logo

иқтисод

ТАДБИРҲОИ ИЛОВАГӢ РОҲАНДОЗӢ МЕШАВАНД

Посух ба мақолаи «Хатлон. Бефаъолиятии корхонаҳо соҳаи саноатро қафо мекашад!!!», ки 19 июни соли 2019 (№ 115) дар нашрияи «Ҷумҳурият» ба табъ расидааст.

Мақолаи Зокир Ҳасан «Хатлон. Бефаъолиятии корхонаҳо соҳаи саноатро қафо мекашад!!!» дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия бо иштироки муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, сардорони раёсатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисиони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор дода, барои бартараф намудани камбудию норасогиҳои ҷойдошта, ки дар мақолаи мазкур дар соҳаи саноати ноҳияи Восеъ зикр гардидаанд, ба масъулини дахлдор ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо супоришҳои мушаххас дода шуд. Қобили зикр аст, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ барои рушди саноат дар ноҳия як қатор корҳо ба анҷом расонда шудаанд.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия ба 35 миллиону 824,6 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 % ё 1,3 миллион сомонӣ зиёд аст. Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, корхонаи истеҳсоли регу сангмайда, корхонаи истеҳсоли равған ва масолеҳи сохтмонӣ, коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ – дар маҷмӯъ, 4 коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 19 ҷойи корӣ бунёд ёфта, коргоҳҳое, ки дар ҳамин давраи соли гузашта фаъолият надоштанд, фаъол гардонда шуданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, аз моҳи ноябри соли 2015 корхонаи коркарди пахтаи ҶСК ШХ «Самар» бинобар сабаби зиёдшавии қарзи кредиторӣ дар назди бонкҳо ва фарсуда шудани таҷҳизоти технологӣ аз фаъолият бозмондааст.
Ҷиҳати рушди воқеии истеҳсолот дар самти истеҳсоли сарулибоси босифат, хуштарҳу замонавӣ ва рақобатпазири мактабӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли молҳои саноатии ватанӣ, ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ ва даромади буҷети маҳаллӣ низ тадбирҳои иловагӣ андешида шуданд. Айни замон дӯхти либосҳои мактабӣ дар корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Алишер АСК», ки дар маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии «Султони Кабир» - и ноҳия фаъолият мекунад ба роҳ монда, дар он 18 нафар бону ба кор ҷалб шуд.
Дар ноҳия танҳо корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Алишер АСК» ба дӯхти либоси мактабӣ ва либосҳои махсуси корӣ барои кормандони ташкилоту муассисаҳо машғул мебошад. Корхона бо 132 дастгоҳи дӯзандагӣ, 3 дарзмолкунӣ, 3 порагарӣ, мошинаи ҳалқадӯзӣ ва тугмачаспонӣ муҷаҳҳаз буда, имконияти истеҳсоли костюмро низ дорад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар нимсолаи аввали якуми соли 2019 корхонаи дӯзандагии «Алишер АСК» 18000 адад (5200 даста) либоси мактабӣ истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 дарсад зиёд аст.
Соли равон муассисаҳои таълимӣ ва корхонаи дӯзандагии «Алишер АСК» барои дӯхтани 23000 адад либоси мактабӣ шартнома бастаанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои сари вақт баррасӣ намудани матлабҳои интиқодӣ, рафъи камбудиҳо, пурра ба кор даровардани корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда ва таъмини рушди босуботи саноат чораҳои иловагиро роҳандозӣ хоҳад намуд.
Шарбатулло АЗИЗУЛЛО, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2019    №: 159    Мутолиа карданд: 973
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед