logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, 20 августи соли 2019

Ҳамдиёрони азиз!
Тамоми сокинони заҳматпешаву шарафманди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, аз ҷумла шумо, ҳозирини арҷмандро бо рӯйдоди бузурги таърихи навини халқи тоҷик - Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, ки имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар айёми омодагӣ ба таҷлили он қарор доранд, табрик гуфта, ба ҳар яки шумо сиҳатмандӣ, хонаи обод ва ба хотири ободии ин диёри кӯҳистони тоҷикон барори кору муваффақият орзу менамоям.
Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон мебошад ва маҳз ба туфайли Истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам омад, ки ин гӯшаи биҳиштосои сарзамини аҷдодиамон эҳё гардида, ба яке аз мавзеъҳои муҳими кишоварзии мамлакат табдил ёбад.
Ноҳия ҳамеша таҳти назорат ва ғамхории давлат қарор дошта, Ҳукумати мамлакат набзи ин гӯшаи дурдаст ва зебои диёрамонро хуб эҳсос менамояд ва аз зиндагии мардуми он огоҳ мебошад.
Ва ҳар вақте ки ман бо сафари корӣ ба Кӯҳистони Мастчоҳ меоям, ободиҳои баамаломадаро дида, аз натиҷаҳои заҳмати дастони мардуми сарбаланду заҳматқарини ин диёри кӯҳистони тоҷикон қаноатманд мегардам.
Дар як муддати хеле кӯтоҳ, яъне тайи се - чор соли охир, дар деҳоти ноҳия, ба шарофати таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат, иншооти иҷтимоӣ, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, намояндагии бонкҳо, неругоҳҳои барқи обии хурд ва дигар инфрасохтори зарурӣ, бунёд карда шудаанд, ки ҳоло фаъолияти муназзам доранд ва боиси хеле беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ гардидаанд.
Дар ин муддат, инчунин, аз баракати заҳмати сокинони ватандӯсти ноҳия дар шароити кӯҳистони камзамин боғҳои нав бунёд шуда, майдони заминҳои корам васеъ ва роҳҳои байни деҳот тахту ҳамвор гардида, маркази ноҳия бо қомат афрохтани иншооти муосири маъмуриву хизматрасонӣ ва бунёди хиёбону гулгаштҳо ҳусни тоза гирифтааст.
Яъне, хуб мушоҳида мегардад, ки Истиқлолияти давлатӣ ба ин гӯшаи диёрамон, дар ҳақиқат, умри дубора бахшида, роҳи онро равшану мунаввар кардааст.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории Буҷети давлатӣ қариб 170 миллион сомонӣ, аз ҷумла 81 миллион сомонӣ мусоидати молиявӣ ва аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо 35 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Дар раванди омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ нақшаи корҳои ободониву бунёдкории ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ беш аз 100 иншооти таъйиноти гуногунро фаро мегирад, ки аз он то ба имрӯз 35 иншоот бунёд ва таъмиру азнавсозӣ карда шудааст.
Дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашн, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои саривақту босифат ба охир расондани корҳои сохтмону ободкорӣ азму талош варзанд.
Бояд зикр намуд, ки Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2016-2020 аз 171 лоиҳа иборат буда, дар сею ним соли охир 52 лоиҳа дар ҳаҷми беш аз 102 миллион сомонӣ амалӣ шудааст, ки қариб 60 фоизи маблағи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Зарур аст, ки лоиҳаҳои боқимондаи барномаи мазкур сари вақт ва бо сифати баланд иҷро карда шаванд, ки ин масъала аз ҷидду ҷаҳд ва қобилияти ташкилотчигии роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вобаста мебошад.
Ҳангоми сафари қаблӣ, масъулонро вазифадор карда будам, ки бо дарназардошти эҳтиёҷоти кишоварзони ноҳия ба заминҳои обӣ ва дар ин асос афзоиш додани майдони кишти картошка ва боғҳо барои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои бекорхобидаи Дашти Фалахмон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҷиҳати иҷрои ин супориш, соли ҷорӣ ба маблағи қариб як миллион сомонӣ марҳалаи дуюми хати оби полизии Дашти Фалахмон ба анҷом расида, он ба истифода дода шудааст, ки дар натиҷа 240 гектар замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад.
Дар марҳалаи аввал садҳо нафар сокинони ноҳия соҳиби ҷойи кор мешаванд. Баробари сероб шудани ин дашти ташналаб, садҳо нафари дигар барои худ шуғли муносиб пайдо мекунанд ва он рӯз дур нест, ки дар ин мавзеъ киштзору боғҳои сарсабз бунёд хоҳанд шуд.
Ҳамчунин, дар доираи нақшаи корҳои ободонӣ соли ҷорӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Ҳадишаҳр, Пастиғав ва Ғузн сохтмони биноҳои ёрирасон анҷом ёфта, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ба фаъолият оғоз кардааст.
Ҳоло сохтмони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар деҳаҳои Дашт ва Эсизи Поён барои 570 нафар хонанда, бинои муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ дар деҳаи Деҳавз бо 110 ҷойи нишаст, мактаб дар деҳаи Хайробод, муассисаи томактабӣ барои 72 нафар кӯдак дар деҳаи Дашт ба тариқи ҳашар, беморхонаи минтақавӣ дар деҳаи Роғ, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Табушн, варзишгоҳ барои 3000 ҷойи нишаст дар маркази ноҳия, майдончаи варзиш дар деҳаи Оббурдон ва дигар иншооти таъйиноти иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохтори зарурӣ босуръат идома дорад.
Танҳо номгӯи иншооти навбунёд ва вусъати бесобиқаи корҳои бунёдкорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо ҷонибдорӣ аз даъвату ҳидоятҳои Роҳбари давлат барои истиқболи шоистаи ҷашни истиқлолу озодии Ватан бо эҳсоси баланди ватандорӣ заҳмат кашида истодаанд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро зарур аст, ки ҷиҳати сари вақт ва босифат бунёд гардидани ҳамаи иншооти банақшагирифташуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар доираи сафари имрӯзаи мо як қатор иншооти муҳим, аз ҷумла дар маркази ноҳия - шаҳраки Меҳрон беморхона ва маркази саломатӣ ба истифода супурда шуд, ки онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва ташхисгоҳҳо таъмин буда, сокинон метавонанд минбаъд ба маркази вилоят ва пойтахти мамлакат нарафта, дар муддати кӯтоҳ аз ташхис гузаранд ва саломатии худро барқарор намоянд.
Ҳамчунин, мо имрӯз дар маркази ноҳия биноҳои нави шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ҳолатҳои фавқулода ва судро ифтитоҳ кардем.
Дар иншооти мазкур барои фаъолияти самарабахши хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва мақомоти дигар тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Дар маркази ноҳия қомат афрохтани Парчам ва Нишони давлатӣ боиси ифтихору сарбаландӣ ва фараҳу шодмонии кулли сокинон гардид. Бовар дорам, ки қомат афрохтан ва парафшон гардидани рамзҳои муқаддаси миллиамон дар тарбияи ватандӯстӣ, тақвияти ҳувияти миллӣ ва худшиносии насли муосир нақши муассир бозида, майдони Парчам ва Нишони давлатӣ макони сайругашти мардуми ноҳия ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ мегардад.
Ҳозирини муҳтарам!
Дар ноҳия соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 2330 гектар кишти картошка гузаронда шуда, тибқи нақша, истеҳсоли ин намуди маҳсулот то 75 ҳазор тонна расонда мешавад.
Мувофиқи таҳлилҳо, кишоварзони ноҳия майдони кишти картошкаро аз 1280 гектари соли 2008 ба 2300 гектар дар соли 2018 расонда, истеҳсоли онро дар ин давра аз 46 ҳазору 200 тонна ба 73 ҳазору 600 тонна афзоиш дода, ҳаҷми истеҳсолро дар даҳ сол 27 ҳазору 400 тонна зиёд кардаанд. Аммо ҳосилнокӣ дар ин давра аз ҳар гектар 41 сентнер кам гардидааст.
 Кишоварзони ноҳия соли ҷорӣ дар майдони 2330 гектар картошка кишт намуда, мувофиқи ҳисоби пешакӣ мақсад доранд, ки ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба 322 сентнер ва ҳаҷми истеҳсолро ба 75 ҳазор тонна расонанд.
Вобаста ба ин масъала ва бо дарназардошти имкониятҳои зиёди ноҳия, роҳбарону мутахассисони вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ вазифадор карда мешаванд, ки истеҳсоли картошкаро то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне соли 2021, ба 100 ҳазор тонна расонанд.
Масалан, кишоварзони шаҳри Панҷакент имсол дар майдони 7 000 гектар кишти картошка гузарондаанд (5000 гектар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 2000 гектар аҳолӣ) ва ният доранд, ки 120 ҳазор тонна ҳосил гиранд.
Ҳамзамон бо ин, дар солҳои 2008 - 2019 саршумори чорвои калон 4 ҳазору 800 сар, моли майда 46 ҳазор сар ва саршумори қутос 670 сар афзоиш ёфта, истеҳсоли гӯшт дар соли 2018 нисбат ба соли 2008-ум 700 тонна зиёд шудааст.
Аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ ва чарогоҳ дар ин давра 24 гектар боғ бунёд гардидааст, ки 2,4 гектари он боғҳои интенсивӣ мебошад.
Муҳим аст, ки ҷиҳати содироти меваи тару тоза ва хушк тадбирҳо андешида, бо мақсади ба роҳ мондани коркарди онҳо коргоҳҳо ва корхонаҳо бунёд карда шаванд, то ки садҳо нафар бо ҷои корӣ таъмин гардад.
Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи чорводорӣ дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ, мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзиро зарур аст, ки ҷиҳати беҳтар кардани зоти чорво, рушди соҳаи қутоспарварӣ ва зиёд намудани саршумори он корро тақвият бахшанд.
Ҳангоми сафари гузашта мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор карда будам, ки ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ аҳамияти махсус зоҳир намоянд.
Мувофиқи маълумот, шумораи оилаҳои занбӯри асал имсол ба зиёда аз 2000 оила расидааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 800 оила зиёд мебошад. Ҳарчанд истеҳсоли асал дар соли 2018 40 тонна ва дар шашмоҳаи аввали соли 2019 ба 9,6 тонна расонда шуда, афзоиш ба назар мерасад, вале ин нишондиҳанда бо дарназардошти имкониятҳои зиёди ноҳия дар ин самт ҳоло ҳам нокифоя мебошад. Бинобар ин, бояд дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд, то ки асали истеҳсолшуда на танҳо ба бозори дохилӣ, балки ба хориҷи кишвар низ ба фурӯш бароварда шавад. Зеро талабот ба ин намуди маҳсулоти шифобахш, махсусан аз Тоҷикистон, сол то сол афзоиш ёфта истодааст.
Бо вуҷуди он ки Кӯҳистони Мастчоҳ ноҳияи кишоварзӣ аст, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат зарур аст, ки бо истифода аз иқтидорҳои ноҳия дар самти ривоҷ додани соҳаи саноат, махсусан саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истихроҷи ангишт, тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Барои ин, доир ба афзоиш додани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ бояд чораҳои иловагӣ андешида шаванд. Тибқи маълумот, дар нимсолаи якуми соли 2019 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба ноҳия 1 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 6 фоиз камтар аст.
Бонки миллӣ ва Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”-ро зарур аст, ки барои дастгирӣ намудани соҳаҳои иқтисодии ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ, алалхусус Кӯҳистони Мастчоҳ, ҳаҷми қарздиҳиро зиёд намуда, дастрасии соҳибкорону аҳолиро ба воситаҳои молиявӣ таъмин намоянд.
Дӯстони азиз!
Боиси қаноатмандист, ки ҳоло кишварамон аз файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ, суботу оромӣ ва ваҳдати комили миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанонамон торафт таҳкиму густариш меёбад.
Ёдовар мешавам, ки дар қаламрави ноҳия ёдгориҳои зиёди таърихӣ мавҷуданд, ки бозгӯи гузаштаи пурифтихори ин сарзамини аҷдодӣ мебошанд. Инчунин, иқлими барои истироҳату фароғат мусоиди ноҳия ва обҳои ҷонбахши чашмасорони он барои сайёҳон хеле ҷолиб буда, дар оянда метавонанд ба яке аз мавзеъҳои тамошобоб табдил ёбанд.
Пирони барнодил, ҷавонони ояндасози ин марзи аҷдодӣ бо рӯҳияи баланди миллӣ ва заҳмати софдилонаву аҳлонаи хеш бори дигар собит намуданд, ки онҳо қодиранд барои фарзандони худ ин гӯшаи таърихии диёрро ҳамчун мулки ободи абармардони Мастчоҳи куҳан, ки таърихан ободкору созанда ва табиатан шоиру тарбиятгар ҳастанд, ба мерос гузоранд.
Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат бо иқдомҳои тозаи бунёдкорӣ барои пешрафту ободии ноҳия, таъмини зиндагии шоистаи сокинон ва бо дастовардҳои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.
Дар охир ба ҳамаи шумо - ҳозирини муҳтарам ва тамоми сокинони ноҳия дар роҳи ноил шудан ба орзуву ниятҳои некатон саломативу сарбаландӣ, хонаи обод ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2019    №: 160-161    Мутолиа карданд: 3435
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед