фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ЧОЙ Ё ҚАҲВА. ЯК ТАДҚИҚОТИ АҶИБ
Шоҳи швед Густави III ақида дошт, ки истеъмоли қаҳва ба саломатии инсон зарари зиёд дорад. Ӯ ин фикрашро исбот карданӣ шуда, соли 1780 амр дод, ки озмоиши илмӣ гузаронанд. Бо ин мақсад ду ҷинояткоре, ки ҳабси якумрӣ гирифта буданд, интихоб шуданд. Давоми рӯз ба ҳар кадом се маротибагӣ, ба яке чой ва ба дигаре қаҳва медоданд. Мутаассифона, на худи шоҳ ва на пизишкон то анҷоми озмоиш назистанд. Маҳбусон бошанд, умри дароз диданд. Воқеан, дар синни 83- солагӣ ҳамоне даргузашт, ки пайваста чой менӯшид.
Таҳияи Мафтуна НУРИДДИН
ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.
Ҷамъоварии пул
Хонандагони як синф дар 7 моҳ 640 сомонию 1 дирам ҷамъ оварданд, то ба саёҳат, дидани ҷойҳои таърихӣ, бираванд. Агар миқдори пули ҷамъовардаи ҳар яке аз онҳо ба ҳамдигар баробар бошад, муайян кунед, ки дар синф чанд нафар хонанда мебошад ва ҳар моҳ ҳар яке аз онҳо чанд сомонӣ ҷамъ овардааст?
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
ИХТИРООТИ МАНФИАТОВАР
Ширкати «Biotrem» ба ҷои зарфҳои пластикӣ маҳсулоти нониеро пешниҳод намудааст, ки дар он хӯроки гармро низ истеъмол кардан мумкин аст. Аҷибаш ин аст, ки баъди истеъмоли хӯрок зарфро чун қуттии яхмоси нонӣ тановул кардан мумкин аст.
Ҳамин тавр, ширкати «HiBAR» ба ҷои шампуни моеъ навъи дурушти онро пешниҳод менамояд, ки аз собуни одӣ фарқе надорад. Дар натиҷа, зарфу бастаҳои зиёд сарфа мегарданду инсоният боз аз як «дарди сар» халос мешавад. Ширкати «EarthFokus» бошад, аэратори навъи наверо ихтироъ намуд, ки обро ба зарраҳои хурд тақсим намуда, пош медиҳад. Дар натиҷа, то 95 дарсади оби истифодашаванда сарфа мегардад.
Ба ҳама маълум аст, ки яке аз ҷойҳои чиркин соҳили баҳр мебошад. Донишҷӯёни Донишгоҳи Шербруки Канада ин мушкилиро ҳам ҳал карданд. Онҳо чангкашеро ихтироъ намудаанд, ки поруро аз реги лаби баҳр ҷудо мекунад.
Таҳияи М. ТАБАРӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Талейран
Вақте дар бораи сарвати гӯшношуниди Талейран (дипломат ва сиёсатмадори фаронсавӣ) суҳбат метафсид, як нафар боисрор гуфт:
- Чӣ ҷои тааҷҷуб аст? Талейран барои пул шуда, ҳамаро фурӯхт, ҳатто онҳоеро, ки худашро хеле гарон харида буданд.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзоди ҚУРБОНАЛӢ
1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Фурӯшандаи корчаллон
Дар майдони Потсдами Берлин, дар бозори куҳнафурӯшӣ Алӣ Акбари турки 50 - сола китобҳои қадимаи олмониро аз рӯи вазнашон нарх монда мефурӯхт. Китобҳои тунук 2 маркаву китобҳои ғафси муқоваашон зарҳалӣ аз 300 то 500 марка арзиш доштанд. Вақте ки аз ӯ пурсиданд дар кадом асос дар фурӯши китобҳо вазни онҳоро ба назар гирифтааст, турки айёр чунин посух дод: «Ман ин китобҳоро хонда наметавонам, умуман, намедонам, ки дар онҳо чиҳо навишта шудаанд. Пас, чӣ тавр дар бораи арзиши онҳо баҳо диҳам, агар вазн ва ҳаҷмашонро ба назар нагирам?»
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
ЧИПСИ
Баъзе таомҳо фавқулода ва бе назардошти номгӯи маҳсулот хеле болаззату хӯрданӣ тайёр мешаванд. Соли 1853 картошкабирёне, ки ҳоло бо номи «чипс» маъмул аст, аз ҷониби сарошпаз Ҷорҷ Крам дар тарабхонаи Мооns Lake Lodge - и Амрико ба таври ғйричашмдошт омода гардидааст. Заминдори калон Корнелиус Вандербилйт аз таоми дархостиаш, ки картошкаҳояш нисбатан ғафс бурида шуда буданд, нороҳатӣ карда, онро пас мегардонад. Ҷорҷ Крам тасмим мегирад адаби Корнелиусро диҳад. Ӯ картошкаҳои баргардондашударо хеле тунук бурида, баъдан ба он намак пошида, дар равғани муқаррарӣ бирён мекунад. Сарошпаз ба ин васила мехоҳад мизоҷи инҷиқашро боз ҳам нороҳат кунад. Аммо кор ранги дигар мегирад. Вандербилйт картошкабирёни пешниҳодшударо бо изҳори қаноатмандӣ истеъмол карда, ба ваҷд меояд. Баъдан, онро «Чипси Саратога» меноманд.Ҷорҷ Крам ҳеҷ гумон надошт, ки таоми қасдан омоданамудааш бо номи «чипси» маъмултарин хӯроки фармоишӣ мегардад.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
ОДАМИ БАҲРӢ
Ё ЧӢ ТАВР НИНИНГ 18 МОҲ ДАР УҚЁНУС ЗИНДА МОНД?
Мо дар дунёи ратсионалӣ зиндагӣ менамоем. Дар он гӯё ҳама чиз шарҳи мантиқии худро дорад. Вале ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки инсон дар тавзеҳи онҳо қудрат надорад. Яке аз чунин ҳодисаҳо таърихи зани индонезӣ Нининг Сунарсих буда метавонад.
Вақте ин зани 52 - сола дар қисмати ғарбии ҷазираи Ява истироҳат мекард, ногоҳ дар баҳр тӯфони шадид ба амал омад. Дар як дам соҳилро мавҷи бузурги об фаро гирифт ва зани бетолеъро бо худ ба баҳри кушод кашид. Ӯ фарёд мезад, ёрӣ мехост, аммо касе ҷуръати наздик шудан надошт.
Танҳо вақте ки офати табиӣ ором шуд, ҷустуҷӯи Нининг шурӯъ гардид. Ҳарчанд ёрирасонҳо ҷасади ӯро пайдо карда натавонистанд, ин ҳодиса идомаи фантастикӣ дошт.
Охирҳои моҳи июн амаки Нининг хобҳои аҷоибу ғароиб медидагӣ шуд. Дар хобҳояш Сунарсих хешовандони худ, аз ҷумла амакашро ба соҳили баҳр мехонд.
Индонезиҳо мардуми басо хурофотпарастанд. Ба ин хотир, мард хобҳои дидаашро ба хешовандон нақл кард. Онҳо тасмим гирифтанд, ки ҳарчанд аз байн яку ним сол гузашта бошад ҳам, ба ҳамон фароғатгоҳи ғарбии Ява бираванд. Ҷустуҷӯи рӯзи аввал бенатиҷа анҷом ёфт, вале дар рӯзи дувум муъҷиза рӯй дод. Нинингро дар ҳамон ҷойи ғарқшуда бо либоси дар тан доштааш пайдо карданд, ки беҳуш мехобид. Ӯро ба наздиктарин бемористон оварданд. Табибон хабар доданд, ки ҳолати зан хеле вазнин аст, аммо зинда хоҳад монд. Воқеан 18 моҳ ба ӯ чӣ шуд ва ин муддат вай дар куҷо буд, танҳо пас аз ба худ омадан шояд нақл кунад.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ, тарҷума аз русӣ
ТАЪРИХИ МУХТАСАРИ ШОҲМОТИ ТОҶИК
Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон (ФШТ) соли 1992 ташкил ва ҳамон сол узви Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) гардид. Дастаи мардонаи мунтахаби Тоҷикистон соли 1994 дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Москва иштирок кард. Ҳамон сол Фаррух Амонатов чемпиони Осиё байни ҷавонон шуд.
Соли 1998 дар таърихи кишвар бори нахуст Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он Магеррам Муҳаммадов, дастпарвари мактаби шоҳмоти тоҷик, ғолиб омад ва ба ӯ унвони гроссмейстери байналмилалӣ дода шуд. Анвар Назаров бошад, дар ин мусобиқа меъёри устоди байналмилалиро иҷро намуд. Соли 2001 Ҷамшед Исоев устоди байналмилалӣ шуд, соли 2002 Фаррух Амонатов дар Олимпиадаи байналмилалии шоҳмот дар Словения ба дараҷаи гроссмейстери байналмилалӣ расид. Соли 2004 бори нахуст дастаи занонаи мунтахаби Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии шоҳмот дар Испания ширкат варзид.
Соиб Ҷӯраев соли 2008 меъёри устоди ФИДЕ - ро иҷро карда, соли 2010 ба Надежда Антонова унвони Устоди ФИДЕ дар байни занҳо дода шуд. Соли 2013 шоҳмотбози исфарагӣ Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев унвони устоди байналмилалии ФИДЕ - ро ба даст овард.
Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев дар Чемпионати минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканд гузашт, зинаи дуюмро гирифт.
Шоҳмотбози тоҷик Мутриба Ҳотамӣ дар Чемпионати Осиё байни ҷавонон аз рӯи блитс медали биринҷиро соҳиб гашт. Соли 2007 Икром Иброҳимов дар Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот дар байни ҷавонон ҷои сеюмро ишғол намуд. Айни замон ӯ дар академияи шоҳмоти шаҳри Ню - Йорк ҳамчун мураббӣ кор мекунад.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ
ҶАЗИРА - ОСОРХОНА
Ҷазираи Вилгелмштейн дар кӯли Стейнхудер Мир (шимолу шарқии Олмон) ҷой гирифтааст. Он ҳангоми амалиёти ҳарбӣ бунёд ёфта буд.
Дюк Вилгелм Шаумбург – Липпе (1724 - 1777) дар он барои ҳимояи кишвараш истеҳком сохт.
Ҷазираи сунъӣ иборат аз тӯдаи сангҳое мебошад, ки моҳигирон бо заврақҳояшон овардаанд. Истеҳком аввал аз 16 ҷазираи алоҳида иборат буд, баъдтар онҳоро якҷо намуданд. Вилгелм дар он коллеҷи ҳарбӣ ҳам таъсис дод.
Вақте ки соли 1787 ҷазира аз ҷониби герсог Ҳессен - Кассел муҳосира шуд, бошандагонаш мардонавор истодагарӣ карда, онро ҳифз намуданд. Имрӯз он ба осорхона табдил ёфтааст.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
АЗ ОЛАМИ АҶИБИ ҲАЙВОНОТ
3. Уқоби тоҷдор
Байни парандаҳо уқоби тоҷдор дарандатарин маҳсуб мешавад. Он парандаи тезчангол буда, метавонад туъмаи чор маротиба аз худаш вазнинро бардорад. Ин ҳам бошад, ба шарофати чанголи сахту тезаш мебошад. Уқоби тоҷдор ҳайвоноти хурди сумдорро низ шикор мекунад.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
АСБОБҲОИ НОДИРИ МУСИҚӢ
1. СТОЛАКТИТ
Асбоби мусиқӣ дар ғор
Соли 1957 олими риёзидони амрикоӣ Лиланд Спринкл, ки дар Пентагон адои хизмат менамуд, асбоби мусиқие офарид, ки дар олам такрорнашаванда боқӣ мемонад. Арғунун - столактит калонтарин сози мусиқии олам ба шумор меравад ва аз сангу ноқилҳои барқӣ омода гардидааст. Столактитҳо (шӯшаи оҳакии сақфи ғор), ки тӯли 14 километр ғорро пӯшондаанд, аз бархӯрди байниҳамдигарӣ садои ғайриодие мебароранд. Он дар қаъри ғори Лурейскии музофоти Вирҷинияи ИМА ҷойгир аст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Марк Твен
Марк Твен, пас аз мутолиа, вақте дастхатҳои як муаллифи ҷавонро бармегардонад, андешаҳояшро дар поварақ чунин менависад: «Дӯсти азиз! Духтурони номдор барои одамоне, ки меҳнати фикрӣ доранд, хӯрдани моҳиро тавсия медиҳанд. Ба гуфти онҳо, гӯшти ин ҷонвар майнаи сарро бо фосфор таъмин карда, фикррониро сайқал медиҳад. Дастхатҳои шуморо хонда, ба чунин хулоса омадам, ки агар ҳамаи ҳунаратон ҳамин бошад, бояд дар таомномаи ҳаррӯзаатон хӯрдани ду китбача ҳатман илова карда шавад».
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ
ФУТБОЛ. РЕКОРДИ НАВИ ҶАҲОНӢ
Футболбози 42 – солаи Уругвайи Себастян Абреу 11 июли соли ҷорӣ бо бастани шартнома ва гузаришаш ба бошгоҳи «Бостон Ривер» - и Уругвай рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Ин 33 – юмин гузариши ӯ дар тӯли фаъолияти касбиаш ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр, рекорди ҷаҳониро, ки ним сол пеш худаш гузошта буд, боз такмил дод.
Себастян фаъолияти касбиашро аз синни 20 – солагӣ оғоз карда, дар 33 бошгоҳи 11 мамлакати дунё бозӣ кардааст. «Гремио» (Бразилия), «Насионал» (Уругвай), «Ривер Плейт» (Аргентина), «Реал Сосйедад» - и (Испания) аз маъруфтарини он бошгоҳҳо маҳсуб мешаванд. Бо вуҷуди муваффақият ӯ дар ин клубҳо бештар аз ду сол бозӣ накардааст.
Дар ҳайати дастаи Уругвай 70 бозӣ анҷом дода, ба задани 26 гол муваффақ шудааст. Дар маҷмӯъ, дар 33 бошгоҳ 272 бозӣ анҷом дода, 101 гол ба самар расондааст.
Пас аз шиносоӣ бо шарҳи ҳоли Себастян як савол ба миён меояд. Чаро ӯ зуд – зуд аз як бошгоҳ ба бошгоҳи дигар мегузарад. Худи футболбоз инро шарҳ намедиҳад. Вале он ҷое, ки трансфер аст, фоида ҳам барои футболбоз ва ҳам барои агент вуҷуд дорад. Эҳтимол ана дар ҳамин маҳфуз аст, сирри, ин бозигари ғайридоимӣ.
Тибқи маълумоти «Трансфермаркта» даромади умумии бошгоҳҳо аз фурӯши Абреу ва маблағи ба ӯ марбут 14,4 миллион евроро ташкил медиҳад.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
МЕҲМОНХОНАИ 1300 - СОЛА
Соли 705 Фуҷивара Маҳито, сарвари вақти Ҷопон, меҳмонхонаи «Нишияма Онсен Кейункан» - ро бунёд намуд. 1300 сол боз он фаъол аст. Соли 2011 расман ба «Китоби рекордҳои Гиннес» ҳамчун қадимтарин меҳмонхона дохил шуд.
Меҳмонхона ҳоло аз ҷониби 52-юмин насли муассисон идора карда мешавад.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
ГЕНЕГО ЗЕБОТАРИН МЕҲМОНХОНА
Усули нави сохтмони биноҳои зеборо дар Фаронса меъмор Никола Франсуа Мансар (1598 – 1666) дар асри XVII асос гузоштааст. Намунаи барҷастаи эҷоди ӯ меҳмонхонаи «Генего» (Hotel de Guenegaud) мебошад, ки солҳои 1651 – 1655 дар шаҳри Париж бунёд шуд.
Қаср шаклан ба ҳарфи «П» монанд аст. Қабатҳои бино ба қисмҳои алоҳида ҷудо мешаванд. Ҳамчунин, аз болои боми он манзари барҳавое намудор мегардад.
Симои иморат намунаи равшани унсурҳои классикиро бозгӯ мекунад. Беруни он гачкорӣ шуда, гирдогирдаш бо равзанаҳои садоногузар оро ёфтааст.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
МУҶАССАМАИ ЧАРОҒАК
Лондон бо чароғакҳои худ машҳур аст. Сокинони шаҳр пеш аз убури роҳ ҳатман сар бардошта «фармон» - ашро интизор мешаванд.
- Чароғакҳо як ҷузъи зиндагиамон гаштаанд, ҳатто дар хобамон медароянд, - хандида мегӯянд бошандагони ин зебошаҳр.
Аз рӯи муҳаббаташон дар Лондон муҷассамаи чароғакҳоро сохтаанд. Барои он ки гумон набаранд, ин муҷассама чароғаки воқеӣ аст, онро дар маркази боғ сохтаанд.
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД
34 000 ДОЛЛАР –ҚИМАТИ НОМАИ НОРАСИДА
11 апрели соли 1912 табиб Ҷон Эдвард Симпсон ба модараш, ки дар шаҳри Белфат зиндагӣ мекард, нома навишта чунин хабар дод: «Модар, ман дар киштии бузурги «Титаник» кори хуб пайдо намудам».
Баъди чанд рӯз Ҷон дар қатори даҳҳо нафари дигар бар асари фоҷиаи «Титаник» ҳалок шуд.
Пас аз 100 сол мактубе, ки ҳанӯз ба соҳибаш нарасида буд, дар як музоядаи шаҳри Ню - Йорк ба фурӯш гузошта шуд. Мактубро аз миёни иштирокдорони ҳайратзада нафаре бо қимати 34 000 доллари амрикоӣ харид.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ВАРЗИШГОҲ БАРОИ 52 000 ТАМОШОБИН
«Estadio BBVA Bancomer» чунин ном дорад варзишгоҳе, ки дар шаҳри Монтерреи Мексика сохта шудааст. Он таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Варзишгоҳи мазкур зери доманакӯҳҳои Серра - де - ла - Силяи бо тарҳи наву замонавӣ барои 52 000 нафар бунёд гардидааст. Ин варзишгоҳ дар оғӯши табиати зебо ҷойгир аст. Мухлисон баробари баҳравар шудан аз бозии футбол, ҳамзамон, аз тамошои манзараҳои дилкашу хуштаровати ин мавзеъ ҳаловат мебаранд. Варзишгоҳ соли 2015 беҳтарин варзишгоҳи сол эълон гардид.
Таҳияи Анвар ҲАФИЗОВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.08.2019 №: 162 Мутолиа карданд: 2450