logo

иқтисод

"ПОМИРИНВЕСТ-2019". ИМКОНИЯТҲОИ РУШД ЗИЁДАНД

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои рушди иқтисодӣ имкониятҳои фарох ва захираҳои зиёди истифоданашуда дорад. Чунин хулоса намуданд ширкатдорони Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест - 2019», ки  бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки беш аз 150 нафар соҳибкор, роҳбару масъулони сохторҳои марбутаи давлатӣ, сармоягузорону  соҳибкорон аз ИМА, Канада, Покистон, Ҳиндустон, Чин,  шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ  дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид.

Тавре дар баромади аксари ширкатдорони форум зикр шуд, ВМКБ дорои захираҳои бузурги истеҳсолӣ буда, дар оянда метавонад ба яке аз минтақаҳои сердаромади кишвар табдил ёбад. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов  бо ҷалби таваҷҷуҳи иштирокдорон ба имкониятҳои сармоягузории вилоят, мушкилот, дурнамо ва таҳкими фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ дар минтақа зикр намуд, ки афзалиятҳои Кӯҳистони Бадахшон барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ зиёд буда, ҷиҳати таҳким бахшидани соҳибкорӣ сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ бояд дар ҳамкорӣ аз тамоми имконоти мавҷуда ба таври самаранок истифода баранд.
Яке аз имкониятҳои беҳтарини ҷалби сармояи хориҷӣ ба вилоят рушди саноати кӯҳӣ, коркарди маъданҳо ва захираҳои зеризаминӣ мебошад. Вале барои пурра истифода кардани захоири табиии Бадахшон  нокомилии инфрасохтори  зарурӣ   ва баъзан   гирифтани иҷозатнома мушкилот  пеш  меорад.
Рушди туризм, хусусан сайёҳии экологӣ ва табобатӣ, аз самтҳои афзали ҷалби сармоя ба вилоят унвон гардид. Имрӯз ҳамагӣ 10 дарсади имконияти туристии вилоят истифода бурда мешавад.  Кӯҳистони Бадахшон бо мавзеъҳои табиӣ ва таърихию  табобатӣ, ба монанди кӯли Сарез, осоишгоҳҳои «Гармчашма», «Авҷ», «Ямчун», «Челондеҳ»,   «Биби Фотимаи Заҳро» ва Боғи набототи Помир маъруфият дорад. Дар ҳудуди вилоят  солҳои  охир  инфрасохтори  сайёҳӣ тадриҷан рушд мекунад. Айни  ҳол дар  деҳоти  вилоят зиёда аз 50 меҳмонхонаи хурд фаъол аст. Саҳми Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ  дар омода кардани кадрҳои баландихтисоси забонҳои хориҷӣ дар таъмини бозори сайёҳӣ бо роҳбаладони сатҳи касбияташон баланд назаррас  мебошад. 
Гирифтани раводид  барои   вуруди  чандинкарата аз мушкилоти меҳварии рушди туризм дар минтақа арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин, дар мавриди имконоти тавлиди энергияи сабз, иқтидори энергетикии обҳои вилоят, бунёди неругоҳҳои хурду калони барқӣ, рушди агробизнес, таъмини бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, истеҳсол ва содироти оби нӯшокӣ, бехатарии маблағҳои сармоягузорони хориҷӣ,  ривоҷ додани фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим ва ташкили бахши он дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар пешниҳодҳои ҷолиб баён шуданд.
Зикр  гардид, ки  баҳри равнақи соҳибкорӣ як зумра санадҳои муҳими давлатӣ  ба  тавсиб  расиданд, ки ба  амалисозии лоиҳа ва барномаҳои рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд. Бо мақсади сода кардани рафтуомади сайёҳон дар кишвар равзанаи ягона ҷорӣ карда шуд, ки тиҷорати байналмилалиро дар кишвар то андозае боло бурд. Ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори истеҳсолӣ, бартараф кардани тафтишҳои беасоси такрорӣ бо Фармони Президенти кишвар то соли 2021 ба ҳамаи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон гардидааст.
Пешниҳод шуд, ки таваҷҷуҳи асосӣ бояд ба амалисозии лоиҳаҳои хурд, яъне бунёди корхонаҳои дорои 5 - 10 воҳиди корӣ ва ба шароити бозори имрӯза ҷавобгӯ равона гардад.
Баромадкунандагон атрофи имкониятҳои сармоягузорӣ, саноатикунонии босуръати иқтисодиёти ВМКБ ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, дарёфти имкониятҳои рушди соҳибкории муосир, арзёбии заминаҳои мавҷуда, мушкилоти рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, вазъи рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят, татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии ВМКБ барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ, дастгирии соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби шарикони рушд, рушди сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва ҷалби сармоя барои инфрасохтори осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои вилоят андешаҳои ҷолиб баён намуданд.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2019    №: 159    Мутолиа карданд: 1024
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед