истифода кардани неруи ақлониву таҷрибаи касбкарда даъват намуданд.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарбияи кадрҳои ҷавону болаёқат, бахусус дастгирии занон дар вазифаҳои масъули давлатӣ, минбаъд низ таваҷҷуҳу ғамҳорӣ зоҳир менамояд, – таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иброз доштанд, ки барои болоравии мансабӣ, ташаккули таҷрибаи корӣ, нишон додани натиҷаҳои назаррас аз ҳар як кадр тақозо мегардад, ки бо таҷрибаву дониши андӯхта қаноат накарда, пайваста омӯзанд, бо техника ва технологияи муосир кор карданро дар мадди аввал гузошта, забонҳои хориҷиро аз бар намоянд. Ба рӯйдоду воқеаҳои ҷаҳони муосир баҳои объективӣ дода, таҷрибаи мустақилона қарор карданро доро бошанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2019    №: 155    Мутолиа карданд: 1382
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед