logo

иқтисод

НОҲИЯИ СПИТАМЕН. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ МЕСОЗЕМ!

То оғози солҳои хониши 2019 – 2020 дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ду бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту аёнияти дарсӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. 
Бинои сеошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33 дар деҳаи навбунёди Андарсойи деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳия бо дастгирии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бунёд шуда истодааст. Дар ин иншоот 95 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, рангубор, сафолакпӯшии назди муассиса ва сабзкорӣ боқӣ мондааст. Сохтмони муассиса моҳи августи соли гузашта дар масоҳати 2 гектар оғоз шуда буд.
Ниёз Ашӯров, корфармои иншоот, гуфт, ки муассиса аз 28 синфхона иборат буда, барои 1260 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Барои гузарондани дарсҳои таълими меҳнат ва омӯзондани касбҳои гуногун дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи фаннӣ, аз қабили синфхонаҳои лингафонӣ, химия, физика – нуҷум ва биология ташкил шуда, инчунин, дар ин ҷо машғулиятҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва омодасозии ҳар гуна таомҳо гузаронда мешаванд. Ҳамзамон, ду синфхонаи алоҳида барои гузарондани дарсҳои компютерӣ пешбинӣ шуда, барои роҳбарияту омӯзгорони таълимгоҳ утоқҳои алоҳидаи корӣ бунёд гардидааст. Муассиса дорои маҷлисгоҳ бо 380 ҷойи нишаст, ошхона ва толори варзишӣ мебошад.
Дар корҳои сохтмонӣ 97 кас ба кор ҷалб гардиданд, ки аз он 28 нафарашро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Мактаб бо системаи гармидиҳӣ пайваст мебошад, ҳамзамон, барои таъмини об чоҳи амудӣ канда шудааст.
Дилрабо Раҳимӣ, муовини раиси ноҳия, иброз дошт, ки сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12 бошад, аз ҳисоби буҷети вилоят моҳи майи соли 2018 оғоз ёфта, аз се ошёна, 16 синфхона, озмоишгоҳу утоқҳои фаннӣ, ошхона ва толори варзишӣ иборат буда, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Феълан 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст. Дар ин иншоот 53 нафар ба кор ҷалб шудаанд.
То Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 14 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 16, 30 ва боғча барои 60 кӯдак бунёд хоҳад шуд.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2019    №: 159    Мутолиа карданд: 2010
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед