logo

иқтисод

РУШДИ ДЕҲОТ. СОҲИБКОРОН КАМАРИ ҲИММАТ МЕБАНДАНД

Ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соҳибкорони зиёд дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар арсаи созандагию ободкорӣ корнамоиҳо нишон медиҳанд.
Соҳибкор Давлатбек Давлатов аз деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод таъмиру навсозии бозори ноҳияро ба анҷом расонд. Ин бозор «Истиқлол» ном дошта,  солҳои тӯлонӣ дар ҳолати валангор қарор дошт. Онро соҳибкор таъмир карда,  ба бозори  замонавӣ табдил дод. Давлатбек Давлатов дар бозор ду чойхона, ду дорухона, панҷ мағоза ва меҳмонхона барои бист нафарро бо шароитҳои зарурӣ сохта, ба истифода супурд. Ҳамчунин, ӯ дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба оилаҳои камбизоат, пирони барҷомонда ва собиқадорони ҷангу меҳнат ёрӣ мерасонад. Соҳибкор ҳоло тасмим гирифтааст, ки дар соли нави хониш хонандагон аз оилаҳои камбизоатро бо асбоби хониш  ва либосу пойафзол таъмин намояд.
Бибираҷаб Катаева аз деҳоти Қазноби шаҳри Роғун намунаи афроди хайрхоҳу ободгар аст. Ӯ ба ифтихори Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби худ дар деҳоти Қалъаи Нави шаҳр бозори  фурӯши чорворо бунёд намуд. Ҳоло рӯзҳои шанбею якшанбе дар ин ҷо фурӯши чорво ба роҳ монда мешавад ва  аз гӯшаю канори кишвар тоҷирону соҳибкорон ҷамъ меоянд.  Зани соҳибҳунару меҳнатдӯст  барои  истироҳати мардум дар назди чашмаи овозадори «Қалъаи Нав» ошхона, чойхона ва мағозаи молҳои рӯзгорро  ифтитоҳ намуд, ки айни замон дар хизмати мардум қарор доранд. Бибираҷаб Катаева, иброз намуд, ки дар остонаи истиқбол аз 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба даҳ оилаи камбизоату бесаробон кумаки хайрия мерасонад.
Боиси хушнудист, ки эҳсоси ватандӯстии соҳибкорони мамлакат рӯз ба рӯз боло мегирад ва онҳо ба иқдомҳои созанда даст мезананд. Ҳоло чунин иқдомҳои соҳибкорон боиси равнақ ёфтани корҳои ободонию бунёдкорӣ гардидаанд.
Ҳокими САФАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2019    №: 156    Мутолиа карданд: 1328
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед