logo

номаҳо

ПАЙРАВИ ПЕШВО БОШЕМ!

Дар зимни нишасту суҳбатҳо бархе аз калонсолон дар мавриди шинохту таърифи Ватан ин байтро бо як бепарвоии хос такрор мекунанд:
Ватан ҷоест, озораш набошад,
Касеро бо касе кораш набошад.
Албатта, ин ба тарбияи мо – ҷавонон таъсири манфии худро  мегузорад. Ҳол он ки насли пешин барои тарбияи мо, фикр мекунам, ки масъуланд. Хушбахтона, медонем ва ба такрор ин ҳадиси паёмбарамонро мехонем: «Дӯстдории Ватан аз гӯшаи имон аст». Ин сухани пур аз ҳикмат хилофи байти боло мебошад. Оре, кас вазифадор аст, ки ватанашро дӯст бидорад, барои ҳифзи он ҷонашро дареғ надорад ва дар ободонию маъруфияташ саҳми дурусту арзанда бигирад. Танҳо дар ин сурат имондории ӯ собит мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки ин Ватан, сарзамини аҷдодиро дӯст бидорем. Инчунин, мефармоянд, ки ҷавонон ва насли наврас бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия биёбанд.
Ба пиндори ин ҷониб, нафаре, ки ҳастӣ ва тамоми донишу хирадро ба ин Ватан, сарзамини аҷдодӣ дар лаҳзаҳои вазнинтарин барои он бе дареғ бахшид, худи Сарвари давлат буданд. Аз ин рӯ, мо – ҷавонон ва насли наврас дар ин маврид бояд пайрави Пешвои азизамон бошем. Ин пайравӣ, бешак, барои ҳар нафар шараф аст.
С. АБДУЛАЗИЗ, шаҳри Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2019    №: 158    Мутолиа карданд: 7551
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед