logo

фарҳанг

ТАКМИЛИ ИХТИСОС. БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ АМАЛӢ МЕГАРДАД

Такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва илм аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон он дар доираи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017 «Дар бораи «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» ба роҳ монда шудааст.

Нахуст ба омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби кормандони раёсати маориф машғулиятҳо ва семинарҳо оид ба фаъолияти таълимӣ-тарбиявӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, идоракунии соҳа ва дигар масъалаҳои пешрафти илму маориф гузаронда шуданд. Илова бар ин, бо маблағгузории ташкилоти ҳамкор барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар доираи барномаи «Нигоҳдошт ва бехатарии оби ошомиданӣ», «Рушди ҳамаҷонибаи мактаб» ёрии методӣ расонда шуда, омӯзгорони марказҳои инкишофи кӯдакон низ аз ин кумак бархурдор гардиданд. Бо кумаки шарикони рушд барои 61 нафар директорон, раисони кумитаҳои падару модарон, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот семинар дар мавзӯи «Ҳамкории мактаб ва ҷомеа дар таҳкими фаъолияти маркази инкишофи кӯдакон» гузаронда шуд. Айни замон барои омӯзгорон ва мураббиёни муассисаҳои инкишофи кӯдакон 2 курси 15-рӯза ва 9-рӯза дар мавзӯи «Омодагии кӯдак ба таълим» гузашта истодааст. Ғайр аз ин, 70 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар мавзӯи «Муносибати салоҳиятнокӣ ба таълим» аз курси такмили ихтисос гузаштанд.
Пайваста такмил додани сатҳи дониш ва ихтисос дар замони пешрафти техника ва инноватсия хеле муҳим аст. Донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва риояи онҳо, қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ, худтакмилдиҳӣ ва татбиқи технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти касбӣ ва дигар хусусиятҳои инфиродӣ, аз ҷумла аз худ кардани забонҳои хориҷӣ талаботеанд, ки иҷрои онҳо шарт ва зарур мебошад. Аз ин лиҳоз, омӯзгорон кӯшиш намуда истодаанд, бо раванди пешрафти донишҳои муосир ҳамқадам буда, талаботи хонандаро, ки қобилияти рушди босуръати зеҳнӣ дорад, қонеъ гардонда тавонанд. Аз ин рӯ, вобаста ба таҳкими пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ низ тадбирҳои зарурӣ андешидан зарур аст
Хубсултон ЧОРШАНБЕЕВА, омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2019    №: 155    Мутолиа карданд: 1376
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед