фарҳанг
АБДУФАТТОҲ ОДИНАЕВ СИМОИ БАРҶАСТАИ МУСИҚИИ КАСБИИ ТОҶИК
Фарҳанги мусиқии тоҷик дорои симоҳои барҷастае мебошад, ки онҳоро метавон ҳамчун намунаи ибрату пайравӣ тарғиб намуд. Дар ин замина, бо эътимоди комил гуфта метавонем, ки Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ва ҷоизаи ба номи Александр Александров Абдуфаттоҳ Одинаев мактаби хешро ба вуҷуд овардааст.
Абдуфаттоҳ Одинаев дар мавзеи дорои суннатҳои бои мусиқӣ таваллуд шуда, роҳи эҷодиаш ба санъати касбӣ бо ҳидояти ҳофизи маъруфи халқӣ Шариф Ҷӯраев оғоз кардааст. Ӯ дар оғоз, дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагони лаёқатманд таҳсил намуда, аввалин дарсҳои композитсияро аз композитор Александр Ленский меомӯзад. Аз соли 1957 дар шуъбаи композитории Консерваторияи давлатии Москва ба номи Пётр Чайковский дар синфи профессор Александров таҳсил намуда, минбаъд асарҳои ҷолиберо аз қабили операҳои «Парасту» (либреттои Жола Бадеъ), «Бузаки ҷингилапо» (либреттои Наримон Бақозода), драмаҳои мусиқӣ, кантата, сюита, асарҳои вокалӣ - симфонӣ ва хорӣ, сурудҳо, оҳангҳо барои намоишҳои театрӣ ва филмҳоро офарида, маҳбуби ҳаводорони санъати мусиқии касбӣ гардиданд.
Абдуфаттоҳ Одинаев аз зумраи аввалин композиторони тоҷик аст, ки ба жанри симфония рӯ овардааст. Достонҳои симфонии «Ленин дар Помир» ва «Ҳисори ман» асарҳое мебошанд, ки бо сурудҳои халқии тоҷикӣ алоқамандии зич доранд. То имрӯз онҳо хусусияти худро гум накардаанд.
Эҷодиёти Одинаев хеле гуногунжанр аст. Мусиқии барои кино офаридаи ӯ беҳтарин намунаи жанри мазкур ба ҳисоб меравад. Дар маъруфият пайдо намудани филмҳои Киностудияи «Тоҷикфилм» аз қабили «Хиёнат», «Фошкунӣ», «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Восеъ», «Хоҳиши дил», «Қасос», «Хати парвоз», «Салом, шахси меҳрубон», «Сандуқ барои арӯс» мусиқии офаридаи ӯ саҳми арзанда дорад.
Асарҳои вокалӣ-симфонии ӯ «Чорзарб», «Ман доғ», пйесаи консертӣ барои дутор ва оркестри симфонии «Фалак», вокалӣ-рақсии «Азизам омад», «Суруди кӯҳсор», «Гулғунчаи баҳор», «Хуш набошад» бо истифодаи фаровон аз оҳангҳои фолклорӣ фарқ мекунад. Суруду романсҳои устод хеле машҳур буда, жанрҳои мазкур дар эҷодиёти ӯ мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Зимнан, композитор асарҳои зиёди созии дорои хусусияти консертӣ барои созҳои гуногуни якка бо ҳамроҳии фортепиано, оркестрҳои халқӣ ва симфониро эҷод кардааст.
Бояд зикр намуд, ки Абдуфаттоҳ Одинаев барои театр низ хеле зиёд асар навиштааст. Мусиқии мазҳакаи «Булбулакон месароянд», драмаҳои «Дастони саховатманд», «Хусрав ва Ширин» то ба имрӯз дили ҳар шунавандаро тасхир менамояд.
Хуршед НИЗОМОВ, раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.08.2019 №: 158 Мутолиа карданд: 1344