logo

иқтисод

НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ. ҚАДАМИ НАВ ДАР САМТИ САНОАТИКУНОНӢ

Дар арафаи таҷлили Ҷашни 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Ғӯлакандоз - яке аз калонтарин деҳоти  ноҳияи Ҷаббор Расулов корхонаи ресандагии муштараки Тоҷикистону Туркия бо иқтидори солонаи коркарди зиёда аз 5000 тонна нахи пахта мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Корхонаи мазкур дар масоҳати  2 гектар доман паҳн карда, бо маблағи зиёда аз 70 миллион сомонӣ дар  заминаи  таҷҳизот ва хатҳои технологии ширкати пешрафтаи Италия - «Марзоли»  бунёд хоҳад шуд. Феълан дар корхона насби дастгоҳу таҷҳизоти воридшуда ҷараён дорад. Сохтмони чунин корхонаи замонавии соҳаи саноати сабук тақозои давр  аст, зеро  ноҳияи  Ҷаббор Расулов, асосан, кишоварзӣ буда, солҳои пеш танҳо як собиқ хоҷагии ба номи А. Самадов зиёда аз 30 ҳазор тонна пахта истеҳсол мекард. Бо таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм имрӯз дар ноҳия дар мавсим то 15 ҳазор тонна  пахта истеҳсол мешавад ва роҳбарияти ноҳия тасмим гирифт, ки ҷиҳати коркарди маҳсулоти худӣ чунин корхонаро таъсис диҳад. Иншоот, бешубҳа, аҳамияти калони иқтисодиву иҷтимоӣ дорад ва ин иқдом қадами ҷиддиву боэътимод  ҷиҳати татбиқи воқеии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат маҳсуб  меёбад.  Баъдан, бо бунёди корхонаи ресандагӣ шароит фароҳам меояд, ки дар маҷмӯъ, 200  сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шавад.
- Бартарии иқтисодии корхонаи бунёдшаванда боз дар он ифода меёбад, ки агар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар кулли корхонаҳои саноатии ноҳия дар як сол 170 - 180  миллион сомониро ташкил диҳад, пас, танҳо корхонаи ресандагии сохташаванда  метавонад соле ба маблағи 135 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намояд, - иброз дошт Комил Салимзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов.
Корхона танҳо бо истеҳсоли ашёи хом маҳдуд нагашта, дар марҳилаи дуюм, аллакай, ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазиру содиротӣ  шурӯъ хоҳад кард.  Дар ин радиф соҳибкорони маҳаллӣ тасмим гирифтаанд, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳия 11 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолии хурду миёна бо таъсиси қариб 500 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода диҳанд. Чанде қабл  бо ибтикори соҳибкори ноҳия  Хуршед Муъминов корхонаи нав  бо таъсиси 15 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ин ҷо аз нахи пахтаи маҳаллӣ дар як рӯз барои  бачагону наврасон ва  ҷавонону калонсолон то 2,5 - 3 ҳазор адад (қариб даҳ номгӯй) либосҳои сабуку шинам ва зебои варзишӣ бо рангҳои гуногуни табиӣ дӯхта, бо тамғаи «Асл» ба муомилот бароварда мешаванд. Тавре ба мо иттилоъ доданд, аллакай, ҷиҳати содироти мол бо соҳибкорони ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон мувофиқа ба даст омадааст.
Дар шаш моҳи соли равон бо ибтикори соҳибкорон дар ноҳия наздики 20 корхонаю коргоҳи мавсимии истеҳсоли нахи пахта, масолеҳи сохтмонӣ, мумқир (асфальт), орд, нон, оби ҷав, равғани рустанӣ, либосҳои мактабиву коргарӣ ва қолин бо таъсиси зиёда аз 320 ҷойи корӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки бешубҳа, ҷиҳати ғанӣ гаштани буҷети маҳаллӣ ва ба ин васила ободонии шаҳраку деҳоти ноҳия мусоидат хоҳанд кард.
- Дастури Пешвои миллат ҷиҳати ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ баҳри ободонию корҳои созандагӣ  дар ноҳия вусъати тоза гирифтааст. Ҳоло дар кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 100 сокини собиқи ноҳияи мо кору зиндагӣ дорад ва талош варзидем бо теъдоди муайяни онҳо дар робита бошем. Онҳо пешниҳоди моро ба хубӣ пазируфтанд ва омодаанд, ки дар бунёди чандин иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ саҳм гузоранд. Соли равон, аллакай, як соҳибкори ҳамватани муқими Малайзия тасмим гирифтааст, ки дар маркази шаҳраки Меҳробод  меҳмонхонаи баландошёна бунёд намояд. Ҷиҳати ҷудо кардани қитъаи замин ва ҳаллу фасли масъалаҳои ҳуқуқӣ ба ҳамватанони бурунмарзӣ кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия кумак мекунанд.
- Он замон дур нест, ки ноҳияи Ҷаббор Расулов ба қатори рушдёфтатарин  шаҳру навоҳии кишвар дохил шавад. Баҳри амалисозии ин ҳадаф тамоми шароитҳо муҳайёанд, - гуфт Комил Салимзода.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2019    №: 159    Мутолиа карданд: 1997
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед