logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Дар рушди илми таърихи ватанӣ ва равияҳои он як зумра донишмандони забардаст саҳми бузург гузоштаанд. Маҳмуд Ҳакимович Маликов, бешубҳа, аз ҳамин зумра мебошад. Маҳмуд Маликов дар тифлӣ аз меҳрубонии падар ва навозиши модар маҳрум гашт. Ҳамин тавр, бо мадади хешу табор мактаби ҳафтсолаи деҳа ва соли 1959 Омӯзишгоҳи педагогии Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат) - ро бо баҳои аъло хатм намуд.

Пас аз адои хизмати ҳарбӣ ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) супорид ва аз устодони зиндаёд Б. И. Искандаров, З. Ш. Раҷабов, М. Эркаев, Д. Е. Хайтун, А. Г. Слонимский, Ҳ. Н. Назаров, Т. Р. Каримов, И. М. Саидмуродов ва М. Бобохонов сабақ мегирифт, ҳамзамон, дар нишасту маҳфил ва конференсияҳои илмӣ фаъолона иштирок ва маърӯза мекард.
Пас аз хатми донишгоҳ Маҳмуд Маликов ба ҳайси ассистент ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохт ва дар мудати кӯтоҳ рисолаи номзадиашро дифоъ намуд. Ӯ ба сифати дотсент ва педагоги бомаҳорат корро идома дода, оид ба таърихи энергетикаи Тоҷикистон чандин рисолаву мақолаҳои илмӣ ба нашр расонд.
Солҳо  мавсуф вазифаҳои ноиби ректор оид ба корҳои таълим ва илми Донишкадаи педагогии шаҳри Кӯлобро ба уҳда дошт. Масъулиятшиносияш буд, ки рисолаи докториро соли 1988 дар Донишгоҳи давлатии педагогии Москва бомуваффақият дифоъ намуд.
Профессор Маҳмуд Маликов соли 1991 ректори Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Кӯлоб таъйин гардид. Дар муассисаи мазкур факултету шуъбаҳои нав кушода шуданд.
Чанде дар вазифаи мудири кафедраи таърихи сиёсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошт. Бо таъсис ёфтани Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ба вазифаи мудири кафедраи фанҳои иҷтимоӣ - гуманитарӣ таъйин гардид. Номбурда тавонист дар як муддати кӯтоҳ дар кафедра устодони пуртаҷрибаву донишманд Ҳ. Пирумшоев, Ю. Яқубов, Р. Абулҳаев ва дигаронро сарҷамъ намуда, пояи илмӣ – методии кафедраро мустаҳкам созад.
Мавсуф дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ низ дар тарбияи донишҷӯёну тайёр намудани мутахассисони унвондор саҳм гузоштааст.
Имрӯз низ профессор Маҳмуд Маликов фаъолияти таълимию илмии худро дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дода, ба таълиму тарбияи шогирдон ва таҳқиқоти илмӣ машғул мебошад. Номбурда муаллифи 7 рисола ва мақолаҳои зиёди илмӣ, тадқиқотӣ ва оммавӣ мебошад.
А. ҲУСАЙНОВ,
С. САЙНАКОВ,
Т. НАҶМУДДИНОВ,
омӯзгорони факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2019    №: 155    Мутолиа карданд: 2125
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед