фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ВАСИЯТНОМАИ ҒАЙРИОДӢ
Соли 1902 Герхард Пфайфер, сарватманди олмонӣ, васиятномаи аҷиберо мураттаб сохта, ҳамаи атрофиёнро дар тааҷҷуб монд. Ӯ чунин нигошта буд: «Ҳар нафаре аз хешу ақрабо, ки барои гусел то оромгоҳ наравад, 300 марка мерос хоҳад гирифт. Боқии маблағи ба мерос мондаам мутобиқ ба «рӯйхати махсус» ва пас аз маросими видоъ тақсим карда мешавад».
Аҷибаш ин аст, ки пас аз даргузашти Герхард Пфайфер, ҳамаи меросашро танҳо як зан, ки аз авлоди дураш буд, соҳиб гардид. Гап сари он аст, ки дар «рӯйхати махсус» ҳамагӣ як ҷумла навишта шуда буд: «Сарватамро танҳо ба он ашхосе, ки 300 маркаро рад намуда, аз думболи тобутам то оромгоҳ мераванд, ба мерос мегузорам!»
Маълум шуд, ки ягон нафари дигар аз наздикон марҳумро то оромгоҳ гусел накарда будаанд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Бозичаи хавфнок
Дар Лейптсиг сокинони баҳайратомадаи яке аз биноҳо ба пулис хабар доданд, ки дар макони онҳо ҷиноятҳои мудҳиш содир мешаванд. Ба гӯши онҳо пайваста садои нолиши имдодхоҳонаи одамони азобкашида мерасад. Гӯё, ки онҳоро буғӣ мекарда бошанд. Нозирони тартибот ҳамаи ҳуҷраҳоро аз назар гузаронданд. Ахиран пулисҳо дар як хона бозичаеро ёфтанд, ки «халтачаи ханда» ном дошт. Соҳибони хона бозичаро «хандонда» бо ҳамин хомӯш карданашро фаромӯш карда ба саёҳат рафтаанд. Батареяи он неруашро гум мекунад ва ба ҷойи ханда бозича танҳо нолаи ҳазини ҷонхароше аз «гулу» мебаровард.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.
ХАРИДОРИИ СЕБ
Писарбача бо як миқдор пул аз бозор себҳои навъашон якхеларо бихарид. Агар ӯ аз фурӯшандаи якум ба миқдори муайяни пулаш ҳар як килограмм себро 1 сомонию 20 дирамӣ ва аз фурӯшандаи дуюм бо ҳамин миқдор пул ҳар килограмми себро 80 дирамӣ харида бошад, пас ёбед, ки нархи миёнаи ҳар як килограмм себи харидаи ӯ чанд пул аст?
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
ҲАМА ЧИРО МЕТАВОН ИНТИЗОР ШУД
Ба сокини пойтахти Бритониёи Кабир мактуберо расонданд, ки 112 сол пеш ба суроғаи ӯ равон кардаанд.
Соҳибхона мактуби ба соҳибони пештараи хона равоншударо ба даст гирифта дар ҳайрат монд. Нома моҳи декабри соли 1907 равон шудааст.
Бону дар ин ҳолати ғайриодӣ даступохӯрда нашуда, ба ҷустуҷӯи ворисони соҳибхонаи пешин баромад.
Почтаи шоҳии Бритониё яке аз муътамадтарин хадамоти мухобиротӣ ҳособида шуда, аз соли 1516 пайваста ва пурсамар фаъолият менамояд. Ниҳоди мазкур дар назди дафтардории шоҳӣ таъсис ёфта, дар оғоз танҳо ба интиқоли ҳуҷҷатҳои махсусан муҳими давлатӣ машғул буд.
Вобаста ба ҳолати баамаломада намояндагони хадамот изҳор доштаанд, ки ба соли 1907 ирсол шудани мактуб шубҳа доранд. Зеро онҳо ҳеҷ гоҳ дар фаъолияташон ба чунин иштибоҳи ҷиддӣ роҳ надодаанд. Шояд он ҳазли дӯстонаи яке аз наздикони хонадон буда, ба қарибӣ ирсол шудааст.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб Бердиёров
КИТОБҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ҶОИ АСАРҲОИ КОҒАЗИРО МЕГИРАНД?
«Китобҳои электронӣ ҳеҷ гоҳ наметавонанд ҷои маводи коғазиро бигиранд», - чунин андеша дорад устоди Донишгоҳи Ставангери Норвегия Анна Мангер.
Агентии иттилоотии "РИА Новости" бо истинод ба суханҳои муҳаққиқ овардааст, ки: "Ба таври доимӣ ва дар ҷои муайян сабт гардидани матн дар китобҳои коғазӣ ба хонанда имкон медиҳад, ки онро беҳтар аз бар намояд, ҷои заруриро зуд ёбад ва маводи хондаашро хубтар ба хотир гираду онро «ҳазм» намояд. Раванди ба даст гирифтани китоб, онро варақ задан, расму сурат ва ҳарфҳои паси ҳам зебо чидашудаи онро тамошо кардан ба кас ҳисси оромиш мебахшад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки матни китоби чопӣ зудтар аз бар шуда, то дер гоҳ дар хотир боқӣ мемонад».
Мангер илова намудааст, ки агар хондани матни коғазӣ қабули онро беҳтар гардонад, болову поин бурдани матни электронӣ, баръакс ба чашм ва зеҳни хонанда таъсири манфӣ расонда, таҳти фишори доимӣ нигоҳ медорад. Махсусан, ҳангоми хондани матнҳои калон ин таъсир бештар ба назар мерасад.
"Бинобар ин, нашояд «бонги хатар» зад, ки матнҳои коғазӣ аз байн хоҳанд рафт. Онҳо асрҳои дигар низ ба нафъи инсоният хидмат хоҳанд кард», - хулоса намудааст таҳқиқоти худро Анна Мангер.
Таҳияи Моҳитобон СУЛТОНЗОДА
ГОНОРАР 1 ЛИР
Дирижёрони маъруф Артуро Тосканини ва Пйетро Масканиро ба фестивали бонуфузи мусиқӣ, ки ба хотири ҳампешаашон Верди баргузор гардида буд, даъват карданд. Маскани, ки ба шуҳрати дигарон ҳамеша ҳасад мебурд, шарт гузошт, ки то ба ӯ аз Тосканини дида, гонорари зиёдтар надиҳанд, иштирок намекунад.
- Гонорари ман, ақаллан, 1 лир бояд бештар бошад,- пофишорӣ намуд ӯ.
Шарти ӯро қабул карданд, вале баъди анҷоми консерт, вақте Маскани гонорари гирифтаашро дид, аз ҳайронӣ лол монд: дар конверт ҳамагӣ 1 лир буд. Маълум шуд, ки Тосканини ба хотири Вердии ҳампешааш ройгон хизмат кардааст.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Суқрот ва барги папирус
Аз Суқрот пурсиданд, ки барои чӣ андарзҳои худро дар коғаз наменависад.
- Ба фикрам коғаз, ки аз баргҳои папирус тавлид мешавад, аз суханҳои ман дида, арзиши баландтар дорад,- мегӯяд файласуф. .
Аз русӣ тарҷумаи
Фараҳзоди ҚУРБОНАЛӢ
ДУШАНБЕ МЕҲМОНХОНАҲОИ МЕҲМОННАВОЗ
Ҳар нафаре, ки ба зебошаҳри Душанбе меояд, дар қатори дигар иншооти нодираш, мехоҳад аз меҳмонхонаҳои он дидан намояд. Журналист Умари Шерхон рейтинги меҳмонхонаҳои беҳтарини Душанберо ин тавр тартиб додааст:
1. «Ҳаятт Реҷенси» - хиёбони Исмоили Сомонӣ, 26/1 2. «Хилтон» - кӯчаи Айнӣ, 48 3. «Серена» - хиёбони Рӯдакӣ, 14 4. «Тоҷикистон» - кӯчаи Шоҳтемур, 22 5. «Авесто» - хиёбони Рӯдакӣ, 105/1 6. «Шумон» - кӯчаи Ф. Ниёзӣ, 26/1 7. «Ватан» - кӯчаи Ҳусейнзода, 36А 8. «Гулистон - Тур» - кӯчаи Бохтар, 38/1 9. «Пойтахт» - хиёбони Рӯдакӣ, 7 10. «Ориё» - кӯчаи Карамов, 4 11. «Ромиш» - кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, 4/1 12. «Роҳат» - хиёбони Рӯдакӣ, 24 13. «Диёр» - кӯчаи Шевченко, 20 14. «Тоҷ Палас» - кӯчаи Турсунзода, 21В 15. «Душанбе Палас» - кӯчаи Айнӣ, 40 16. «Меридиан» - кӯчаи Репин, гузаргоҳи 1, хонаи 28 17. «Азия гранд» - кӯчаи Турсунзода, 21В 18. «Атлас» - кӯчаи Н. Муҳаммад, 32, 34 19. «Меҳмонхонаи Алмос» - кӯчаи Мирзо Ризо 20. «Сино» - кӯчаи Шевченко 75/26 21. «Сафар» - кӯчаи Испечак, 2 22. «Сафир» - кӯчаи Карамов, 4 23. «Лотте Палас Душанбе» - кӯчаи Гагарин, 19 24. «Твинс» - кӯчаи Адҳамов, 21 25. «Фирӯз» - хиёбони Рӯдакӣ, 137 26. «Маҷмааи туристии «Варзоб» - кӯчаи Варзоб ГЭС, 35.
ТУБАКИ ДОНО «ЛУА»
Баъзе вақт мо ба хона рустанӣ оварда, онро дар тубак мешинонем ва дар кунҷи зебои хона мегузорем. Эҳтимол аст, ки баъзан об додани онро аз хотир барорем. Баъди якчанд ҳафта баргҳояш зард шудан мегиранд, мо кӯшиш мекунем, ки кумак кунем, вале мефаҳмем, ки дер шудааст. Ин мушкилӣ низ роҳи ҳалли худро дорад. Як тубаки "доно"- е ҳаст, ки метавонад рустаниро зинда намояд.
Ширкати «Mu Design» барои кумак дар парвариши рустаниҳо тубаки доно бо номи «Луа» - ро пешкаш мекунад. Ягона чизе, ки аз талабгорон тақозо мешавад, тавассути барнома ва коди QR пайваст кардани телефон ба тубак аст. Пас аз ин экрани зарфшикан метавонад 15 ҳиссиёти гуногунро нишон диҳад, ки ниёзҳои асосии рустаниҳоро ба монанди нури офтоб ё об бештар инъикос мекунад.
Сенсори ҳаракат имкон медиҳад, ки афзоиши рустаниро низ назорат кунед. Тубаки доно ҳоло дар фурӯш нест ва ширкат ният дорад, ки то моҳи декабри соли 2019 истеҳсоли оммавии онро ба роҳ монад.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
АЗ ОЛАМИ АҶИБИ ҲАЙВОНОТ
Умуман, гуфтан ғайриимкон аст, ки кадоме аз ҳайвонот боқувваттарин ба ҳисоб мераванд. Вале агар вазн, андозаи бадан ва бореро, ки ҷонварон мебардоранд ба назар гирем, масъала рӯшантар мегардад. Масалан барои инсон бардоштани қунғуз чандон мушкил нест, вале барои мӯрча бардоштани он қаҳрамонист. Акнун аз ҳамин дидгоҳ барои шумо 7 ҳайвони боқувваттаринро пешниҳод менамоем.
2. Паланг
Палангҳо аз ҳама калонтарин намояндаи оилаи гурбаҳо ба ҳисоб мераванд, ки андозаашон ҳатто аз шерҳо калон аст. Ин ваҳшиҳои рахдор дорои қувваи таъсиррасон мебошанд. Бо як зарбаи чанголи даст метавонанд ҳайвони калони сумдорро ба ҳалокат расонанд. Ҳолатҳое ҳам рух медиҳанд, ки онҳо вазни аз худашон ду баробар сангинро мебардоранд. Вале шоҳи даррандаҳо на он ҳайвонеро номидаанд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
ҲУШДОР!
Ҳар кадоми мо дар зиндагӣ боре ҳам бошад, яке аз ин андешаҳои манфиро аз дил гузарондаем:
- ҳоло омода нестам;
- ба ин намеарзам;
- то он даме ки чунин аст, ман ҳеҷ гоҳ хушбахт намешавам;
- зиндагӣ мушкил шудааст;
- барои ин кор хеле дер шуд;
- вақт надорам;
- аз дастам ин кор намеояд;
- аз дасти ман, умуман, ҳеҷ кор намеояд;
- ин ниятам амалинашаванда аст.
Барои он ки шахси муваффақ бошему дар мушкилоти зиндагӣ дарнамонем, бояд аз ҳозир чунин андешаҳоро аз худ дур созем.
Рустамҷон РАҶАБОВ, равоншинос
ВАРЗИШГОҲИ ҲИТСФЕЛД
Варзишгоҳи «Ottmar Hitzfeld Gspon Arena» дар доманаи кӯҳҳои Алпи Швейтсария бунёд шудааст. Ин майдони варзишӣ дар баландӣ ҷойгир аст. Мухлисон тариқи роҳи танобӣ ва ё бо воситаи нақлиёт масири пурпечутоби душворгузарро паси сар карда, ба варзишгоҳ меоянд. Варзишгоҳ аз ин хотир маъруф аст, ки дар баландии зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр бунёд шудааст. «Ottmar Hitzfeld Gspon Arena» номгузорӣ шуданаш ба хотири гиромидошти устоди варзиши Олмон Оттамара Ҳитсфелд мебошад.
Таҳияи Анвар ҲАФИЗОВ
АНДАРЗ
Боре муше дид, ки соҳибхона барояш дом гузоштааст. Ӯ, осемасар, аз ин ҳодиса мурғ, гӯсфанд ва говро огоҳ намуд. Вале онҳо бепарвоёна гуфтанд, ки мушгирак дарди сари туст ва ба мо дахле надорад.
Аз қазо дар мушгирак море дармонд ва завҷаи соҳибхонаро газида, бистарӣ кард. Соҳибхона барои бемор аввал мурғро кушта, хомшӯрбо пухт. Баъдан, баҳри наҷоти ӯ гӯсфандро қурбонӣ кард. Вале завҷаашро наҷот дода натавонист. Охирин ҷонвари хона – говро барои гузарондани маросими азо сар буриданд.
Муш ин ҳамаро аз сӯрохии девор назора менамуд ва аз он дар ҳайрат буд: мушгираке, ки ба мурғ, гӯсфанд ва гов дахле надошт, якояк сари онҳоро хӯрд.
Сабақи андарз: Дар ин дунё мо пайванди ҳамем ва агар касе гирифтори кулфате шавад, дигаре низ талхии онро хоҳад чашид.
Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ
ШОҲКОРИҲОИ САНЪАТИ МЕЪМОРӢ
НАМОИ ЗЕБОИ МАНЗИЛҲОИ ШВЕЙТСАРИЯ
Хонаҳои зебои шаҳри Ла Шо - де - Фони Швейтсарияро «вилла швоб» ном мебаранд. Ин бесабаб нест, зеро тарҳи аксари онҳоро меъмор Вилла Швоб (Villa Schwob) рехтааст. Умуман, маҳз ӯ ба раванди вилласозӣ дар Аврупо асос гузошт.
Баъдан ин равандро меъмор Оноре Карбюзе идома дод. Карбюзе меъмор, пештози тамоюлҳои инноватсионӣ дар соҳаи меъморӣ ва асосгузори услуби функсионализм дар санъат мебошад. Худи ӯ ин офаридаҳояшро "вилла турку" ном мебарад. Зеро меъмор дар сохти онҳо аз нақшу нигорҳои туркӣ ба таври васеъ истифода бурдааст. Карбюзе аввалин касест, ки дар санъати меъморӣ унсурҳои ороишии классикии Ғарбиро бо Шарқӣ якҷоя намудааст. Вале, ҳатто назораи намуди берунии онҳо нишон медиҳанд, ки дар ин навъи биноҳо анъанаҳои бинокорони Шарқ бартарӣ доранд. Худи меъмор баъдтар таҷрибаи пешинаи худро ҳамчун усули «шахшуда» ҳисобида, дар оянда услуби функсионализмро тарғиб намуд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДОИР БА ЗАБОНҲОИ ДУНЁ
Қадимтарин забони хаттӣ - забони шумерӣ ба ҳисоб меравад. Ин забон, тақрибан, 3500 сол пеш аз милод дар Мобайннаҳрайн арзи вуҷуд дошт.
*****
Калимаи англисии “туҳфа” (gift) дар забони олмонӣ маънои “заҳр”- ро дорад.
*****
Каме монда буд, то забони олмонӣ забони расмии ИМА гардад. Барои қатъи муносибат бо Англия аз яке аз усулҳои маъмулӣ- забони навро ҷорӣ кардан истифода бурдан хостанд. Ҳангоми овоздиҳӣ барои ғолибият ба забони олмонӣ танҳо як овоз нарасид!
Дар забони русӣ аз ҳама калимаҳое, ки зиёдтар истифода мегарданд, «и, в, не, он, на, я, что, тот, быть, с» маҳсуб мешаванд.
*****
Дар забони англисӣ аз ҳама мафҳумҳое, ки бештар мавриди истифода қарор мегиранд, «the, be, to, of, and, a, in, that, have, I» ба шумор мераванд.
Таҳияи Лутфия ҚОДИРОВА
ДОРОТАРИН ГУРБАИ ОЛАМ
Маълумот дар бораи ашхоси зиёде, ки танҳо зиндагӣ кардаву одатан ба нигоҳубини ҳайвоноти хонагӣ машғуланд, чандон наву ҷолиб нест. Вале вақте кор то он ҷое мерасад, ки бархе аз ҳайвонҳо пас аз марги соҳибонашон молики дороии эшон мегарданд, ин аҷиб аст.
Масалан, чанде қабл Карл Лагерфелд, тарроҳи машҳури ширкати мӯди «Chanel» аз бемории саратони меъда дар синни 85 - солагӣ фавтид. Азбаски ӯ зану фарзанд надошт, тамоми дороии худ - 200 миллион доллари амрикоиро ба ҳисоби гурбааш бо лақаби Шуппет гузаронд.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки Шуппет айни ҳол доротарин ҳайвони олам аст.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
Дар кадом кишвар ҳарчи зудтар хона харидан мумкин аст
Корманди миёнаи кироя дар кишварҳои Аврупо аз ҳама зудтар метавонад дар Португалия соҳиби манзил гардад. Чунин натиҷаро Ширкати таҳқиқоти байналмилалии консалтингии Deloitte ироа намудааст.
Таҳқиқот 16 давлати аврупоӣ, аз ҷумла кишварҳое, ки ба Иттиҳоди Аврупо шомил нестанд, фаро гирифт. Даромади аҳолӣ, нархи фурӯш ва иҷораи манзил, ҳамчунин, фарқияти нархи марказу минтақавии амволи ғайриманқул омӯхта шуд.
Бо дарназардошти ин арзёбӣ муайян гардид, ки аз ҳама манзили дастрас дар Португалия мебошад. Шахси дорои музди миёнаи моҳона метавонад, тақрибан дар муддати 4 соли пасандоз соҳиби хонаи наздик ба 70 метри мураббаъ гардад.
Аз ҳама нархи пасти манзили зисти иҷора дар Берлин мебошад.
Тафовути калонтарини нарх байни пойтахту музофотҳо дар Фаронса ва Бритониёи Кабир аст. Манзили зист дар Париж ва Лондон нисбат ба дигар минтақаҳо ба ҳисоби миёна 3,2 маротиба қиматтар буда, ҳамзамон, Париж гаронтарин шаҳри Аврупо маҳсуб мегардад ва як метри мураббаи хона дар ин ҷо 13 ҳазор евро нарх дорад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
ПУН ЛИМ
МАЛЛОҲЕ, КИ 133 РӮЗРО ТАНҲО ДАР УҚЁНУС ГУЗАРОНДААСТ
Соли 1942 вақте киштии тиҷоратии «SS Ben Lomond» дар уқёнуси Атлантика ғарқ шуд, аз миёни 53 нафар танҳо маллоҳи чинӣ Пун Лим ба таври муъҷизабор зинда монд. Баъди ду соати ҳодиса ба ӯ муяссар шуд, ки плоти наҷотдиҳандаеро, ки ба рӯйи об баромада буд, пайдо кунад. Хушбахтона, дар он Пун маводи барои ҳаёт зарурӣ - 40 литр оби ошомиданӣ, қанд, каме озуқа, чароғи барқӣ ва мушак пайдо кард. Ӯ умедвор буд, ки то омадани наҷотдиҳандагон захирааш кифоят мекунад.
Аз байн рӯзҳо, ҳафтаҳо гузаштанду захираи хӯроки Пун тамом шудан гирифт, вале аз наҷотдиҳандагон хабаре набуд. Ба замми ин, тӯфон бархост ва захираҳои боқимондаашро ҳам бурд. Ба Пун лозим омад, ки бо шикори моҳӣ рӯз гузаронад. Ниҳоят баъди гузаштани моҳҳо Пун парандаҳои зиёдеро дар ҳаво мушоҳида кард. Ӯ ба соҳил наздик омада буд. Дар рӯзи 133 - юм Пунро моҳигирони бразилиягӣ пайдо карданд. Пун Лимро ба «Китоби рекордҳои Гиннес» ҳамчун шахси муддати дароз дар уқёнус зиндамонда дохил карданд.
Таҳияи Мафтуна НУРИДДИН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.08.2019 №: 157 Мутолиа карданд: 1302