logo

фарҳанг

ТЕАТРИ ДРАМАВИИ РУСИИ БА НОМИ МАЯКОВСКИЙ ЯК ҶУЗЪИ ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ МОСТ

Дар расонаҳои хабарӣ интишор ёфтани иттилоот доир ба идомаи таҷдиди бинои нави Муассисаи давлатии «Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский» ва намои нави он аҳли фарҳанги кишварро хушнуд намуд. Чуноне ки хонандагони «Ҷумҳурият» хабар доранд, дастаи ҳунарии мазкур бо сабаби кӯчондани  биноашон ба кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (собиқ бинои «Кохи  Тоҷикистон») чанд муддат аст, ки дар толори «Наврӯз» - и Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият доранд. 
Дар хабари раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе омадааст, ки театри мазкур  дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе соли 2016 аз бинои пешинааш, ки дар хиёбони Рӯдакӣ воқеъ гардида буд, ба «Кохи Тоҷикистон» кӯчонда шуд. Бинои нав дорои 500 ҷойи нишаст буда, дар паҳлуи Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ воқеъ гардидааст, ки сераҳолитарин макони шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.
Муассисаи давлатии «Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский» нахустин ва калонтарин театри русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 7 ноябри соли 1937 таъсис ёфтааст. Дастаи ҳунарии он дар асоси ҳунарпешаҳои Студияи театрии Москва, ки сарвариашро Артисти халқии СССР  Алексей Дикий ба уҳда дошт, таъсис дода шуд.
Аз ҳисоби ҳунармандони он як қатор коргардонҳое ба воя расиданд, ки минбаъд дар рушду нумуи театри тоҷик саҳми босазо гузоштанд. Инҳо Вениамин Ланге, Александр Герр, Леонид Бочавер ва дигарон мебошанд. Ҳайати эҷодии театр аз ҳисоби ҳунармандони хушсалиқа Агафоника Мирополская, Галина Степанова, Елизавета Чистова, Николай Волчков ва дигарон мукаммал гардид.
Дар  солҳои  Ҷанги  Бузурги Ватанӣ (1941 – 1945)  гурӯҳи калони ҳунармандони театр таҳти сарварии Георгий Менглет ба ҳайати Театри фронтии Тоҷикистон шомил гардида, дар ҷабҳаҳои ҷангӣ барои ҷанговарон ҳунарнамоӣ менамуд. Соли 1957 театр дар доираи Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва намоишҳои беҳтарини худ - «Фарзандони офтоб»-и Максим Горкий, «Ҳаммом»-и Владимир Маяковский, «Фоҷиаи Усмонов» - и Мирсаид Миршакар, «Шуҳрати нек» - и Муҳаммадҷон Рабиевро ба тамошобинон пешкаш намуд.
Аз ин давра раванди такомули театр оғоз меёбад. Беҳтарин намоишҳои дар ин давра таҳияшуда «Достони савуми муассир» - и Николай Погодин, «Ҳайвонотхонаи шишагин» - и Тенесси Уилямс, «Бо номи инқилоб» - и Михаил Шатров, «Субҳи ин ҷо сокит аст» - и Борис Василев, «Ҷойи сердаромад» ва «Гунаҳкорони бегуноҳ» - и Александр Островский, «Пул барои Мария»-и Валентин Распутин, «Елена Сергеевнаи азиз» - и Людмила Разумовская, «Мастер ва Маргарита» - и Михаил Булгаков (инсенировкаи А. Ивашенко) аз қабили онҳо мебошанд.
Дар театр ҳунармандони шинохтае, ба мисли Артисти халқии СССР Николай Волчков, ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Олга Смирнова, Николай Каюков, Елизавета Чистова, Евгения Аргуновская, Владимир Барботко, ҳунарпешаҳои шоиста Евгений Забиякин, Лия Комлякова, Галина Краснухина, Далер  Абдухолиқзода, Раҷаб Ҳусейнов фаъолият намудаанд. Дар рушди театр коргардонҳо Рюрик Нагорничних, Валерий Аҳадов, Барзу Абдураззоқов, Баҳодур Миралибеков, Султон Усмонов, рассомон Ориф Абдураҳмонов, Вечяслав Виданов, Леонид Корнеев, Янтобте Мамадқулов ва Нина Панова низ саҳми босазо гузоштаанд.
Театри русӣ аз солҳои нахустини фаъолияташ бо театри тоҷик робитаи қавӣ дорад. Саррежисёри театри ба номи  Лоҳутӣ – Ефим Мителман аз соли 1936 барои ҷорӣ намудани системаи Станиславский бо аҳли кормандони театр дарсҳои омӯзишӣ ташкил намуда буд. Ҳунарпешагони театри рус Ирина Якунина ва Сергей Якушев ба ҳунарпешаҳои тоҷик аз маҳорати актёрӣ дарс мегуфтанд. Бозигарони театрҳои академии ба номи Лоҳутӣ ва драмавии русии ба номи Маяковский дар намоишҳои ҳамдигар фаъолона иштирок мекарданд. Барои мисол, дар намоиши машҳури театри Лоҳутӣ «Калтакдорони сурх» ҳунарпешаи театри Маяковский Николай Лепник нақши сарбози русро иҷро мекард. Ҳунарпешаҳои тоҷик Муҳаммадҷон Халилов, Ҳайдар Шоймардонов, Абулхайр Қосимов, Абдусалом Раҳимов, Шамсӣ Қиёмов, Муҳаммадҷон Қосимов, Ҳошим Гадоев, Тӯтӣ Ғаффорова, Ато Муҳаммадҷонов, Ибодулло Машрабов, Шералӣ Абулқайсов ва Нурулло Абдуллоев дар намоишҳои театри русӣ ширкат варзидаанд.
Дар барномаи театр ҳамеша асарҳои драматургони тоҷик ҷой доранд. Намоишҳои «Фоҷиаи Усмонов» - и Мирсаид Миршакар, «Шуҳрати нек» - и Муҳаммадҷон Рабиев, «Муҳаббат ва шамшер» - и Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, «Бахт чист» - и Расул Ҳодизода, «Хаёлпараст» - и Султон Сафаров, «Достони Зайнаббибӣ» - и Султон Саидмуродов, «Тӯфон» - и Ғанӣ Абдулло ва Шамсӣ Қиёмов, «Ҳакими бузург» ва «Гавҳари шабчароғ» - и Сотим Улуғзода, «Кӯҳистонӣ» - и Нурулло Абдуллоев солҳои гуногун рӯи саҳнаи театрро дидаанд.
Имрӯз низ барномаи театрро намоишҳои диданӣ ташкил медиҳанд. Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский яке аз марказҳои муҳими фарҳангии пойтахт ба шумор рафта, дар он ба ғайр аз намоишҳои театрӣ чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ гузаронда мешаванд. Театр дар тарғиби адабиёт ва фарҳанги бузурги театрии рус дар ҷумҳурии мо ва маданияти волои тоҷикон миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ саҳми босазо гузоштааст.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2019    №: 155    Мутолиа карданд: 1125
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед