logo

фарҳанг

"ГАНҶИНА" - МУАРРИФГАРИ ГАНҶҲОИ МИЛЛАТ

Пас аз мутолиаи мақолаи ««Ганҷина». Гавҳари санъати миллӣ бояд эҳё гардад» («Ҷумҳурият», 1 августи соли 2019), зарур шумурдам, андешаҳоямро перомуни он иброз намоям. Муаллиф Абдулқодири Раҳим, хабарнигори ин рӯзнома, масъалаеро мавриди баррасӣ қарор додааст, ки воқеан, рӯзмарра ба шумор  меравад. Аз ин рӯ, ҳалли он бояд ногузир бошад. Ҳар миллат бо таъсиси гурӯҳҳои ҳунарии фолклорӣ – этнографӣ на танҳо анъанаҳои нек, беҳтарин расму оинҳояшро ҳифз мекунаду пойдор нигоҳ медорад, балки ҳамзамон, бо пешниҳоди барномаҳои ҷолибу диданӣ худро, фарҳанги волояшро муаррифӣ мекунад.
Пештар ин гуна гурӯҳҳо дар хоҷагиҳои чанд шаҳру ноҳияҳо таъсис ёфта буданд, фаъолияти чашмрас доштанд ва дар озмунҳои байналмилалӣ ширкат меварзиданду беҳтарин ҷойҳоро соҳиб мегардиданд. Баъдҳо пароканда шуданд.
«Ганҷина» - ро бо эҳсоси холигии ин фазо Ҳукумати вақти кишвар ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ таъсис доданд ва он мақоми ҷумҳуриявиро касб кард. Бо дидани барномаҳои ин гурӯҳ аксар мардум низ дарёфтанд, ки чи гавҳарҳои фарҳанги қимат ниҳон будаанд.
Ҳанӯз аз хотирам нарафта, ки кормандон ё худ ҳунарпешагонро ба тариқи озмуни ҷиддӣ устодони санъат пазируфтанд. Ҳунарпешагоне чун Раҳмондӯсти Қурбониён, Муродбек Насриддинов, Олим Бобоев, Субҳон Саидов, Гавҳар Мирҷумъаева, Ҳаётой Муъминова ва дигарон бо пешниҳоди беҳтарин сурудҳои фолклорӣ бори дигар собит сохтанд, ки эҳёи сурудҳои фолклорӣ ғановати фарҳанги миллии моро бозгӯ мекунанд. Вазифаи ҳунарпешаи асил дарёфти ин дурдонаҳо ба шумор мерафт. Яъне, мо аз халқ мегирифтем ва дар ҳамон сурат ва ё беҳтар аз он боз ба мардум пешниҳод менамудем.
Ҳунарпешаи ин гурӯҳ мебоист, ки расму оинҳои мардумӣ, вожаҳои иртиботдошта ба сурудҳоро медонист. Масалан, вақте ӯ вожаҳои «чахдег», «чахчӯб» - ро намедонист, чӣ гуна бо ҳаракатҳои саҳнавӣ ва истифодаи ин мафҳумҳо сурудро дар мавриди муносиб иҷро мекард. Ва ё намадмолӣ. Ҳунарпеша ҳамзамон бо сурудан ба тамошобин бояд ҳунари намадмолиро бо тамоми нозукиҳояш нишон медод.
Ҳамин тавр, мо аз миёни мардум ин гуна сурудҳоро меҷустем. Дар хусуси такмилу иҷроиши он маслиҳат мепурсидем.
Ин гурӯҳ аз дигар гурӯҳҳои ҳунарӣ тафовут дошту дорад. Ҳунарпешаи гурӯҳҳои дигар сурудҳоро агар аз китобҳои нашршудаву дастрас меҷӯяд, ҳунарпешаи «Ганҷина» ин гуна дурдонаҳоро чун ғаввос аз баҳр бо чи ранҷу машаққатҳо ҷустуҷӯ мекунад. Кори ин гурӯҳ мисли кори театр аст. Дар иҷрои сурудҳо ҳаракатҳои мувофиқу пурмаънои саҳнавӣ зарур мебошанд ва низ таҷҳизот. Либосҳои зиёд лозим мешуд ва табдили онҳо. Бо барномаҳои рангину ҷолиб чи дар дохил ва чи берун аз кишвар сафарҳои зиёди ҳунарӣ доштем. Бурдани таҷҳизот ҳеҷ осон набуд. Ҷойи зиёдро ишғол мекард.
Ин сурудҳои фолклориро дар кишварҳои хориҷӣ бо мароқи зиёд гӯш мекарданд ва аз ҳунарнамоиҳои гурӯҳ ба ваҷд меомаданд.
Борҳо дар саҳифаҳои рӯзномаҳову маҷаллаҳои хориҷӣ оид ба дастовардҳоямон навиштаанду бо суратҳо ба нашр расондаанд. Ба ин васила фарҳанги миллати мутамаддинамон муаррифии бештару беҳтар мегардид.
«Ганҷина» - ро бояд эҳё кард. Ҳанӯз ҳам дер нашудааст. Оре, ҳоло ки ҳунарпешагон, донандагони сурудҳои фолклорӣ ва расму оинҳои мардумӣ дар қайди ҳаётанд ва барои равнақи кор саҳми зиёду дурусту чашмрас гирифта метавонанд.
Бисёр сурудҳову барномаҳои ҷолиб аз миёни мардум бояд ҷамъ оварда шаванд.
 «Ганҷина» - ро бояд ба нафаре бовар кард, ки пеш аз ҳама содиқ бошад, сурудҳои фолклориро бисёр хуб донад ва ба расму оинҳои мардумӣ ошноӣ дошта бошад. Барои пешрафти кори «Ганҷина»  бояд ба он мақоми давлатӣ дода шавад.
 Бояд дарк кунем, ки фаъолияти «Ганҷина» дар раванди ногувори ҷаҳонишавӣ ба манфиати миллат ва фарҳанги асили он мебошад. «Ганҷина», дар ҳақиқат, дар боло бурдани завқи мусиқифаҳмии мардум таъсири нек гузошта метавонад.
Ва ниҳоят хуб мебуд, агар «Ганҷина» - ро ба номи аввалин сарвари он, ҳунарпешаи маҳбубу шинохтаи ҷумҳурӣ, устоди равоншод Зафар Нозимов мегузоштанд. Ба ин васила, рӯҳи ин устоди мусиқӣ ва дӯстдорони ҳунари асил шод мегардид.
Чилахон ХОЛОВ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2019    №: 155    Мутолиа карданд: 2152
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед