logo

фарҳанг

ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОН ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ САНЪАТИ МУСИҚИИ КАСБӢ

Иттифоқи композиторони Тоҷикистон аввалин ташкилоти ҷамъиятии эҷодиву касбии оҳангсозон ва мусиқишиносони кишварамон мебошад, ки бо мақсади ҳифз ва рушди беҳтарин анъанаҳои мусиқии классикии халқи тоҷик ва ҷаҳонӣ, фарҳанги мусиқии касбӣ, тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри татбиқ намудани имкониятҳои эҷодии онҳо таъсис ёфтааст. Дар арафаи ҷашни 80 – солагии иттифоқи мазкур оид ба саҳми оҳангсозони кишвар дар рушди мусиқии касбӣ суҳбате доштем бо раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед  Низомов.
- Дар асоси Қарори Шӯрои комиссарони халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 1 июли соли 1939 «Оид ба вазъи санъат дар ҷумҳурӣ ва чорабиниҳо вобаста ба рушди минбаъдаи он» кумитаи тадорукот ҷиҳати ташкил намудани Иттифоқи композиторон ташкил шуд. Раиси кумитаи ташкилии он композитор Александр Ленский таъйин гардид.
Иттифоқи композиторон бошад, расман 9 январи соли 1940 дар ҳайати оҳангсозон Шариф Бобокалонов, Сергей Баласанян, Александр Ленский, Самуил Урбах, Зиёдулло Шаҳидӣ, Фозил Солиев ва дигарон таъсис ёфта, аввалин раиси он Сергей Баласанян интихоб гардид. Баъдан Александр Ленский, Фазлиддин Шаҳобов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Шарофиддин Сайфиддинов, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Талабхӯҷа Сатторов, Аслиддин Низомов, Хайрулло Абдуллоев, Қудратулло Ҳикматов ва Шуҳрат Ашуров ба ҳайси раисони иттифоқ фаъолият намудаанд.
Аз ҷониби композиторони кишвар операву, балет, асарҳо барои оркестри симфонӣ ва созҳои миллӣ, романс, оратория, кантата, пйесаҳои зиёд барои созҳо, мусиқӣ барои кино ва асарҳои саҳнавӣ мусиқии касбӣ офарида шудааст.
Бо мақсади рушди санъати мусиқии касбӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон» аз соли 2004 Ҷоизаи ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ таъсис шуд. Айни замон, дар назди Иттифоқи композиторони Тоҷикистон шӯроҳои мусиқӣ, илмӣ, идораи тарғиби мусиқии муосир, бахшҳои эҷодиву ташкилӣ, мусиқишиносӣ ва танқиди мусиқӣ, фолклору мусиқии суннатӣ ва оҳангсозӣ пурсамар фаъолият доранд. 5 нафар доктор ва 7 номзади илм, 7 барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 3 дорандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, 3 Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон, 11 Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Иттифоқи композиторон мебошанд.
Аъзои иттифоқ дар баробари эҷоди асарҳои мусиқӣ ва дигар осори мусиқишиносӣ, инчунин, корҳои зиёди илмӣ - тадқиқотиро баҳри татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниёзҳои воқеии илмӣ - амалии фарҳанг ва санъат амалӣ намуданд. Вобаста ба масоили таърихию назариявии санъати миллӣ, методологияи таҳқиқотӣ - илмӣ дар равияи санъатшиносии миллӣ пажӯҳишҳои муфид низ анҷом медиҳанд.
Мусоҳиб Лола РИЗОӢ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2019    №: 156    Мутолиа карданд: 1618
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед