logo

иқтисод

КАДУ ЗИРОАТИ ҒИЗОӢ, ТАБОБАТӢ ВА СЕРДАРОМАДИ ХОҶАГИДОРӢ

Каду ба авлоди Cucurbita, оилаи Кадугулон Cucurbitaceae мансуб аст. Дар минтақаҳои нисбатан гарму сероби ҷаҳон, аз  ҷумла Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, 27 навъи каду парвариш меёбад.

Аҳамияти ғизоӣ ва табобатии каду ба таркиби кимёии он вобаста аст. Дар таркиби кадуи истеъмолӣ 90,32 %  об, 9,68 %  модаҳои хушк, 1,1 % сафеда, 6,5 % карбогидридҳо, каротин, равған,  витаминҳои В1, В2, В6, В9, РР, С, макроэлементҳои К, Са, Mg, Р, микроэлементҳо, олтингӯгирд, хлор, оҳан, йод, кобалт, марганетс, фтор, синк ва дар тухмаш 48-50 % равған, 28 %  сафеда ва ба миқдори муайян як қатор макро – микроэлементҳо вуҷуд доранд, ки истеъмоли онҳо барои организми инсон ниҳоят зарур мебошанд. Кадуро дар тиб чун доруи киҷаран истифода мебаранд.
Зироати каду гармидӯст буда, бо фарорасии 13 - 14 дараҷаи гармии хок тухмаш сабзида, дар ҳарорати 25 - 30 дараҷа хуб афзоиш мекунад. Ҳосилнокии потенсиалии ин зироат аз ҳар гектар ба 25 - 30 тонна мерасад. Дар водиҳо кишти каду дар аввали моҳи апрел оғоз гардида, вобаста ба намудҳо ҳосилаш то охири моҳи июн пухта мерасад. Давраи пухтарасии навъҳои дерпази каду дар водиҳои салқин ва  минтақаҳои наздикӯҳию кӯҳӣ ба нимаи дуюми моҳи июл рост меояд.
Бо пешниҳоди олимони Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон навъҳои кадуи «Ленинободӣ», «Тара – Оддеский – 52» ва «Патиссон – Сафед -13» минтақабоб гардонда, барои кишт ба истеҳсолоти кишоварзӣ пешниҳод шудаанд.
Баробари ин, дар водию минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои маҳаллии маъмули каду, аз ҷумла  «Химчамиёни хуҷандӣ», «Палавкаду», «Ошкаду», «Саллакаду», «Сурхкаду», «Атласкаду» ва «Иродӣ», парвариш карда мешаванд. Ҳосили навъҳои пешпаз дар 80 - 90 рӯз ва навъҳои дерпаз дар 120 - 130 рӯз пухта мерасанд.
Аз ҳосили каду кадбонуҳои ҳунарманди мо таомҳои гуногун  - ширкаду, кадубирён, кадуи тафдонӣ, самбӯса, бурак, манту, шарбат мепазанд. Инчунин, кадуро дар дигар таомҳо, аз ҷумла шавлаю омоч, ҳамчун маводи иловагӣ истифода мебаранд, ки ин амал таъму лаззати хӯрокаро беҳтар мекунад. Аз каду мураббо, шарбат, сукатҳо (дар қандоб пухташуда) тайёр мекунанд, ки талабгорони зиёд доранд.
Каду бо назардошти муҳлати дарози нигоҳдориаш, серхаридор аст. Истеҳсоли ҳарчи зиёди ин зироатро аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва васеъ кардани майдони кишти он ба роҳ мондан мувофиқи мақсад аст.
Солҳои охир дар ҷумҳурӣ намудҳои ғайрианъанавии каду, ба монанди тара (кабачок) ва лаъликаду (патисон) парвариш карда мешаванд ва талабот ба онҳо сол ба сол зиёд шуда истодааст.
Тухми каду дар ҳолати бирёну хом чун маводи истеъмолӣ, мағзи он дар соҳаи қаннодӣ ва тиб васеъ истифода мешавад.
Дар кишвари мо баробари кадуи истеъмолӣ намудҳои дигари он - зарфкаду, дастмолкаду, лифкаду ва ғайра маъруфанд, ки мардум онҳоро дар зиндагии худ истифода мебаранд, хусусан дар деҳот обкадуро барои салқин нигоҳ доштани об ва лифкадуро барои шустушӯ.
Фосилаи байни ҷӯякҳои  зироати каду дар заминҳои обёришаванда 3,5 – 4 метр ва фосилаи доншинонӣ дар як ҷӯяк 0,7 - 1 метр мебошад. Меъёри кишти тухмӣ вобаста ба андозааш дар як гектар 3 - 4 килост. Донаи тухмӣ бояд дар чуқурии  7 - 8 см шинонда шавад.
Каду хоки ҳосилхез ва намнокро талаб мекунад. Ба як гектар майдони кишти он андохтани 40 - 50 тонна пору, 200 - 250 кило суперфосфат ва 100 -150 кило селитраи амиакӣ ҳосилнокиро баланд мекунад. Дар давраи нашъунамо киштзори кадуро ягона карда, байни қаторҳоро 2 - 3 маротиба нарм сохтан ва 6 - 7 маротиба об мондан зарур аст.

Турсунбой АХМЕДОВ,
академик, доктори илмҳои кишоварзӣ,
Нурмаҳмад КАМОЛОВ,
номзади илмҳои кишоварзӣ,
кормандони илмии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2019    №: 162    Мутолиа карданд: 2018
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед